«Мусичаи бегуноҳ»-и Ховалинг

Мудири бахши зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Гулҷаҳон Сафарова, ки дарлатукӯби сармуҳаррири газетаи «Ҳақиқати Ховалинг» Назарова Мавлуда ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ мутаҳҳам дониста мешавад, дар ҷаласаи судӣ, ки таҳти раёсати раиси суди ноҳияи Ховалинг Раҳмонзода Шариф Файз баргузор шудааст, худро гунаҳгор наҳисобидааст.

Мувофиқи иттилои дастрасшуда ҳоло ин парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи суд барои бартараф кардани камбудиҳо ба тафтиши иловагӣ баргардонида шудааст.

Гуфта мешавад, Гулҷаҳон Сафарова аз раиси ноҳияи Ховалинг Мирзозода Нурулло Абдулҳай хаттӣ дархост намуда будааст, ки ӯро ба рухсатии меҳнатӣ ҷавоб диҳанд, аммо баъди ҷавоби рад гирифтан, ӯ тариқи беморхат, ки гӯё бемор бошад, ба кор набаромадааст. Тахминан аз 10.11.2017 то 30.11.2017 дар кор набудааст ва эълон доштааст, ки аз болои журналист ва сармуҳаррири газета дар суд ғалаба кардааст. Дар асл, ҳоло ин парванда дар истеҳсолот буда, сухани охирро бояд прокурор ва суди ноҳияи Ховалинг гӯянд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/15586-musichai-beguno-i-khovaling.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *