Оё ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зарурат ҳаст?
Хомӯшии пурмаънӣ
Аз рӯзе, ки Департаменти давлатии ИМА, яъне Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар гузориши солонааш оид ба ҳуқуқи инсон Ҳукумати Тоҷикистонро шадидан интиқод кард, ду ҳафта сипарӣ шуд, аммо ҳич кадоме аз мақомоти кишвар ба он ҷавоб намедиҳанд. Чаро? Шояд мақомот ин танқидро асоснок медонанд? Ё баръакс: фикр мекунанд кирои гап надорад? “Нигоҳ” нуктаҳои асосии Гузориши абарқудраттарин кишвари дунё ва шарики ҳукумати кишварро ба баррасӣ кашид, то асли масъала рушан шавад.
Гузориши мазкур ҳар сол нашр мешавад. Дар он вазъи ҳуқуқи башар дар тамоми кишварҳои дунё баҳогузорӣ мешавад. Таҳияи ин гузориш, ки барои барномарезиҳо ва мавзеъгириҳои ҳукумати ИМА ва шарикони аврупоияш асос мешавад, ҷузъе аз сиёсати калони ин кишвар аст. Зеро ИМА ҳуқуқи башарро аз арзишҳои муҳим ва худро пуштибони он медонад. Бале, бо ҳама нақзи ҳуқуқи башар, ки ин кишвар дар Ироқу Афғонистону Либиё дошту дорад. Сиёсати калон ҳамин аст ва яке аз таъинкунандаи он дар саросари ҷаҳон ИМА аст. Ҳамин аст, ки ҳатто “атсаниҳои сиёсии” ин абарқудратро надида гирифта намешавад.
Гузориши ин дафъаина аз Тоҷикистон бо ҳамин ҷумла сар мешавад: “Тоҷикистон кишвари худкомаест, ки пурра зери султаи президент ва наздиконаш қарор дорад…”.
Дар назари аввал шояд ин ҷумла, ки аз як давлати бегона ва абарқудрату бузурге, ки дар кишвари мо, дар минтақаи мо манфиатҳои бузургтар дорад, чандон ҳайратзо нанамояд. Шояд мансабдорони “кордашон болои равған” ин гузоришро ба ҷакиши саг ҳам нагиранд. Шояд барои баъзеҳо ин воқеияти маълуму машҳур намояд. Ин ҳам истисно нест, ки хеле аз шаҳрвандони Тоҷикистон ин гузоришро тавтеа барои бадномкунии президенташон — нафари интихобкарда ва Пешвои миллаташон ҳисобанд. Шояд касе ҳам мепурсад, ки барои чӣ маҳз ИМА ба дигар кишварҳо баҳо медиҳад? Ин саволҳо мантиқиянд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки: Оё ин гузориш асос дорад?
Бисёрҳизбии рӯи коғаз
Дар муқаддимаи гузориш гуфта мешавад, ки ҳарчанд Қонуни асосии Тоҷикистон системаи бисёрҳизбии сиёсиро пешбинӣ мекунад, вале ҳукумат ба дигарандешони сиёсӣ монеъа эҷод карда, ба ин сиёсат тӯли солҳо идома медод. Воқеъан, дуруст нигоштаанд: дар Тоҷикистон низоми бисёрҳизбӣ ва рақобати миёни ҳизбҳо вуҷуд надорад. Пас амрикоиҳоро намешавад, дурӯғгӯ хонд.
Муаллифони гузориши интихоботи парламентии моҳи марти соли гузаштаро сохта унвон кардаанд. Фазои интихоботиву сиёсии кишвар чунин бозтоб шудааст, ки шаҳрвандон аз ин имкони интихоби ҳукумат бо роҳҳои баргузории интихоботи шаффофу озод маҳруманд.
Ин ҳам дупа-дуруст!
Дурӯғ оиди озодии баён
Дар гузориш аз нақзи озодии баён низ сухан рафтааст ва муаллифон гуфтаанд, ки озодиҳои баён дар матбуоти ин кишвар маҳдуд карда шудаанд, дар мавридҳое сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд карда мешаванд. Васоити ахбори оммаи мустақил мавриди таҳдид қарор гирифтанд, ки аз навиштан дар бораи шахси аввали кишвар ва оилаи ӯ худдорӣ кунанд.
Бале, сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ маҳдуд мешаванд, аммо дурӯғ аст, ки озодии баён комилан маҳдуд аст. Фишори вазорату ниҳодҳои алоҳида мавҷуд аст, аммо аз номи Ҳукумат касе ба журналистон таҳдид накардааст. Журналистони алоҳидае назири Ҳумайрои Бахтиёр зери фишори ниҳодҳои алоҳида қарор доштанд, аммо касе аз панҷ журналисти зери фишор қарордошта мисол оварда наметавонад. Ҳатто Раёсати мубориза бо ифрогароии ВКД, ки дар ду соли ахир мақоми сиёсӣ касб кард, ҷуръати фишор ба журналистонро надошт. Агар таҳиягарони амрикоӣ “Нигоҳ”-ро варақ мезаданд, ба ин хулоса намерасиданд, ки дар бораи шахси аввали кишвар ва оилаи ӯ наменависанд. Менависанд, менависем ва хоҳем навишт. Дар бораи муҳимтарин оила, чӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва чӣ аз нигоҳи иқтисодӣ нанавишта намешавад. Журнализми касбии тоҷик дар ҳамин марҳилаи рушди миллӣ бе ин вуҷуд дошта наметавонад. Мо мутмаинем, ки инро Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи ӯ хуб дарк мекунанд. Шароити мавҷуда интизори беҳбуд аст, албатта, вале кор то ҳанӯз то ҷое нарасида, ки журналистон фирор кунанд. Вазъ дар ин соҳа аз тамоми соҳоти дигар хубтар аст.
Шароити маҳбасҳо
Дар гузориш гуфта мешавад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар 10 муассисаи ислоҳӣ ва 12 боздоштгоҳи муваққати тафтишотӣ барои онҳо пӯшида мондааст, аммо боздоштшудагон ва шароити ниҳоят бади нигоҳдорӣ шикоят кардаанд. Аз ҷумла, аз меъёр зиёд будани маҳбусон дар ҳуҷраҳои нигоҳдорӣ ва шароити антисанитарӣ ва гуруснагӣ ва бемории сил ва СПИД шикоят гирифтаанд.
Ин бахши гузориш воқеъият дорад: Шароити нигаҳдорӣ дар зиндону боздоштгоҳҳо воқеъан хеле бад аст. Беҳбуди вазъият ислоҳоти ҷиддӣ ва маблағгузорӣ талаб мекунад, аммо ҳукумати феълӣ омода нест, ки вазъро дигар кунад.
Омбудсмени хасакӣ
Муаллифони гузориш гуфтаанд, омбудсмени Тоҷикистон, бинобар наздикӣ доштанаш ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мустақил нест ва дар соли гузашта тавонистааст ба ҳалли ҳамагӣ 2 фисади муроҷиатҳо мусоидат намояд. Бале, “Нигоҳ” низ бар он аст, ки омбудсмени тоҷик танҳо рӯи коғаз вуҷуд дорад. Фаъол нест. Аҳамияти вижаи ин институтро барои ҳукумату ҷомеа дарк намекунад. Аммо агар касе фикр мекунад ин сиёсати ҳукумат ва президент Раҳмон аст, хато мекунад. Ин институти муҳим интизори кадри нав. Кадре бо тафаккури нав ва дур аз низоми ҳуқуқии шуравӣ. Дер ё зуд ҳукумат инро мефаҳмад.
Низоми сахт
Дар гузориш омада, ки Вазорати адлия вуруди намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башарро ба муассисаҳои ислоҳӣ маҳдуд мекард. Коалитсияи зидди шиканҷа таъсис ёфта, бо маслиҳати пешакӣ ва ҳамроҳи омбудсмен ва намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ дидан карданд, аммо бе огоҳии мақомоти интизомӣ боздид аз ин муассисаҳо имкон надоштааст.
Бале, дар Вазорати адлия, ки меросбари низоми ҳуқуқӣ ва тафаккури шуравӣ аст, фикр мекунанд, ки роҳ надодани чанд хориҷӣ ба зиндонҳо ва “не” гуфтан ба ҳомиёни ҳуқуқи башар хизмат ба давлат ва президент аст. Аммо ин тур нест, балки баръакс. Коалитсияи зидди шиканҷа ниҳоди сунъӣ аст. Он мардумӣ нашуд, вагарна соҳибобрӯ мегашту хеле аз дарҳои бастаро мекушод. Дар ин самт, айб дар кӯза аст, на дар равған.
Қатлу хушунат
Аз хушунат ва маҳдудсозии ҳуқуқи занон ва озодиҳои динӣ низ дар Гузориш сухан рафтааст. Дар он омадааст, ки дар маҳбасхонаҳо одамон шиканҷа мешаванд, мақомот дастрасии нозирони байналмилалиро ба зиндонҳо манъ кардаанд.
Дар гузориши ИМА гуфта мешавад, ки Қонуни асосии кишвар қатли инсонро бидуни ҳукми суд иҷозат намедиҳад, аммо мақомоти интизомӣ ба ин кор даст мезананд. Ва ҳалокати Умар Бобоҷонови 23-сола, ки дар Ваҳдат барои риш доштанаш аз ҷониби кормандони мақомот латукӯб шуда буд, асос меоранд.. Дар гузориш гуфта мешавад, ки шоҳидони ҳодиса тасдиқ кардаанд, ки кормандони мақомот Бобоҷоновро маҳз барои риш доштанаш, яъне эътиқодоташ мавриди латукӯб қарор додаанд.
Мақомот барои тафтиши қазия гуруҳи махсуси тафтишотӣ таъсис доданд, аммо аз натиҷаи тафтишот маълумот надодаанд. Яъне маълум нашуд, ки барои латукӯб ва ҳалокати ин ҷавон нафаре ҷазо ди ё не.
Дар гузориши ҳамчунин аз қазияи шиканҷаи Равшан Раҳматов, ҷавони 18-сола, ки дар Хуҷанд ба авбошӣ муттаҳам шуда, ба се соли зиндон маҳкум шуд, сухан меравад.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки суд Равшан Раҳматовро, ки гуноҳаш исбот нашуда буд, равонаи зиндон кард, аммо факти шиканҷа шудани ӯро касе ба назар нагирифт. Кормандони мақомоти интизомӣ беҷазо монданд.
Ба бадбахтии ҳамаи мову шумо амрикоиҳо ҳақиқатро навиштаанд. Мақомот дар соли гузашта қонуниятро дар хеле мавридҳо зери по карданд. Боздоштҳои ғайриқонунӣ, лату куби гумонбаршудаҳо, фишору лату куби хешовандони боздоштшудаҳо ҷой доштанд, ки мутаасифона Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба онҳо вокуниш нишон надоданд. Ҳукумати кишвар ба рискҳо дар ин самт таваҷҷуҳи хоса надошт. Мушкилофарҳои давлатиро нашинохт.
Мушкилофарҳои давлатӣ
Бале, дар соли гузашта қаҳрамони манфии мардум ҳамин мушкилофарҳои давлатӣ буданд, ки аз номи ҳукумат қонуншиканиҳои зиёд карданд. Ҳолатҳои бо аъзои ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёров рухдода натиҷаи фаъолияти “пурсамари” онҳо аст. Аммо воқеъият ин аст, ки хеле аз наҳзатиҳо то андозае ба он чӣ ба сарашон омад, омода буданд. Инҳо бо сиёсати калон дахл доштанду рискҳои сиёсиашоро то ҷоме мефаҳмиданд. Барои ҳамин онҳоро маҳбуси сиёсӣ мехонанд. Аммо Умар Бобоҷонов ва Равшан Раҳматов баринҳоро чӣ?
Оё ба латукӯби Умар Бобоҷонов, студенти яке аз донишгоҳҳои Русия, ки шояд намедонист, ба милисаҳои Ваҳдат ришаш маъқул намешавад, чӣ зарурат буд?
Кӣ бовар мекунад, ки фармони шиканҷа кардани боздоштшудагон, тавре, ки бо Равшан Раҳматови 18-сола дар Хуҷанд рух додааст, аз Қасри миллат садо дода бошад? Ҳич бовар намешавад кард! Ин худсарии чанд авбош аст, ки либоси хидматӣ ба бар карда, пушти вазифа ва ҳукумат пинҳон шуда, ҷиноят содир карданд.
Аз ҳама бадаш, беҷазо монданд.
Бовар намешавад кард, ки ҳар рӯз вазири корҳои дохилӣ супориш бигирад ва ба тобеонаш амр кунад, ки дар кӯча ҳар ҷавоне, ки риш дорад, дошта, то милисахона латукӯб карда баред, ришашро он ҷо битарошед. Агар қайсарӣ кунад, занед то мурдан! Ё шумо бовар доред?
Ин ё кори дасти ҳамонҳоест, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ силоҳ ба даст гирифта, чашмашон ба хун одат кардааст, ё нафарони руҳан бемор, ки ҷояшон дар мақомот нест, дар маҳбас аст.
Инҳо нафароне ҳастанд, ки зӯровариро аз қонунияту касбият боло медонанд, ва бояд паси панҷара, аз ҷомиа дур карда шаванд. Аммо чаро ҳукумат ин корро накард?
Наход ҷазо додани ду-се ва ё ҳатто 20-30 ҷинояткор дар либоси қонуну ҳокимият то ҳамин дараҷа барои роҳбарияти кишвар мушкил аст, ки омодаанд, натанҳо номи милиса, балки тамоми давлату ҳукуматро дар сатҳи байналмилалӣ хушунатбор муаррифӣ кунанд?!
Наход дар сатҳи роҳбарияти давлат низ ба ҳамаи ин худсарии ҷоҳилон чашм мепӯшида бошанд. Наход дар сатҳи роҳбарияти мамлакат низ бовар доранд, ки бо латукӯби ҳарки ришу ҳиҷоб дорад, метавон амнияту суботро барпой дошт. Наход? Чӣ зарурате ҳаст барои пуштибонӣ аз чунин қонуншиканиҳо ва беҷазо мондлани афроди ҷинояткор?
Ба ҷои хулоса
Гузориши ахири департаменти давлатии ИМА-ро дар бораи Тоҷикистон нахонда ҳам, метавон хулоса кард, ки воқеан асос барои нигаронӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвари мо вуҷуд дорад. Бахусус вақте сухан аз мухолифини сиёсӣ, расонаҳои мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ меравад. Аммо ин гузоришро мешавад хонду баррасиҳои ҷамъиятии онро ташкил кард. Аз он чу оинаи бигзор сифаташ на он қадар хуб истифода кард, то чеҳраи воқеъии худу ҷомеаи худро бубинем.
Нигоҳ” бар он аст, ки ҳич зарурате барои нақзи ҳуқуқи инсонҳо дар шароити феълии Тоҷикистон бо он сатҳи шуури сиёсӣ, ки мардуми мо доранд, мавҷуд нест.
Сабти номи ҳизбҳои сиёсии нав, ба раванди сиёсии қонунӣ шомил кардани гуруҳу гуруҳчаҳои мавҷуда, таъмини хубтари озодии баён, таъмини шароит барои пайдо шудани ташаббусҳои нави ҷамъиятӣ ва сохтмони ниҳодҳои нави ҷомеи шаҳрвандӣ ба обрӯву нуфузи Ҳукумати феълӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷӣ он, зам мекунад, ки кам на. Ин силсилаи амалҳо шиддати иҷтимоиро дар вазъи буҳронии иқтисоди мо ва шарики стратегиямон-Русия паст карда, шароити хубтари оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодиро барои зиндагии беҳтари 8,2 млн. одам дар ин сарзамин фароҳам меорад.
бознашр аз “Нигоҳ” №4 (487). Чоршанбе, 6-уми апрели соли 2016