Имрӯз, 25-уми декабри соли 2014 дар Хадамоти муҳоҷират дар мавзӯи «Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии муҳоҷират ва фарҳанги он» семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар ин бора аз хадамоти мазкур иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъ, дар семинари мазкур намояндагони 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, рӯзноманигорон ва коршиносони соҳаи муҳоҷират, намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, инчунин кормандони ХМ иштирок намуданд».
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории семинар — тарғибу ташвиқи қонунгузориҳои ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва инъикоси дурусти хабару мақолаҳо дар ВАО доир ба масъалаҳои муҳоҷират, бештар фаро гирифтани ҷавонон бо иттилоот, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни расонаҳо бо Хадамоти муҳоҷират мебошад.