Баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр маъмурони пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории «Озодагон»-ро боздошт ва баъдан эълом карданд, ки ӯро барои ҳафт рӯз ҳабс кардаанд.
Оқои Шукуров замоне боздошт шуд, ки таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири саршиносро дар наздикии боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, маҳалли баргузории ҷаласаи додгоҳи оқои Саидов филмбардорӣ мекард.
Маъмурони пулис рӯзи панҷшанбе ӯро ба иттиҳоми «вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ» ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима ва сипас озод карданд. Дар бораи ин амали мақомоти интизомӣ бо чанде аз хабарнигорони ҳафтаномаҳо ва расонаҳои мухталифи Тоҷикистон суҳбат кардем:
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus”:
«Агар боздошти ин филмбардори хабаргузории “Озодагон” ба далели сабт ва наворбардорӣ дар наздикии сохтмонҳое мисли боздоштгоҳ ва зиндонҳо, ки гуфта мешавад мамнӯъ аст, сурат гирифта бошад, дар ин сурат низ аз нигоҳи ман мақомоти пулис набояд бо тундӣ ва дуруштӣ бо ин хабарнигор рафтор мекарданд.
Дар ҳоле ки ин хабарнигорро бо як шеваи хашин боздошт ва латукӯб карданд ва ба муддати ҳафт рӯз аз озодӣ маҳрум карданд, ин бори дигар аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳо дар кишвар далолат мекунад.
Агар дар гузашта шаҳрвандони одиро бо равишҳои ғайриқонунӣ боздошт мекарданд, ҳоло дигар рӯзноманигоронро низ ба ҳар роҳу равише, ки хоҳанд, боздошт мекунанд. Қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хабаргузории “Озодагон” дар як назарпурсӣ аз ман суол карда буданд, ки пас аз интихобот мақомот бо рӯзноманигорон чи гуна муносибат хоҳанд кард?
Посухи ман ба ин суол чунин буд, ки озодиии баён маҳдуд хоҳад шуд ва ҳоло мебинем, ки ин маҳдудсозии фаъъолияти рӯзноманигорон шурӯъ шуда, дар ҷамъи чандин хабарнигори расонаҳои мухталиф васоили сабт ва филмбардории як расонаро аз дасташ гирифта, иҷборан савори мошини пулис карда ба идораи пулис мебаранд.»
Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори “Фараж”:
«Мақомоти интизомӣ бо ин рафтори худ боз як бори дигар нишон доданд, ки онҳо аз хабарнигорон ҳеҷ тарсу ҳаросе надоранд. Агар дар гузаштаҳо хабарнигорон ба муқобили боздошти ғайриқонунии шаҳрвандон аз ҷониби пулис овоз баланд мекарданд ва аз онҳо дифоъ мекарданд, имрӯз худи хабарнигорон мавриди боздошт ва шиканҷа қарор мегиранд.
Пешниҳоди ман ин аст, ки хабарнигорони расонаҳои мухталифи кишвар ҳамбастагии худро нишон диҳанд ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ рафта, озодии ҳамкасби худро талаб кунем. Агар дар кишварҳои дигар барои озор додани ҳайвон метавонанд ба додгоҳ бикашанд ва муҷозот кунанд, мардумони мо ба андозаи як саг ё гурба қадр надоранд.
Дар ҳоле ки ин филмбардор дошт вазифаи худро анҷом медод ва бо кормандони пулис даъвое накард ва душному ҳақорат низ онҳоро накард. Далели ҳафт рӯз ҳабс кардани ин филмбардор низ он аст, ки дар ин муддат захмҳои аз зарбу лати кормандони пулис бардоштааш сиҳат шавад.
Агар хабарнигорон имрӯз хомӯширо ихтиёр кунанд, пас аз ин ноъадолатиҳои аз ин бадтар бар сари мо хоҳад омад, ки дигар аслан ҷое сухан карда наметавонем. Дар ҳамин ҳолат бояд хабарнигорон ҳамбастагии худро нишон диҳем ва аз озодии баён дар кишвари худ дифоъ кунем.»
Фарангиси Музаффар, хабарнигори “Фараж”:
«Қабл аз ҳама боздошт ва ҳабси филмбардори “Озодагон”, аз нигоҳи ман, ношӣ надонистани бандҳои қонуни асосии кишвар аз ҷониби кормандони пулис аст.
Танҳо бо як ҳарф инҷо аксбардорӣ ва ё филмбардорӣ накунед, дар ҳоле ки ҳатто намепурсанд, ки ин шаҳрванде, ки аккосӣ ва ё филмбардорӣ мекунад, кист, хабарнигор аст ва ё аз наздикони Зайд Саидов аст ва ё як раҳгузар.
Бояд кормандони сохторҳои қудратӣ донанд, ки хабарнигорон тибқи қавонини кишвар аз чи ҳуқуқе бархурдоранд ва набояд садди роҳи кори онҳо шаванд.»
Саёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР”:
«Мақомоти қудратие, ки дирӯз филмбардори “Озодагон”-ро боздошт карданд, хилофи бандҳои Қонуни асосӣ дар бораи матбӯъот ва расонаҳо амал карданд ва муҳиммтар аз ҳама, хилофи қонуни ҷиноии Тоҷикистон амал карданд, ки дар ин қавонин гуфта шудааст, ки садгузорӣ барои фаъъолияти рӯзноманигор масъулияти ҷиноӣ дорад. Ҳоло агар хабарнигорон садди роҳи кормандони пулис ва ё идораи оташнишонӣ мешуданд, бо ин хабарнигорон чи мекарданд?!
Ман фикр мекунам, ки кормандони пулис бояд барои садгузорӣ дар фаъъолияти хабарнигорон, ки тибқи банди 262-и қонуни ҷиноии кишвар барои ин кор то ду сол аз озодӣ маҳрум кардан муқаррар карда шудааст, муҷозот шаванд. Коре, ки онҳо нисбат ба як хабарнигор карданд, обрӯи Тоҷикистонро пойин бурд.
Дар ҳеҷ ҳолат мақомоти кишвар, на пулис ва на додгоҳу додгустарӣ, наметавонанд садди кори хабарнигорон шааанд ва ҳуқуқи обрӯи кишварро дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ паст заданро ҳам надоранд. Бо ин кор онҳо на танҳо хабарнигоронро наметарсонанд, балки мо хабарнигорон боз ҳам муттаҳидтар мешавем.
Дар тӯли 22 соли истиқлоли Тоҷикистон рӯзноманигории тоҷик ба муқобили (тахаллуфоти) мақомоти қудратӣ истодагарӣ кард ва дар лаҳзаҳои душвортарин, ки 74 рӯзноманигорро дар Тоҷикистон низомиёну силоҳбадастон куштанд, мо ақабнишинӣ накардем. Ва агар имрӯз мо аз ин фишори саридастии мақомот ҳарос дошта бошем, пас мо назди рӯҳу равони он 74 нафар кушташуда худро гунаҳкор меҳисобем.»
Субҳон Ҷалилов, муҷрии родиюи “Ватан”:
«Мо қариб, ки ҳамарӯза дар барномаҳои телевизиюнҳои ҷаҳон ва шабакаи ҷаҳонии интернет хабарнигоронеро мебинем, ки аз маҳалли ҷангу муноқишаҳо гузориш медиҳанд ва ин аст кори хабарнигор. Мақомоти қудратӣ набояд садди роҳи хабарнигорон шаванд, балки бояд ба хабарнигорон кумак кунанд, зеро рисолати онҳо иттилоърасонӣ аст аз маҳалли ҳодиса.
Ҳоло ман намедонам, ки тибқи қавонини кишвар филмбардорӣ дар наздикии маҳбасхона хилофи қонун аст ва ё хайр. Ҳоло агар мувофиқи қонун филмбардорӣ дар назди маҳбасхонаҳо мамнӯъ бошад, шояд боздошт ва ба муддати ҳафт рӯз аз озодӣ маҳрум кардани як филмбардор қонунӣ бошад.
Аммо субҳи имрӯз 26 декабр аксари расонаҳои хабарии ҷаҳон аз боздошти ин филмбардори тоҷик, ки дар ҳангоми иҷрои вазифааш аз ҷониби пулис боздошт шуд, гузоришҳое пахш карданд ва ин амали мақомоти пулиси Тоҷикистонро ғайриқонунӣ унвон карданд.
Ин амали мақомоти қудратӣ ба озодии баён дар кишвар латма ворид мекунад ва раванди демукросӣ дар кишварро хадшадор карда ва ҳокимияти қонунро зери суол мебарад.»
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/12/131226_zm_interview.shtml