Намояндагони Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикисон (АМВАОМТ) дар идораи рўзномаи «Хуросн»-и ноҳияи Хуросон имрӯз 21 апрели соли равон ба хабарнигорони ҳафтаномаи “Хуросон”-и ноҳияи Хуросон машварати ҳуқуқӣ барпо намуда, дар мавриди ҳуқуқҳои журналистон суҳбат анҷом додаанд.
Тавре аз сўҳбат бо журналистон маълум гашт, дар баъзе мавридҳо як зумра роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ба дархости журналистон дар бораи дастрас намудани ахбори аҳамияти иҷтимоидошта мушкил эҷод менамоянд. Бинобар ҳамин, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ ба журналистон фаҳмонд, ки онҳо тибқи моддаҳои 23 ва 28 Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти аҳамияти иҷтимоидошта ва ҷусутҷў ва паҳн намудани иттилоотро доро мебошанд.
Наҷмиддин Хидиралиев, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуросон” бобати машварати ҳуқуқии ройгони намояндагони АМВАОМТ дар Хатлон изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро барои журналистони рўзнома нафъовар арзёбӣ намуд.
Хабарнигори АМВАОМТ