Мушкили дастрасӣ ба шабакаи “Однокласскники”

Аз рӯзи панҷшанбеи 4 апрел шабакаи иҷтимоъии “Одноклассники” аз фаъолият бозмондааст.

Мария Лапук, сухангӯйи ин шабака дар «Twitter” хабари ҳамлаи ҳакерӣ ба шабакаро рад карда ва далели ин амрро ба мушкилоти фаннӣ ва корношоям шудани таҷҳизот арзёбӣ кардааст.

Чанд рӯзе қабл, хадамоти ироъкунанди интернети “Ростелеком” шабакаи “Одноклассники”-ро дар вилоёти Рязан ва Орлови Русия масдуд карда буд.

“Однокласники” аз бузургтарин шабакаи иҷтимоъӣ дар Русия маҳсуб шуда, ин шабака дар кишварҳои дигар, аз ҷумла, дар Тоҷикистон муштариёни зиёд дорад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, теъдоди истифодабарандагони ин шабака ҳудуди 150 милюн нафар буда, ҳамрӯза 40 нафар аз имконоти он истифода мебаранд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/04/130405_mm_rln_odnoklassniki.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *