Ирмӯз 11 июн кормандони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо кормандони ҳафтаномаи “Набзи Қурғонтеппа” дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот, таъбу нашр ва қонунҳои амаликунада дар бораи Воситаҳои Ахбори Омма суҳбат намуданд.
Инчунин хабарнигорони ин ҳафтанома аз ҳуқуқшиноси АМВАОМТ дар Хатлон дар мавриди мушкилоти нашри хабарҳо дар ҳафтанома, ки гоҳо пеш аз нашр аз назари масъулини ҳукумат мегузарад суҳбат карданд.
Ҳафтаномаи “Набзи Қурғонтеппа” яке аз қадимтарин ҳафтаномаҳо дар водии Вахш аст, ки дар замони Шӯравӣ “Ҳақиқати Қурғонтеппа” ном дошт ва даҳҳо хабарнигорони маъруфи кишвар аз ин ҳафтаномаи он замон бо нуфуз ба фаъолияти касбии худ шуруъ кардаанд. Ҳоло дар ҳафтанома хабару гузоришҳо аз ҳудуди шаҳр, қарору фармонҳои шаҳрдорӣ нашр шуда дар он 6 хабарнигор фаъолият менамоянд.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ