Ҳукумати ноҳияи Шахритус дар ҷануби Тоҷикистон барои осон кардани кори кормандони эҷодӣ ва техникии ҳафтаномаи «Субҳи Шахритус» шароити фаннӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва кампютерҳои замонавӣ харидорӣ мекунад.
Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Шаҳритус, имрӯз 18 сентиябр дар мулоқоти корӣ бо Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Анҷумани милии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа зикр кардааст, ки ин ҳафтанома ҳабарҳои муҳим ва қарору дастурҳои ҳукуматро интишор мекунад, ки ягона воситаи огоҳсозии мардум аз хабарҳои ноҳия мебошад.
Дар мулоқот, ки масъулини АМВАОМТ бо Азизи Фатоҳ, сармуҳаррири «Субҳи Шаҳритус» ва ҳайати эҷодии нашрия доштанд, бештар дар мавриди дастрасӣ ба хабарҳо аз мақомоти қудратӣ, суд ва прокуратура суҳбат шуд.
Фардо, 19 сентябрь, ҳамин гуна мулоқот бо кормандони ҳафтаномаи «Тахти Қубод»- и ноҳияи Қубодиён низ дар назар аст, ки ҳадаф аз он ошноии хабарнигорони ҳафтаномаҳои ноҳиявӣ ба қонунҳои соҳаи ВАО ва пешниҳоди машварати ройгони ҳукуқӣ бо хабарнигорон вобаста ба фаъолияти касбиашон аст.
Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.