Ду рӯзи қабл Адолат Сайдфуллоева, сардабири ҳафтаномаи “Тахти Қубоди ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон, дар суҳбати телефонӣ аз таҳқир шуданаш аз ҷониби Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиен хабар дод.
Намояндагони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён ва Адолат Сайфуллоева, хабарнигор мулоқоти як ба як анҷом додаанд, ки ҳадаф бо роҳи якдигарфаҳмӣ ба роҳ мондани муносибати кории хабарнигор ва раиси ноҳия будааст.
Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар Хатлон ба раиси ноҳия ва хабарнигор дар мавриди ҳуқуқу уҳдадориҳои раиси ноҳия ва хабарнигор суҳбат кардааст, ки интизор меравад хабарнигор ва раиси ноҳия суҳбатеро анҷом диҳанд.
Адолат Сайфуллоева, хабарнигор ба он хотир муроҷиат кардааст, ки дар маҷлиси шабонгоҳи Саъдулло Бекназаров, ширкат накардааст ва дар миёни мардум таҳқир шудааст.
Хабарнигори шабакаи мониторинги нақзи хуқуқи журналистон ва ВАО.