МУРОФИАИ СУДӢ НИСБАТ БА САДАМАИ ЖУРНАЛИСТ БА ТАЪХИР АФТОД

[b]Мурофиаи судӣ, ки нисбати айбдоршавандаи садама бо иштироки Искандари Фирӯз, рӯзноманигори тоҷик, ки қарор буд, имрӯз баргузор гардад, ба рӯзҳои номаълум ба таъхир афтод.[/b]

Дар ин бора ба TojNews Наталя Шарипова, вакили дифои тозатаъиншудаи рӯзноманигор, иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, бинобар ҳузур надоштани Давлатов Исмоил, судяи суди ноҳияи Сино, дар маҳалли корӣ баргузории мурофиа ба таъхир уфтодааст.

Ёдовар мешавем, Искандари Фирўз, журналисти маъруфи тоҷик, 9-уми октябри соли 2012 бар асари садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои зиёд бардошта, як моҳ дар ҳоли беҳушӣ, дар Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» бистарӣ буд.

Табибон мегӯянд, баъди ҷарроҳӣ дар Беморхонаи Ибни Синои пойтахт, вазъи саломатии Искандари Фирӯз, бо сабаби поин рафтани гемоглобин дар хун бад шуда буд ва бинобар ин табибон маҷбур буданд, ки ҳамарӯза ба бемор хун гузаронанд.

Рӯзҳои ахир саломатии журналист муътадил арзёбӣ мешавад. Аммо дар бораи аз беморхона ҷавоб додани журналист чизе гуфтан душвор аст, — мегӯянд наздикони ӯ.

Источник: http://www.tojnews.org/node/5225

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *