Шабакаи иҷтимоии Фейсбук (Facebook) барои корбаронаш хизматрасонии нав пешниҳод карданист, ки имкон медиҳад, ки муштариён “мукотибаи пинҳонӣ” дошта бошанд.
Масъулини ин шабака гуфтаанд, айни ҳол барои фаъол кардани лоиҳаи мобилии ин хидматрасониро тадбир андешида истодаанд.
Мутобиқи лоиҳаи ҷадид истифодабарандагон метавонанд, бе зикри ному насаб ва ҷойи кору таҳсили худ дар ин шабакаи иҷтимоӣ сӯҳбат кунанд.
Тавре рӯзномаи Ню-Йорк (The NewYork Times) иттилоъ медиҳад, барномаи мазкур дар ҳафтаҳои наздик фаъол мегардад.
Роҳбарии ин лоиҳаро Ҷош Миллер — менеҷер оид ба маҳсулоти ширкати Facebook ба зимма доштааст.
Мақсад аз роҳандозии сервис ё хизматгузории нав «хидмат ба демократия» мебошад. Он имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷомеа озодона ва бидуни тарс дар шабака баррасӣ шавад.Ин сервис имкон медиҳад, ки истифодабарандагон бо номҳои дигар бе зикри расмиятҳои ҳаётиашон вориди баҳсу мунозирот гарданд.
Коршиносон бар онанд, ки агар воқеъан ин сервис ҳамчунин имконотро фароҳам оварад, пас ҳатман инқилобӣ хоҳад буд.
http://www.tojnews.org/facebook-khidmatrasonii-navi-mukotibai-pinhoniro-ba-roh-memonad