[b]Мо ба дараҷае нарасидаем, ки нашрияҳоямон аз дӯконҳо дар ҳоли навбатпоии хонандагони бешумор (чанд лаҳза ҳам бошад) фурӯхта шаванд. Мо ба дараҷае нарасидаем, ки матбуоти озод имкони фаротар аз пойтахти кишвар инъикоси воқеаю проблемаро дошта бошад, ки бештар идоранишин будани журналистонро гувоҳ аст. Аммо дар ҳолате қарор дорем, ки аз ҳама паҳлӯи фаъолияти онҳо андоз меситонем, ки мувофиқи зербанди 2-и моддаи 211-и Кодекси андоз, ба ин зайланд:[/b]
— андози ҳадди ақал (1% аз даромади корхонаҳо);
— андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард (2% аз фонди музди меҳнат);
— андози замин (дар як сол як маротиба);
— андоз аз даромади шахсони воқеӣ;
— андоз аз хароҷот (то 13%);
— андози тибқи низоми соддакардашуда (4% аз даромади корхонаҳо) ва мувофиқ ба Кодекси нави таҳияшудаи андоз, ки аз якуми январи соли 2013 амал хоҳад кард, 6%-ро ташкил медиҳад;
— андоз аз фонд (25% солона).
Агар шавад, ки рӯзномаву маҷаллаҳои мустақили мо аз 200000 сомонӣ боло даромад кунанд, андоз аз арзиши иловашуда низ болояшон бор карда мешавад. Ҳарчанд аз даромади 200000 сомонӣ болои корхонаҳо андози тибқи низоми соддакардашуда ва андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард дар ин ҳол гирифта намешавад, лек боз ҳам вазнинӣ болои ВАО меафтад.
Шояд фикр мекунед, ки ин қадар вазнин будааст, то нашрияе таъсис бидиҳию аз пайи муваффақиятҳояш бошӣ. Аммо ҳоло ҳам ин барои парлумону ҳукумат кам буд, ки ин қадар нашрияҳои мустақилро меҷафиданд ва метарсониданд, ки боз иқдом карданду дар таҳияи Кодекси нави андоз, ки аз якуми январи соли 2013 амал хоҳад кард, андоз аз арзиши иловашуда (НДС)-ро ҳам зам намуданд. Тибқи моддаи 169, банди 2-и он барои таҳвили рӯзномаю маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, асарҳои илмӣ ва ғайра андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ситонида мешавад, ки бечуну чаро боиси муфлисии рӯзномаю маҷаллаҳои мустақил хоҳад гардид. Зеро имрӯз нашрияву маҷаллаҳои хусусии мо то он ҳад камдаромаданд, ки мухбиронашон тавони аз пойтахти кишвар фаротару дуртар рафта, аз он ҷойҳо инъикоси воқеаю мушкили мардумро надоранд. Хатмкардаҳои факултаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии журналистии кишвар бо сабаби камии маош дар идораҳои матбуот, намехоҳанд рӯзноманигор шуда кор кунанд ва барои нашрияҳо низ корманди зиёд доштан муҳим нест. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳоло матбуот ва минбари озодии сухани мо худ дар ҳоли буҳрон аст. Куҷо расад ба он, ки болояшон ин қадар андозбандӣ мекунанд, ки дар боло зикрашон рафт.
Дар Амрико, Англия, Шветсия, Дания, Олмон ва дигар кишварҳои мутараққӣ барои рӯзномаю маҷаллаҳо имкониятҳои зиёди молию ҳуқуқӣ дода шудааст, ки он беҳуда нест. Пеш аз ҳама барои ҳифзи идеологияи миллӣ ва фалаҷ нагардидани ҳукумат аст.
Даргириҳо ва тазоҳурот дар Тунис, Либия, Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи наздик, ки боиси истеъфои ҳукуматҳо низ шудааст, ҳамин хел ба вуқӯъ наомадааст. Балки бо пошидани «шарбати заҳролуд», яъне иттилооъ ва мулоҳизаҳои бофтаю сохтаи ҷосусони интернетии Ғарб тариқи ВАО дар бораи ҳукумати онҳо ба вуҷуд омадааст.
Пас муфлисии рӯзномаҳои миллӣ ба манфиати кист? Ба манфиати тоҷик? Ба фоидаи ҳукумати кунунӣ? Не! Ҳеҷ гоҳ! Танҳо ба нафъи аҷнабиёни пулдору доною зирак ва муғриз. Ана баъд, онҳо пул медиҳанду матбуоти мустақилро фаъол мекунанд. Ба хотире, ки идеологияи худро тавассути он болои оммаи бедониш бор кунанд ва онро барои фалаҷ гардидани ҳукумат, ваҳдат, якпорчагӣ, демократия, дин ва ғайра ба по хезонанд.
Ин ки вазъ то ҷоест, ки ҳатман буҷаи давлатро бояд тавассути андозбандии ВАО пур кард, «русиёҳист». Агар «русиёҳӣ» нест, пас чаро ширкатҳои тиҷории «Ҳауксин Ғаюр семент», «IRS» ва ахиран «Осиё экспресс»-ро, ки нафъаш чисту соҳибаш кист, мақсадаш чист муайян нест, ҳукумат тавонист аз пардохти андоз озод кунад?
Аммо матбуоти озод аз онҳо дида, барои мардум бамаротиб нафъовартар аст. Рӯзномаҳои давлатӣ дар идораҳо болои ҳам хобанд. Чунки онҳоро ҳатто кормандони давлат ба пуррагӣ намехонанд, ки рисолаташон то ҷое амалӣ шавад.
Ва ахиран як сухани устод Айниро дар нисбати рӯзномаҳо иқтибос меорем, ки гуфтааст: «Миллате, ки рӯзнома надорад, забон надорад». Лек агар устод имрӯз мебуданд, шояд чунин мегуфтанд: «Миллате, ки рӯзнома надорад, аз худ бехуд шуда, забоне мебарорад, ки оқибат худро мехӯрад».
Ташрифуллоҳ САЪДУЛЛОЕВ
Источник: http://www.faraj.tj/index.php?newsid=1517