Мушкили дастрасӣ ба хабар дар Хатлон

[b]Дар вилояти Хатлон фақат даҳ дарсади сокинон ба родию ва телевизиюни вилоятӣ дастрасӣ доранд.[/b]

Дар ин бора масъулони Кумитаи радию ва телевизиюни вилояти Хатлон дар ҳамоиши хабарнигрони вилоят ба муносибати Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази ин вилоят эълом кардаанд.

Масалан Юсуф Беков, як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз бас ки ба радию ва телевизиюн ва нашрияҳои маҳаллӣ дастрасӣ надорад, ӯ дар мавриди таҳаввулоти сиёсию фарҳангии вилояти Хатлон иттилоъи андаке дорад. Вай мегӯяд, ки вазъи ҳамаи сокинони ин ноҳия чунин аст.

Дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа дар Қурғонтеппа ҳамчунин гуфтанд, ки ба далели мушкилоти мухталиф сокинони манотиқи марзӣ бо Афғонистону Ӯзбакистон барномаҳои родию ва телевизиюни ин кишварҳо гӯш ва тамошо мекунанд.

Хуршед Сафаров, масъули дафтари шабакаи телевизиюни “Сафина” дар вилоят Хатлон ин вазъро «навъе таҳдид ба амнияти иттилоъотии Тоҷикистон» унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамроҳ Салимов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни вилояти Хатлон гуфт, ки барои пахши барномаҳои родию ва телевизиюни маҳаллӣ дар манотиқи марзӣ талошҳое сурат мегирад.

Масъулони ин ниҳод қаблан гуфта буданд, ки то ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ барномаҳои телевизюни вилоятӣ аз тариқи моҳвора ва барномаҳои родию тавассути амвоҷи FM пахш хоҳад шуд. Аммо то ҳол дар ин замина пешрафте ба назар нарасидааст.

Зимнан, дар вилояти Хатлон ду шабакаи мустақили телевизиюни “Мавҷи озод” дар ноҳияи Восеъ ва “РТК” дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият карда, вале ба далели надоштани барномаҳои хуби хабарӣ ё матолиби ҳирфаии журнолистӣ, тамошочии зиёде надоранд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҳоло дар вилояти Хатлон 40 нашрия сабти ном шуда, аммо танҳо ду-се нашрияи ба сурати ҳафтагӣ ва боқӣ фақат дар рӯзҳои ҷашнӣ мунташир мешаванд.

Муассисони нашрияҳо низ ҳукуматҳои маҳаллӣ буда ва дар онҳо умдатан хабарҳои расмӣ чоп мешаванд.

Ба гуфтаи Рустами Сафар, хабарнигори мустақили маҳаллӣ, нашрияҳои давлатӣ аз тариқи обуна чоп шуда ва ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеъа нестанд.

Ӯ гуфт: “Ин нашрияҳо дар мавриди мушкилоти мардум чизе наменависанд ва бештари матолиби онҳо фармоишӣ аст.”

Аз сӯйи дигар, Сайвалӣ Сайфуллоев, раиси чопхонаи вилояти Хатлон мегӯяд, таҷҳизоти чопхона кӯҳнаю фарсуда буда, имкони бо адади зиёд ва кайфияти хуб мунташир кардани нашрияҳо вуҷуд надоштааст.

Латофат Чориева, сардабири “Ҳамрози халқ”, нашрияи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки ба ин далел ӯ маҷбур аст ҳафтаномаро дар шаҳри Душанбе чоп кунад.

Камбуди чопхонаҳои муоъсир, чопи ғайримуназзами нашрияҳо ва душворӣ барои дастрасии амвоҷи радию телевизиюни вилоятӣ намоишгари вазъи фазои иттилоъотии вилояти Хатлон аст, ки ба ислоҳ ниёз дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110311_mm_ok_press_khatlaan.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *