Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) роҳнамо барои журналистонро бо номи “Чӣ тавр ба баҳси судӣ роҳ надиҳем?” муаррифӣ намуд.
Ин дастурамал дар доираи лоиҳаи «Менеҷменти ВАО ва бехатарии эҷодии журналистӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии IMS (International Media Suppot) ва Сафорати ИМА дар ҶТ нашр шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки вақтҳои охир ВАО ва журналистони ҷавон зиёд ба додгоҳ кашида мешаванд.
Дар ин роҳнамо шаш қазияи судӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, қазияи судии «Азия – плюс» бо даъвои созмонҳои эҷодиву илмӣ, қазияи Аскар Ҳаким бо ҳафтаномаи “Самак”, қазияи Тӯраҷонзода нисбати телевизиони Суғд, қазияи Рустам Ҳукумов зидди рӯзномаи “Имрӯз News”, инчунин парвандаи маъмурӣ нисбати Амрулло Низомов ва қазияи ҳабси наворбардори хабаргузории “Озодагон”.
Дар баробари, ин барои журналистон тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид дар дастурамал зикр карда шудааст:
— Журналистон ва муҳаррирони ВАО-ро зарур аст, ки меъёрҳои қонунгузории ҶТ-ро бо диққат омӯзанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро дар амал истифода баранд.
— Ба ягон хел протокол бе ширкати адвокат ё дигар намояндаи қонунии ҳимоякунанда имзо нагузоранд.
— Дар семинарҳо барои журналистон усулҳои қонунии муносибат бо шахсони мансабдорро омӯзондан зарур аст.
— Ба журналистон истифодаи ҳуқуқии воситаҳои дастрасӣ ба ахбори расмӣ омӯзонда шавад.
Чанд маслиҳат барои журналистон вобаста ба марҳилаи пас аз гирифтани қарори суд:
— Ба қарори ба дасти шумо додашуда беаҳамият набошед, махсусан агар он ба манфиати шумо набошад. Ҳар қадаре, ки онро зудтар дастрас кардед, ҳамон қадар имконияти зиёдтари аз болои он шикояти кассатсионӣ кардан доред.
— Протоколи маҷлиси судиро бо диққат омӯзед ва агар дар он нишондодҳои шоҳидии ба воқеият мувофиқнаоянда, ҷараёни нодурусти вориднашуда ва ғайраҳоро пайдо кардед, эродҳоятонро барои ба протокол ворид намудан омода созед ва онҳоро ба конселярияи суд супоред. Эродҳои мазкур бояд бо иштироки ҳамон тарафҳои суд ва судя баррасӣ гарданд ва аз рӯи онҳо бояд қарори алоҳида бароварда шавад.
— Инчунин, маводи парвандаро бо диққат омӯзед. Эҳтимол ҳуҷҷатҳое пайдо мешаванд, ки онҳо дар ҷараёни мурофиаи судӣ баррасӣ нашудаанд. Дар ин бора судяро бо аризаи алоҳида огоҳ созед.
— Ба мӯҳлати аз болои қарори суд ба мақомоти гуногун шикоят кардан аҳамият диҳед ва онро риоя кунед. Агар эҳсос кунед, ки ҳақ ҳастед ва ба адолат боварӣ доред, ҳамаи имкониятҳоро барои аз болои қарори суд шикоят кардан истифода баред.
Ин дастурамалро журналистон хуб пазируфта, қазияҳои дар он ҷойгирифтаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Намояндагони ВАО дар охир ба хулосае омаданд, ки ин дустурамал барои журналистони ҷавон як роҳнамо дар фаъолияти эҷодиашон хоҳад буд.
http://matrix-tv.tj/muarrifii-rohnamo-oid-ba-bahshoi-sudjj-baroi-zhurnaliston/