Аввали моҳи март китоби нави профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим бо номи «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» дар нашриёти «Озар» аз чоп баромад.
Дастури таълимӣ аз 152 саҳифа иборат буда, он ба ба нақши давлат дар иқтисодиёти муосир, функсияҳои иқтисодии давлат, таҳия, баррасӣ ва қабули буҷаи давлатӣ бахшида шудааст.
Ҳамчунин дар дастур дар бораи даромаду хароҷоти буҷа, назорати молиявӣ ва ғайра метавон маълумот гирифт. Муаллиф барои аёнияти мавзӯъҳои баррасишаванда аз матбуоти тоҷик мисолҳои мушаххас овардааст.
Китоби мазкур барои донишҷӯёни шуъбаву факултаҳои журналистика, ки дар мавзӯи буҷаи давлатӣ мавод менависанд, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин аз он донишҷуёни факултаҳои иқтисодӣ низ метавонанд истифода баранд.
http://www.news.tj/tj/news/nashri-dasturi-talim-baroi-zhurnalistoni-avon