Мурофиаи судии Зайд Саидов кушода ҷараён мегирад

Имрӯз, 12 феврал  мурофиаи нахуст оид ба баррасии парвандаи нави «иқтисодӣ»-и Зайд Саидов баргузор шуд.

Дар ин мурофиаи судӣ, ки пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ доир гардид, қарор шуд, ки мурофиаҳои минбаъда ба таври кушода, бо ҳузури намояндагони ВАО ва аҳли ҷомеа сурат мегирад, аммо алҳол масъалаи маҳз дар куҷо баргузор шудани мурофиаҳои судӣ – дар тавқифгоҳи муваққатӣ ё Суди олӣ ҳал нашудааст.

Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкори маҳкумшуда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки судя дархости зерҳимояаш дар бораи ба таври кушода баргузор шудани мурофиаҳоро ба инобат гирифт ва дар мурофиаи навбатӣ, ки рӯзи душанбе, 16 феврал доир мегардад, журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам иштирок карда метавонанд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар мурофиаи имрӯза дар толори суд худи соҳибкори маҳкумшуда, бародари калонии ӯ ва се писараш ҳузур доштанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 6-уми феврал соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда, шарт гузошт, ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад. «Дар муроҷиатномаи худ Зайд Саидов изҳор кард, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи «иқтисодӣ»-и ӯ бояд таври кушода дар толори суд гузаронида шавад», — иброз дошт адвокат Исҳоқ Табаров.

Адвокат қайд кард, ки дар муроҷиатномааш Зайд Саидов зикр мекунад, ки парвандаи пешини ӯ таҳти муҳри махфӣ қарор дошт. «Парвандаи ҳозира бошад, иқтисодӣ аст ва ӯ тақозо дорад, ки зимни баррасии он ҳуқуқҳояш ва ҳамчунин ҳуқуқҳои шахсоне, ки бояд дар толори суд ҳузур дошта бошанд ва намояндагони ВАО поймол карда нашаванд», — таъкид дошт ӯ.

«Ин парванда аз 75 ҷилд иборат буда, мутобиқи моддахои 245 ((Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда), 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст», — қайд кард И.Табаров.

«Зайд Саидов ният дорад, ки дар мурофиаи судии аввали ин парванда иштирок кунад, вале агар Суди олӣ шартҳои ӯро қабул накунаду мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирад, ӯ аз иштирок дар мурофиаҳои минбаъда даст мекашад», — афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Азия плюс    

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *