Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеи Абдуқаюми Қаюмзод иттилоъ дод, ки дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ марҳилаи омодасозии мурофиаи судӣ анҷом ёфта, суд баррасии парвандаро рӯзи 27-уми май таъин кард.
Тарафи ҷавобгар — намояндаи радиои “Озодӣ” — аз суд дархост кард, ки дар мурофиаи оянда намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба баррасии мурофиа ҳамчун ба сифати шахси сеюм даъват карда шавад.
Ҳамчунин, ҷониби ҷавобгар нусхаи низомномаи радиои “Озодӣ”-ро ба суд ва даъвогар супоридааст.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз мебоист нахустин мурофиаи cудӣ бо даъвои журналисти шинохта Абдуқаюми Қаюмзод зидди радиои “Озодӣ” баргузор гардад.
Ҳар ду ҷониби баҳс дар сӯҳбат бо TojNews изҳор доштанд, ки дар мурофиаи судӣ иштирок ва аз манфиатҳои худ ҳифз хоҳанд кард.
Дар назар буд, Абдуқаюми Қаюмзод бо вакили дифоъ Файзинисо Воҳидова ва раҳбари Бюрои радиои «Озодӣ” дар Душанбе Хуршеди Ҳамдам бо вакили дифоъ Яъқуб Маъруфов ширкат кунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод сабаби алайҳи Радиои «Озодӣ» ба суд муроҷиат карданашро поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатияш ба унвони корманди радио аз тарафи корфармо, яъне роҳбарияти бахши тоҷикӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, масъули бахши Осиёи Марказии Радиои «Озодӣ», унвон кард.
— Онҳо қарордоди маро якҷониба бекор карданд. Ин маро водор кард, ки ба додгоҳ муроҷиат намоям. Ман дигар роҳи барқарор ва ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро надоштам. Зимнан ҳалли мусбати ин қазия итминон медиҳад, ки додгоҳ то чӣ ҳад рисолати худро анҷом медиҳад. Дар мавриди он ки қазия ба нафъи ман анҷом меёбад ё хайр, низ мурофиаи додгоҳӣ маълум хоҳад кард.
Раҳбари Бюрои радиои “Озодӣ” дар Душанбе Хуршеди Ҳамдам мегӯяд, ҳамчун ҳамкор нисбати Абдуқаюми Қаюмзод ягон эътироз надорад, балки ҳамчун як хабарнигори ҳирфавӣ нисбаташон эҳтиром қоил аст:
— Ҳамчун як ҳамкор, ростӣ, мехоҳам, ки суд ҷамъи заминаҳои қонуниро пайдо кунад, то ин хабарнигори мо дар ҷойи кори пештараш барқарор шавад. Қазия ба дафтари радиои “Озодӣ” ягон иртибот надорад. Он бар тамдид наёфтани фаъолияти хабарнигории Абдуқаюми Қаюмзод аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон асос ёфтааст.
Абдуқаюми Қаюмзод дар ҷавоб ба суоли ТojNews роҳи мусолиҳа дар ин баҳсро истисно намедонад.
— Имкони мусолиҳа вуҷуд дорад, агар роҳбарияти радиои «Озодӣ» (бахши тоҷикӣ) фармони ғайриқонунии лағви қарордоди маро бекор ва маро дубора ба кор барқарор намояд. Ман бо радио даъво надорам, аммо масъулони бахши тоҷикӣ, ба фикри ман ва адвокатҳои ман, бар хилофи Кодекси меҳнати Тоҷикистон қарордоди маро бекор кардаанд. Талаби ман барқарор намудан ба ҷойи кор ва пардохти зарари ба ман расонида аст, — гуфт Абдуқаюми Қаюмзод.
Маврид ба зикр аст, ки Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то 2012 хабарнигори радиои «Озодӣ» дар шаҳри Душанбе буд. Аз моҳи декабри соли 2012 Вазорати корҳои хориҷӣ сабти ном ё аккредитатсияи журналистро тамдид накард ва моҳи апрел роҳбарияти ин радио аз Прага аз вай талаб карданд, ки аризаи аз кор рафтани худро нависад.
Радиои «Озодӣ» моли Конгресси ИМА буда, бо калонтарин буҷаи солона (1 млн. 650 ҳазор доллари ИМА) дар муҳити иттилоотии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дафтари марказии он дар шаҳри Прага мустақар аст.
Аз афзалиятҳои он маоши нисбатан калонро ном мебаранд, ки аз 600 то 1500 доллари ИМА барои кормандони дафтари душанбегӣ ва аз 3 то 12 ҳазор доллар барои кормандони дафтари марказияшро ташкил медиҳад.
http://www.tojnews.org/avvalin-murofiai-kayumzod-bo-radioi-ozodi