Мулоқоти масъулини Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов

[b]Хабарнигорон ва масъулони Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Си мулоқ намуданд.[/b]

Дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи 28 -уми июн доир шуд, Ҳамид Исмоил ва Исфандиёри Одина, раҳбарони бахшҳои осиёимиёнагӣ ва тоҷикистонии Би-Би-Си ва ду хабарнигори маҳаллӣ дар идораи раёсати амнияти Суғд мулоқот карданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Усмонов гуфт, ки таҳқиқоти аввалияи парванда узвияти хабарнигори Би-Би-Си дар Ҳизби таҳрирро собит накард.

Ҳамид Исмоилов, раҳбари бахши осиёимиёнагии Би-Би-Си дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: «Вай, Урунбой Усмонов низ бар онаст, ки он чӣ кардааст, дар чаҳорчӯби фаъолияти касбии хабарнигории худ анҷом додааст. Ва зиёда аз ин коре накардааст. Ва чун ман ба ӯ гуфтам, ки дар ин бора Би – Би – Си ба раисҷумҳури Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол доштааст, Усмонов ба кормандони раёсати амният изҳор дошт, ки он президенти Тоҷикистон дар ин кишвар ҷомеаи боадолатона бунёд карданист, аз ин рӯ умедвор аст масъулони парвандаи вай низ аз адолат кор хоҳанд гирифт.»

Вай афзуд, зимни суҳбати кӯтоҳмуддат бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би – Би – Си дар ҳузури вакили дифоъ ва муфаттиши парвандаи ӯ ҳоли ӯро ногувор дарёфт.

Вай афзуд: «Маро аз ҳама бештар ҳолати равониву рӯҳонии ӯ нигарон кард. Усмонов дар ҳолати басо руҳафтодагӣ қарор дорад. Ва ман диққати кормандони раёсати амниятро ба вазъи сиҳати ӯ ҷалб кардам, ки аз бемориҳои қалб ва қанд ранҷ мекашад ва гуфтам, ӯро, ки дар аъмолаш осори ҷиноят ошкор нашудааст, ҳар чӣ зуд озод кунанд, беҳтар аст».

Мақомоти тафтишотӣ ба далели пинҳон доштани сиррӣ тафтишотӣ аз ҳарф задан худдорӣ меварзанд. Аммо Файзинисо Воҳидова, ваккили дифоъи Усмонов мегӯяд, эҳтимол дорад тафтишот алайҳи зерҳимояаш айби пинҳон доштани вохӯрӣ бо аъзои ҳизб – ут – таҳрир дар ҷараёни фаъолияти журналистиаш, гирифтани адабиёти ин ҳизб аз онҳо ва дар ин бора расман ба мақомот хабар надоданро, мутобиқи банди 307 — и Асноди ҷиноии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ҳамин тавр, тафтиши пешакии парвандаи Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би – Би – Си ба ҷараёни дигар ворид мешавад. Ин ҳол маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистонро ба имкони
«сафед шудан» ва раҳоии Усмонов хушбин кардааст.

Нуридин Қаршибоев, раҳбари Иттиҳолияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нансмит дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз ҷараёни тафтишоти аввалияи парванда ва собит нашудани иртиботи Урунбой Усмонов бо ҳизб – ут – таҳрир истиқбол мекунад. Ба ақидаи оқои Қаршибоев, аз ҳама муҳим, дар ҷараёни тафтиши парванда бояд меъёрҳои байнулмилалӣ ва миллии озодии баён нақз нагардад.

Вай афзуд: «Ғайр аз ин, ба назари ман, зарур аст маводе, ки Урунбой Усмонов дар мавзӯъи бархӯрд бо ҳизб – ут – таҳрир навиштааст, бояд мавриди ташхиси ҷиддии забоншиносӣ қарор бигирад, то ин ки ба таври асоснок дар навиштаҳои ӯ мавҷуд будани даъват ба ин ҳизб радъ карда Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ
шавад. Ҳамчунин, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонуни Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори омма рӯзноманигор дар сурати боз шудани парванда метавонад манобеъи худро ошкор созад».

Дар робита ба ин рӯзноманигор Абдувосит Салимзода мегӯяд:
«Урунбой Усмнов ба ҳайси як журналист кӯшиш мекард ба ҳар ҳодисаи муҳиме, ки дар шимоли Тоҷикистон рух медиҳад, баҳои воқеӣ бидиҳад. Вале ман ҳеҷ мушоҳида накардаам, ки вай дар гузоришҳои худ ақидаҳои ҳизб – ут – таҳрирро тарғиб мекарда бошад ё бо аъзои ин ҳизб ягон иртиботе дошта бошад. Умедворам баррасии қазияи вай одилона сурат мегирад ва исбот мегардад, ки агар вохӯриҳое ҳам бо аъзои ин ҳизб дошт, дар доираи фаъолияти рӯзноманигориаш анҷом гирифтааст».

Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнири боздоштшудаи Би — Би — Си мегӯяд, вай дар доираи салоҳиятҳои худ, ба ҳайси хабарнигори сабтиномшудаи расонаи хориҷӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Қонунҳои ин кишвар фаъолият мекард, ки ба хабарнигор пинҳон доштани манбаъи иттилоъотиии худро кафолат медиҳад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24249058.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *