Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе муаррифии тадқиқот оид ба афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар баргузор гардид.
Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» мебошад. Ҳадафи тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ба ҷо овард, муайянсозии афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар аст.
«Солҳои тулонӣ афзалиятҳои аудиторияи ВАО бетағйир боқӣ мемонданд, аммо намудҳои ВАО тақрибан якхела рушд мекарданд, — зикр кард директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов.
– Аммо даҳсолаи охир бо он фарқ мекунад, ки дар ин давра намудҳои нави ВАО – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо (паёмбарҳо) ба вуҷуд омаданд. Дар саросари ҷаҳон шакливазкунии тадриҷии ВАО рух медиҳад. Технологияҳои нав тамоюлоти навро ба миён овардаанд, ки то ҳол омӯхта нашудаанд. Як вазифаи мо маҳз муайянсозии дараҷаи гузариши аҳолии Тоҷикистон ба технологияҳои нав буд, — илова кард Юсупов.
Гуфта шуд, ки тадқиқоти мазкур аудиторияи ВАО-и пешрафтаро муайян карда, барои интихоби самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи соҳа ва ё ВАО-и алоҳида ёрӣ мерасонад.
Дар маҷмӯъ, дар тадқиқот зиёда аз ду ҳазор нафар посухдиҳанда аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» барои ин тадқиқот методологияи махсус таҳия гардидааст.
Тадқиқот бо дастгирии молиявии Комиссия оид ба рушди демократияи Сафорати ИМА дар ҶТ гузаронда шудааст.