Шӯрои адлияи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, баъзе аз мурофиаҳои судиро тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба намоиш гузорад.
Дар ин бора Зафар Азиов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бинобар гуфтаи манбаъ, тасмими мазкур пеш аз ҳама ба хотири баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии мардуми кишвар гирифта шудааст.
Дар Шӯрои адлияи Тоҷиистон мегӯянд, ба чунин хулоса баъди ҳодисаҳои ҳамла ба судяҳо дар шаҳрҳои Исфараи вилояти Суғд ва Хоруғ, маркази вилояти мухтори куҳистони Бадахшон омадаанд.
Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон гуфт, изҳори норизоӣ аз фаъолияти судяҳо ва ҳодисаҳои ҳамла ба судяҳо нишони надоштани дониши ҳуқуқӣ аст.
Ёдрас мешавем, ки дар ду соли ахир чанд ҳолати ҳамла ва латукӯб нисбати масъулини мақомоти судӣ ва прокуратура дар шарқи мамлакат ба қайд гирифта шуда буданд, ки дар нишасти ахири матбуотияш Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар иртибот ба амалиёти махсуси низомӣ дар Бадахшон ишора кард.