Нақши Бег Зуҳуров ва Зариф Ализода дар озодии баён

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронкунанда унвон кард.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 7-уми январ гузориши солонаи худро нашр кард, мегӯяд, ҳарчанд дар соли 2013 мавридҳои нақзи қонунгузории матбуот наафзудаанд, дар иваз равандҳои назарраси маҳдуд кардани фаъолияти рӯзноманигорону расонаҳо ва сарчашмаҳои алтернативии ахбор барои ҷомиа мушоҳида шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» дар шарҳи ин гузориш гуфт: «Яке аз равандҳое, ки дар соли 2013 мушоҳида шуд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва сарчашмаҳои алтернативии ахбор буд. Сарфи назар аз кӯшишҳои созмонҳои рӯзноманигорӣ дар мавриди ҳалли мушкил дар чаҳорчӯби қонун Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ин иқдомҳо даст мезанад ва ҷомиа аз дастрасӣ ба сарчашмаи алтернативии ахбор маҳрум мемонад.»

Соли 2013 бо дастури раҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бек Зуҳуров, ки аз сӯи ваколатдори ҳуқуқи кишвар Зариф Ализода низ нақзи ҳуқуқ унвон шуд, дастрасӣ ба сомонаҳои Facebook, www.ozodi.org, www.news.tj, www.tojnews.tj ва ғайра маҳдуд шуд.

Бино ба гузориши НАНСМИТ, соли 2013 теъдоди парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурии марбут ба хабарнигорон ва расонаҳо афзуда, ба 9 адад расид ва як парванда ҷиноии низ дар миён буд. Қариб дар ҳамаи ин ҳолатҳо ин парвандаҳо бар зарари расонаҳо ва хабарнигорон поён ёфтаанд. Аз ҷумла додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даъвои Рустам Ҳукумовро дуруст шуморида, рӯзномаи«ИмрӯзNews» — ро барои ҷуброни зарари маънавӣ 50 ҳазор сомонӣ кард.

Хабарнигори агентии «Тоjnews» Амруллоҳи Низомро додгоҳи  ноҳияи Шоҳмансур бо ҷурми «майдаавбошӣ»  280 сомонӣ ҷарима баст. Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабарнигори ТВ «Ҷаҳоноро» Мӯъмин Воҳидовро барои қонунвайронкунии маъмурӣ ба пардохти 400 сомонӣ муваззаф кард. Додгоҳи иқтисодӣ баҳси вакили дифоъ Файзинисо Воҳидоваву «ИмрӯзNews» бо ширкати «Тоҷирон»-ро ба нафъи ахирӣ анҷом дода, аввалиҳоро ба пардохти 30 ҳазору 1 сомонӣ ҷарима баст.

Ягона парвандаи ҷиноӣ бо ширкати Маҳмадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» буд, ки ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешуд. Рӯзноманигор ба 11 соли ҳабс дар зиндони низомаш шадид маҳкум шуд ва ҳам пас аз адои ҳукм 3 соли дигар ҳақ надорад, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул шавад.

Ду мавриди ҳамла ба рӯзноманигорон низ дар соли 2013 иттифоқ афтодааст. Моҳи феврали соли 2013 сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдураҳим Умаров аз сӯи афроди номаълум мавриди латукӯб қарор гирифт.  Ҳамчунин наворбардори агентии “Озодагон” Абдураҳим Шукуров моҳи декабр аз сӯи кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ боздошт ва латукӯб шуд ва ҳам якуним рӯз дар боздоштгоҳ ба сар бурд.

Аммо Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, бастани сомонаҳо, маҳдуд кардани ахбори алтернативӣ, қазияҳои зиёди додгоҳӣ, радди сабти шаҳодатномаи рӯзноманигорӣ, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва даъвати рӯзноманигорон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба интихоботи президентии моҳи ноябр низ рабт дошта метавонад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳрири нави қонуни матбуотро имзо кард.

Бино ба мониторинги НАНСМИТ, ки бо пуштибонии Бунёди миллии дастгирии демократия (NED, ИМА) мавридҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, дар соли 2013 ин ниҳод дар маҷмӯъ дар бораи поймол шудани ҳуқуқи хабарнигорон 276 иттилоъ ё шикоят гирифтааст.

http://www.ozodi.org/content/nansmit—reported-about-276-cases-of-press-freedom-violation-in-2013/25222834.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *