Дар шаҳри Душанбе зимни мизи мудаввар, мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот баррасӣ гардид. Ширкаткунандагони нишаст аз созмондиҳандагони чорабинӣ “дархостҳои электронӣ” пешниҳод карданд.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), 13-уми июни соли 2014 оид ба “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ” мизи гирд баргузор намуд.
Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти қудратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон зимни суханрониаш иброз дошт, ки мақсади асосии чорабинӣ ин фароҳам овардани замина барои муколамаи озод миёни ҷомеаи журналистӣ ва мақомоти давлатӣ мебошад, ки дар самти дастрасӣ ба иттилоот равона карда шудааст. Ӯ вобаста ба “дархостҳои электронӣ”, ки аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод карда шуд, чунин баён кард:
“Аслан меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чизро манъ накардааст, балки тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, дархостҳои электронӣ низ ҳамчун дархост эътироф карда мешаванд”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дастрасӣ ба иттилоот як мушкилоти умда барои ҷомеаи журналистӣ гаштааст. Вале Нуриддин Қаршибоев такя ба гуфтаҳои намояндагони ниҳодҳои қудратӣ карда гуфт, баъзе аз ин идораҳо ба воситаи почтаи электронӣ дархост қабул намуда, ба он посух мегардонанд. Ҳоло барои истифода намудани почтаи электронӣ ва тариқи он посух гуфтан ба низоми ҳар як ниҳоди қудративу давлатӣ вобастагӣ дорад, – мегӯяд намояндаи АМВАОМТ. Бояд қайд кард, ки аз рӯи натиҷагирии пурсиши АМВАОМТ, ҳамагӣ ду журналист вобаста ба дархости электронӣ иттилоъ додаанд.
-Эродҳо вобаста ба фаъол набудани баъзе аз сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ зиёд шудаанд. Барои беҳтар намудани ин сатҳи фаъолияти сомонаҳо бояд аз ҷониби роҳбарияти мақомот чораҳо андешида шавад,-мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.
http://matrix-tv.tj/nansmit-baze-az-somonahoi-internetii-maqomoti-davlatjj-faol-nest/