Муроҷиатномаи

[b]иштироккунандагони «мизи мудаввар» дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем» ба Президент ва парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон[/b]

Мо, иштироккунандагони сўҳбати «мизи мудаввар» — журналистон ва намояндагони созмонҳои журналистӣ ва байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем» бо назардошти вазъи саломатӣ ва ифодаи иродаи нек аз Шумо хоҳиш дорем нисбат ба журналист Маҳмадюсуф Исмоилов чораи пешакии дар маҳбас нигоҳ доштан ба чораи дур нарафтан аз маҳалли зист иваз карда шавад.

Мо итминони комил дорем, ки М. Исмоилов — хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», маҳз бо сабаби дар рӯзнома чоп кардани мақолаҳои танқидӣ, фош кардани иллатҳои ҷомеа мавриди таъқиботи судӣ қарор гирифтааст ва як гурўҳ одамони мансабдор бо нияти тарсондан чашми журналистони дигар ва махдуд кардани озодии баён дар кишвар ўро беш аз 9 моҳ инҷониб дар маҳбас нигоҳ медоранд.

Қазияи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов аз ҷумлаи онҳоест, ки ба имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Бинобар ин иваз кардани чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштани журналист ва мунсифона баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ бори дигар иродаи неки роҳбарияти давлат ба арзишҳои демократӣ ва волоияти конунро дар мамлакат баръало намоиш медихад.

Иштироккунандагони «мизи мудаввар» дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем».

ш. Хуҷанд, 8 сентябри соли 2011

Источник:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *