Мухтор Абдуллоев сармуҳаррири «Ҳақиқати Суғд» таъин шуд

Мухтор Абдуллоев сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» таъин шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин таъинот бо қарори роҳбарияти вилоят сурат гирифт.

Мухтор Абдуллоев 18 январи соли 1967 дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Русия аз рӯи ихтисоси журналистика мебошад.

«Мухтор Абдуллоев солҳои 1991-1999 ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», солҳои 1999-2010 хабарнигори махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, солҳои 2010-2014 дар вазифаи роҳбари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, мудири бахши котиботи раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст» — менависад манбаъ.

Мухтор Абдуллоев аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, муаллифи китобҳои «Лолаи хуршед», «Атияи умр» ва «Рӯ ба рӯ бо мардум» таълиф мебошад.

То таъин шудани Мухтор Абдуллоев сармуҳарририи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»-ро Карими Шариф бар ӯҳда дошт.

http://faraj.tj/news/7065-muhtor-abdulloev-sarmu1203arriri-1202a1179i1179ati-su1171d-tain-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *