МУРОФИАИ СУДИИ ХАБАРНИГОР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи душанбе, 18-уми феврали соли равон мурофиаи судии хабарнигори TojNews Амруллоҳи Низом бо даъвои масъулини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Рёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, баргузор мегардад.

Қарор буд, ки  мурофиа 29-уми январи соли ҷорӣ  баргузор шавад, вале хабарнигор бо дархости хаттӣ хоҳиш карда буд, ки истеҳсолоти парванда то анҷоми тафтишоти Прокуратураи генералӣ дар асоси аризаи шикоятии ӯ қатъ карда шавад.

Амруллоҳи Низом бо як аризаи шикоятӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати қарори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат карда буд.

Хабарнигор дар аризаи шикоятиаш оварда буд, ки «асосҳои қонунӣ барои муроҷиати тобеъони раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов ба Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  вуҷуд надоранд.

— Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов нисбати ман аз замони чопи мақолаҳои “Фатвои Шӯрои уламо 80 сомонист, фатво-да биё, бача!” ва “А. Холиқов, мардумро бо каҷфаҳмию камфаҳмии худ гумроҳ накунед! ” ва ғ.ҳ. ғараз дошта, нишондодҳои тобеъони он бардурӯғанд.

Ҳамчунин, хабарнигор навишта буд: — Масъулини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пеш аз ворид шудани аризаи шикоятӣ дар дафтари кории “Нигоҳ” кӯшиши боздошти ғайриқонунии маро карданд. Онҳо бархилофи талаби ман дар асоси қонунгузории ҷории Тоҷикистон нусхаи қарори мавриди зикрро ба ман надоданд.

Ронанда ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи оид ба корҳои дин аз доираи салоҳиятҳои кории худ берун шуда, ба фаъолиятҳои касбии журналист монеъ шудаанд, ки  бархилофи Сарқонуни ҶТ ва  Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва ВАО-и дигар” мебошад.

Хабарнигор бо овардани ин ваҷҳҳо аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост кардааст, ки «сабти назорати видеоии бинои Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳуриро, ки аз 12 то 19-уми январи соли 2013 дар бар гирад, талаб намоед, то поккорӣ ё коркард нашавад».

Ҳамзамон, «салоҳиятҳои кории посбон, ронанда ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаро муайян намуда, ба амалҳои онҳо, ҳамчунин, ба амалҳои масъулини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Дар аризаи шикоятии хабарнигор гуфта мешавад: «Нишондодҳои биллинги шумораҳои телефонии мутааллиқ ба роҳбарияти Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумат ва роҳбарияти Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ-ро таҳқиқ кунанд.

Ҳамчунин, Қарори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки хабарнигорро тибқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба майдаавбошӣ муттаҳам мекунад, бекор намоянд.

Аммо Прокуратураи генералӣ ғайриинтизори хабарнигор ва ҳимоятчиёни ӯ, баррасии аризаро ба Хадамоти амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон равон кардаанд, ҳол он ки дар ариза ҳамчунин хоҳиши бекор кардани қарори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ шуда буд ва ПРокуратураи генералӣ набояд ин бахши аризаро низ ба души масъулини ВКД мегузошт.

Амруллоҳи Низом ва роҳбарияти Тоҷнюс бар онанд, ки раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон аз масъулини Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил суистида кардаасту роҳбарияти ин Раёсат аз салоҳиятҳои худ дур рафта, абзори фишор болои журналист шудаанд.

http://tojnews.tj/murofia-sudii-khabarnigori-tojnwes-dar-shahri-dushanbe

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *