МУАТТАРА ҶӮРАЕВА БО ЯК ШАРТ АФВ МЕШАВАД

Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизион, ки бо ҷурми қаллобӣ боздошт шуда буд, дар сурати пардохт кардани зарар афв хоҳад шуд.

Бино ба иттилои як масъули Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон, Муаттара Ҷӯраева имкон дорад, ки тибқи қонун афв озод шавад, аммо бояд ӯ зарари расондаашро пардохт кунад. Ин масъули Агентӣ мегӯяд, ки тафтишот дар ин самт идома дорад, дар рӯзҳои наздик натиҷаи он маълум мешавад.

Муаттара Ҷӯраева, 13-уми октябри соли равон бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид. Агентӣ нисбат ба ӯ бо моддаи моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, ӯро дар фиреби чандин сокинон гумонбар медонанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Муаттара Ҷӯраева аз шаҳрвандон Муллоев Н.А. 24300 доллари ИМА, аз Юсупов Ш.А 5000 доллари ИМА, аз Қамбаров Р. А. 3000 доллар, аз Давлатов С.Қ. ва Раҳматшоев С.М. 3370 доллар қарз гирифта барнагардондааст.

Муаттара Ҷӯраева то соли 2005 наттоқи телевизиони Тоҷикистон буд. Дар ҳамон сол номзад ба вакилӣ дар интихоботи парламентӣ шуд, баъди нокомӣ дар интихобот аз кор дар телевизион канор рафт.

Номбурда 4-уми июни соли 1975 дар шаҳри Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  мебошад.

Корро соли 2000 ба ҳайси роҳбари шуъбаи наттоқони телевизиони Тоҷикистион шурӯъ карда, соли 2003 барандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ гардидааст.

http://tojnews.org/magomot-muattara-huraeva-zararro-pardokht-kunad-afv-meshavad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *