Имрӯз, 4-уми июн соати 14-00 дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи навбатии Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, нисбати радиои «Озодӣ» баргузор мегардад.
Интизор меравад, дар мурофиа намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчун ба сифати шахси сеюм даъват карда шавад, зеро суд ҳангоми мурофиаи қаблӣ дар 27-уми май дархости намояндаи радиои “Озодӣ”-ро қабул карда буд.
Инчунин, дар назар аст, ки масъалаи омадани Соҷидаи Мирзо, роҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”, дар рӯшанӣ андохтани ин қазия баррасӣ гардад.
Абдуқаюми Қаюмзод сабаби алайҳи радиои «Озодӣ» ба суд муроҷиат карданашро поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатиаш ба унвони корманди радио аз тарафи корфармо, яъне роҳбарияти бахши тоҷикӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, масъули бахши Осиёи Марказии радиои «Озодӣ», унвон карда буд.
http://tojnews.tj/murofiai-navbatii-kayumzod-bo-radioi-ozodi