Маҷмааи давлатии табъу нашри “Шарқи озод” арзиши хидматрасонии комуналии худро 18% боло бурдааст.
Абдуқодир Қаландаров, сармуҳосиби ин маҷмаа дар тасдиқи ин хабар гуфт, ки “аз соли 2011 ба ин сӯ бори аввал нархро боло мебардорем. Ин ҳам ба сабаби гарон шудани арзиши нерӯи барқ, об ва дигар хидматрасониҳои комуналӣ мебошад”.
Дар Маҷмаии давлатии табъу нашри “Шарқи Озод” 56 идора ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иҷора нишастаанд, ки ҳудуди 80 дарсади он идораҳои расонаҳои чопии мустақил ва ҳукуматӣ мебошанд.
Пеш аз ин гуфта мешуд, ки Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нархи иҷораи утоқҳои “Шарқи озод”-ро чандин маротиба бештар мекунад. Аммо Анвар Наҷмиддинзода, як масъули Кумита аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард.
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва раиси Медиа холдинги “Чархи гардун” мегӯяд, ки то ҳол аз ҷониби ин Кумита дар бораи гарон шудани нархи иҷора ҳеч огоҳие дарёфт накардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, табиист, ки ҳар сол нархи иҷора ва хидматрасониҳо боло бардошта мешаванд, вале агар нархи иҷора аз тавони молии онҳо бештар муайян шавад, маҷбуранд, барои худ ҷои дигар ёбанд.
http://tojnews.tj/tj/news/narhi-ichora-va-hidmatrasonikho-dar-sharki-ozod-garon-meshavad