Мурофиаи Зайд Саидов «озод», аммо дар боздоштгоҳи КДАМ идома меёбад

Алпомиш Акбаров, раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик дархост дар бораи гузарондани мурофиа дар толори Суди Олиро рад кард.

16-уми феврал Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов пас аз мурофиа гуфт, ки судя барои озод гузарондани мурофиа ва иштироки журналистон иҷозат додааст, аммо раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатии КДАМ гуфтааст, ки имкони ҷой додани журналистон дар мурофиаро надоранд, зеро толор хурд мебошад.

Инчунин, ҳудуди 10 нафар аз хешовандони Зайд Саидов метавонанд дар мурофиаҳо ширкат кунанд. Мурофиаи навбатӣ 17-уми феврал соати 9 дар толори боздоштгоҳ баргузор мешавад.

Қаблан Зайд Саидов ба Суди Олии Тоҷикистон бо ирсоли мактуб хоста буд, ки парванда сирф иқтисодист ва бояд бо ҳузури хабарнигорон дар толори Суди Олӣ мурофиа баргузор шавад. Парванда муҳри махфӣ надорад. Зайд Саидов шарт гузошта буд, ки дар ҳолати ради пешниҳодаш аз ширкат дар мурофиа даст мекашад.

Изҳоқ Табаров мегӯяд, ӯ ва зерҳимояш ба ин хулоса омадаанд, ки дар мурофиаҳои минбаъда ширкат мекунанд, зеро ширкат накарданашон бар зарари зерҳимояш тамом мешавад.

Субҳи имрӯз дар мурофиаи парвандаи иқтисодии Саидов 4 нафар бо шумули вакили дифоъ ширкат карда буданд.

Мурофиаи парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов 12-уми феврал пушти дарҳои баста оғоз шуда буд.

Инчунин, ҷаноби Саидов дар доираи ин парванда аз Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия хоста буд, ки ӯро бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саидов, муовини аввали Сарвазир ва Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Дастгоҳи иҷроия рӯбарӯ кунанд. Аммо муфаттиши Агентӣ посухи рад дод.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Агентӣ ба хабарнигорон гуфт, ки агар Зайд Саидов хостори рӯбарӯ кардан бо ин нафарон бошад, тибқи қонун ин имконро ба ӯ суд дар мурофиа фароҳам хоҳад овард.

tojnews.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *