[b]Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамрайъии журналистон рўзи 8 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки журналистон, намояндагони созмонҳои журналистӣ ва байналмилалӣ дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон – ба тақдири ҳамкасбонамон бетафовут набошем» «мизи мудаввар» барпо гашт.[/b]
Дар ифтитоҳи «мизи мудаввар» раиси созмони вилоятии журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён ва роҳбари хадамоти мониторинги Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Абдуфаттоҳ Воҳидов иштироккунандагонро ба муносибати Рўзи ҳамраъйии журналистон табрик гуфтанд.
Сипас роҳбари хадамоти мониторинги АМВАОМТ Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ дар мавзўи «Чорабиниҳои ҳамраъйии журналистон: сабақҳои бадастомада», директори ШТВ «Осиё», ш.Хуҷанд Аъзамхон Акбаров дар мавзўи “Ҳамраъйӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон”, Маҳмудҷон Дадобоев, директори ШТР «Ҷаҳоноро», ш.Ғафуров дар мавзўи «Ҳамраъйии журналистон дар чӣ ифода меёбад?» суханронӣ карданд.
Дар атрофи мавзўъҳои мазкур байни иштироккунандагони «мизи мудаввар» мубоҳисаи тўлонӣ ба амал омад.
Иштироккунандагони чорабинӣ бо нияти минбаъд устувор кардани ҳамраъйии журналистони вилоят тавсияҳои зеринро қабул карданд:
[i]- Таъсис додани Хазинаи изтирорӣ барои кўмак ба журналистоне, ки мавриди таъқиботи судӣ қарор мегиранд;
— Созмон додани маҳфили журналистон барои баррасии масоили мухими хаёти журналистони минтака;
— Бетафовут набудан ва вокуниш нишон додан ба зухуроти накзи хухуки журналистон ва таъмини дастрасии ВАО бо маводе, ки боиси бахси хирфаи ё суди гаштаанд;
— Тахкими меъёрхои ахлоки ва баланд бардоштани эътибори журналисон дар чомеа;
— Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии журналистон тавассути барномахои омузиши.[/i]
Иштироккунандагони ҳамоиш инчунин бо мақсади аз маҳбас озод намудани журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба унвони роҳбарияти давлат муроҷиатнома қабул карданд.
Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.