Гузоришгари вежаи СММ Дэвид Кайе бо намояндагони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 4-уми март полковник Зумрад Абдуллозода, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҷаноби Кайе ва ҳамроҳонашро қабул кардааст.
Дар ин мулоқот, дар бораи вазъи озодии сухан, риояи ҳуқуқи инсон, муносибат нисбати васоити ахбори омма ва амсоли ин суҳбат кардаанд.
Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки “Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо ҷомеа, амнияти шаҳрвандон, сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инъикоси хабару ҳодисаҳои марбут ба фаъолияти мақомот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои марбутаи кишвар як қатор корҳои муайянро ба анҷом расонида, тамоми чораҳои заруриро дар ин самт меандешад”.
Дэвид Кайе бо як сафари якҳафтаина ба Душанбе омадааст, субҳи имрӯз бо Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон низ мулоқот дошт.
http://www.tojnews.tj/tj/news/mulokoti-namoyandagoni-vkd-bo-guzorishgari-vezhai-smm