Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 15 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод.Вай гуфт, ки ба асоси тафовуқоти руасои ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мавриди таъсиси телевизиюни муштараки ин се кишвар ҷониби Эрон вазифаи харидории таҷҳизот барои ин телевизиюн ва ҳамли он ба шаҳри Душанберо ба ӯҳда дорад.
Оқои Раҳмонов гуфт, ки дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар нашрияҳо ва расонаҳои Тоҷикистон дар бораи вориди шудани чунин таҷҳизот ба Тоҷикистон хабарҳо пахш шуда буд, ки воқеъият надорад.
Ин дар ҳолест, ки Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи гузашта дар бораи харидорӣ шудани таҷҳизоти фаннӣ барои телевизиюни муштараки форсизабонҳо аз Олмон ва ҳамли ин таҷҳизот ба шаҳри Душанбе хабар дода буд.
Оқои Шеърдӯст таъкид дошт, ки ба ин тартиб ҷониби Эрон таъаҳҳудоти худ барои таъсиси телевизиюни муштараки форсизабонҳоро иҷро кардааст.
Вале як манбаъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки бахши аслии таҷҳизот, ки барои сабту истудию лозим аст, то ҳол ба Тоҷикистон ворид нашудааст.
Раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар низ вазифаи худ мабнӣ бар омода сохтани бинои телевизиюн, таҳияи асноди ҳуқуқӣ ва сабти номи ин шабакаро анҷом додааст.
Аммо сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон бояд як сохтмони муҷаҳҳазро дар ихтиёри ин шабакаи телевизиюнӣ мегузошт, вале ин кишвар танҳо ду табақа аз сохтмони “Баҳористон”, шабакаи телевизиюни бачагонаи Тоҷикистонро, барои ин амр пешниҳод кардааст.
Ин манбаъ афзуд, ки баъдан ин бино бо сармояи Эрон тармиму бозсозӣ ва мизу курсӣ харидорӣ шудааст.
Гуфта мешавад, Афғонистон ба таъсиси шабакаи муштараки телевизиюни форсизабонҳо чандон майле аз худ нишон надодааст.
Манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду кишвар талош мекунанд то замони ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳатто барои чанд соъат ҳам бошад шабакаи телевизиюни муштараки форсизабонҳо фаъол шавад.
Тардидҳо дар пахши телевизиюни форсизабонҳо
Бисёре аз коршиносони тоҷик дар фаъолияти муназзами шабакаи муштараки телевизиюни кишварҳои форсизабон ибрози тардид мекунанд. Онҳо ба тафовутҳои сиёсӣ ва идеулужӣ миёни кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба унвони монеъи аслӣ ишора мекунанд.
Масалан, ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, коршиноси маҳаллӣ, Тоҷикистон ба тарғиби арзишҳои исломӣ аз сӯйи Эрон розӣ нахоҳад шуд. Ҳамчунин, баъид аст, ки давлати Эрон кунсерту рақсҳои духтарони тоҷик бо либоси ғайриисломӣ дар телевизиюнро бипазирад.
Аз сӯйи дигар, оқои Давлат гуфт, ки миёни ин се кишвари форсизабон танҳо Эрон аз лиҳози иқтисодӣ тавоно буда ва Тоҷикистону Афғонистон ба кумакҳои молии Омрикою Урупо пойбанд ҳастанд ва табиъист, ки наметавонанд аз арзишҳои урупоӣ ва демукротик сарфи назар кунанд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, Афғонистон сад дар сад кишвари форсизабон набуда ва гурӯҳҳои қавмгарои паштун дар ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ бо саҳми Афғонистон дар телевизиюни муштараки форсизабонҳо мувофиқат нахоҳанд кард.
Зимнан, се сол қабл, ҷониби Афғонистон пешниҳод карда буд, ки дар ин телевизиюн ба забони пашту низ барномаҳое пахш шавад, аммо ин пешниҳод пазируфта нашуд.
Бо таваҷҷӯҳ ба чунин мушкилот, коршиносон имкони роҳандозии шабакаи муштараки телевизиюни форсизабонҳоро душвор арзёбӣ кардаанд.
Панҷ сол қабл, руасои ҷумҳурии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавриди таъсиси шабакаи муштараки телевизиюни форсизабонҳо тавофуқ карда буданд, аммо то ҳол ин тасмим иҷро нашудааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/04/110415_mm_tv_farsi.shtml