Муассиси нашрияи «Пайкон» талаби дигар кардани ҳайати судро намуд

[b]Директори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» Ҷумъа Толибов ва намояндаи ваколатдори ташкилоти мазкур Шӯҳрат Қудратов бо як аризаи радкунӣ оид ба аризаи даъвогии Вазорати адлияи ҶТ нисбат ба ҷавобгарии ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» дар бораи барҳам додани ташкилоти ҷамъиятӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд.[/b]

Ёдовар мешавем, ки Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ — ниҳоди мустақили рӯзноманигорӣ ва муассиси ҳафтаномаи «Пайкон»-ро ба он далел ба додгоҳ кашида буданд, ки ин созмон суроғаи худро бидуни иҷозаи расмӣ тағйир дода, дар ин бора ба мақомот хабар надодааст. Ҳамчунин, ба иддаои ҷониби Вазорати адлия, ин ниҳоди рӯзноманигорӣ дар қайди мақомоти андоз набудааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки суроғаи ин ташкилот ошёнаи 1-уми бинои «Шарқи озод» будаву барои чӣ ба ошёнаи 14-уми бинои мазкур баромада, дар ин бора мақомотро огоҳ накардааст? Аммо Шӯҳрат Қудратов — намояндаи ваколатдори «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ»он вақт гуфта буд, ки дар шартномаи миёни Бюро ва соҳиби бино — маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои «Шарқи озод»-и Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суроғаи созмони рӯзноманигорӣ дақиқ муайян нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъа Толибов — муассиси «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» гуфта буд, ки далели ба додгоҳ шикоят бурдани Вазорати адлия нашри ду матлаб дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Пайкон» аст, ки раҳбарони ин ниҳод низ интиқод шудаанд.

Дар аризаи радкунии ҷониби Бюро гуфта мешавад, ки «Вазорати адлияи ҶТ ба суд бо аризаи даъвогӣ барои барҳам додани ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» муроҷиат намудааст, ки яке аз ваҷҳҳои асосии он пас аз гирифтани Огоҳинома ягон маълумот надодани ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» мебошад. Вале пас аз як рӯзи гирифтани Огоҳинома аз тарафи ТҶ «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» ба Вазорати адлия маълумотнома дар бораи фаъолияти ТҶ ирсол карда шуда буд. Намояндагони Вазорати адлияи ҶТ то санаи 23-юми феврали соли 2011 ин санадро ҳамчун маълумотнома эътироф намекарданд. Аз тарафи ҷавобгар ба суд оид ба гузарондани ташхиси судӣ дар бораи муайян намудани ба кадои санади меъёрию ҳуқуқӣ марбут будани санади ба Вазорати адлия пешниҳодшуда дархост шуда буд. Дар дархост аз ҷумда қайд мешуд: дар баррасии парванда маълум гардид, пас аз огоҳиномаи Вазорати адлия аз тарафи ТҶ БМСТЖ маълумотнома ирсол карда шуда буд. Вале намояндагони Вазорати адлия онро ба инобат нагирифта, аввал барои боздоштан, баъд барои барҳам додани ТҶ БМСТЖ аризаи даъвогӣ пешниҳод карданд. Дар рафти мурофиаи судӣ ба Шумо ҳисоботе аз кадом ташкилоти ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд, ки бояд ТҶ БМСТЖ дар ҳамон шакл ба Вазорати адлия ахбор пешниҳод мекард. Дар моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиходияҳои ҷамъиятӣ» таъкид мешавад, ки Ташкилоти ҷамъиятӣ ба мақомоти болоии худ бояд маълумотнома пешниҳод намояд. Азбаски бе муайян кардани он, ки маводи ба Вазорати адлия (пас аз гирифтани огоҳнома) пешниҳод намудаи ТҶ БМСТЖ ба кадом намуди санади ҳуқуқӣ дохил мешавад, ба ҳалли объэктивона ва холисонаи парванда ғайриимкон аст, аз Шумо мепурсем, ташхиси судӣ гузаронида шавад».

Ҷониби Бюро дар аризаи радкунии худ қайд намудаанд, ки ҳангоми муҳокимаи дархост дар маҷлиси судӣ риоя нашудани мавқеи бетарафӣ ва тарафи даъвогарро гирифтани раисикунандаи мурофиаро мушоҳида кардаанд. Ба ҳамин хотир онҳо талаб намудаанд, ки аризаи радкунӣ қонеъ ва баррасии парванда ба ҳамин суд дар ҳайати дигар гузаронида шавад.

Бояд зикр намуд, ки айни замон «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ», ки соли 2008 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 16 сабти ном шудааст, ҳоло дар ошёнаи 14-и ин бино фаъолият мекунад.

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11903&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *