МУРОҶИАТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ШӮРОИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН

Ҳамкасбони гиромӣ!

Таври маълум, рӯзҳои наздик маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон расман шурӯъ мегардад. Аммо бо дарназардошти мӯҳтавои матолиби мухталиф, ки аз тариқи матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии воситаҳои ахбори омма (ВАО) пахш мегарданд, гуфтан мумкин аст, ки фазои иттилоотӣ аллакай интихоботолуда мебошад.

Мутаассифона, мӯҳтавои ин гуна матолиб гувоҳӣ аз он медиҳад, ки на ҳамеша ВАО ва журналистон муқаррароти вобаста ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя мекунанд. Аз ин хотир ва бо сабаби он, ки фазои иттилоотии интихобот бо расман шурӯъ гардидани он, шиддати бештар мегирад, мо зарур донистем бевосита ба шумо муроҷиат намоем.
Бешак, нақш ва мавқеи ВАО дар давлатҳои ҳуқуқбунёд барои озоду шаффоф баргузор гардидани интихобот бисёр муҳим ва муассир аст.

Зеро маҳз аз тариқи ВАО интихобкунанда метавонад бо мавқеъгирии нерӯ ва шахсиятҳои сиёсӣ дар баробари мушкилот ва масоили муҳими ҷамъиятӣ ошноӣ пайдо кунад, ба онҳо баҳо диҳад. Дар навбати худ, ВАО ба сиёсатмадорон минбар вогузошта, ба онҳо имкон фароҳам меоваранд, ки дар раванди баҳсҳои сиёсӣ ширкат варзанд ва потенсиали воқеии худро нишон диҳанд. Аммо ягон гурӯҳ ҳақ надорад, ки аз ин имконият суистифода намуда, минбари ВАО – ро бо ҳадафҳои ғаразноки худ истифода барад.

Мо бояд эътироф кунем, ки масъулияти ВАО ва журналистон дар назди ҷомеа бо риояи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофкардаи давлат ва меъёрҳои касбиву ахлоқии журналистӣ муайян мегардад. Журналистон новобаста аз он ки дар ВАО – и гуногун (ҳукуматӣ, ҳизбӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ) кор мекунанд ва сиёсати редаксионии мухталиф доранд, муқаррароти бандҳои қонун ва меъёрҳои мазкурро бояд риоя намоянд.

Аз ин рӯ, ба ҳамаи кормандони ВАО, журналистони касбӣ ва алоқамандони ВАО муроҷиат намуда, иҷрои талаботи зеринро ҳангоми навиштани матлабҳо дар давраи интихобот тақозо дорем:

1. ВАО ва журналистон бояд ин масъулиятро дарк намоянд, ки матлаби нашру пахш мекардаашон ифодагари дарк, риоя ва эҳтироми қонуну ахлоқи касбӣ аз ҷониби онҳост. Набояд фаромӯш кард, ки хонанда, бинанда ва шунаванда аз матлабҳои нашру пахшкардаи ВАО ва журналистон, сатҳи маърифату эҳтиром ба қонун аз ҷониби онҳоро муайян менамояд.

2. Ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки гунаҳкорсозии беасос, пешниҳоди маълумоте, ки шарафи инсониро зери по мегузорад, ба қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофгардида, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолиф буда,  масъулияти ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ба дунбол дорад.

3. ВАО ва журналистон бояд воқиеятро нависанду гӯянд ва ба сифати посбони холиси  раванди интихобот баромад кунанд.

4. ВАО ва журналистон иттилооти аниқ, беғараз ва мутавозинро пешниҳод карда, бояд мутмаин бошанд, ки муҳтавои матлаби пешниҳодшаванда бо далелу арқоми санҷидашуда муҷаҳҳаз аст.

5. ВАО ва журналистон миёни матолиби таблиғотӣ ва матлабҳои дигари журналистӣ бояд тафовут гузоранд.

6. ВАО ва журналистон ҳангоми интихоб, таҳия ва интишори маълумоту иттилоот бояд аз рӯи тақозои виҷдон ва адолат кор бурда, набояд дурӯғ гӯянд ва матлабҳои муғризона паҳн кунанд. Онҳо набояд ба «пулиси иттилоотӣ» табдил ёбанд.

7. ВАО ва журналистон бояд ба манбаъҳои хабарӣ, ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа эҳтиром гузоранд ва аз рӯи меъёрњои ахлоқи касбӣ рафтор кунанд.

8. ВАО ва журналистон ҳангоми интишори иттилоот ба ҳаёти шахсии одамон, набояд дахолат кунанд.

9. ВАО ва журналистон ҳангоми пахши матлабҳо бояд ба мустақилияти редаксионӣ ва касбӣ такя дошта бошанд. Онҳо ҳамзамон аз нашру пахши матолиби муаллифонаш номаълум, ки дар бораи маъракаи интихобот ва шахсиятҳои ҷудогона, нерӯҳои сиёсӣ таҳия менамоянд, бояд худдорӣ кунанд.

10.  Ҳамзамон, дастандаркорон ва мутасаддиёни раванди интихобот ҳама гуна зӯроварӣ, шантаж ва суистифода аз мақом дар муносибат бо ВАО ва журналистонро, ки қонунгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқи касбӣ манъ меҳисобанд, набояд ба худ раво бинанд.

Шӯрои ВАО-и ҶТ аз ҳамаи идораҳои воситаҳои ахбори омма ва журналистон, ки муҳим будани чунин талаботро дарк мекунанд ва дар назди ояндаи Тоҷикистон худро масъул меҳисобанд, даъват менамояд, ки тақозои ин Муроҷиатномаро риоя намоянд.

http://www.tojnews.tj/murojiati-peshazintikhobotii-shuroi-vao-i-tojikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *