[b]Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон муқаррароти марбут ба тавҳину таҳқирро аз қонуни кайфарии ин кишвар ҳазф кард.[/b]
Пешниҳоди ислоҳи қонуни кайфарӣ дар ин замина рӯзи панҷшанбеи 31 май дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба иттифоқи орои аъзои порлумон тасвиб шуд.
Дар сурати тасвиби ин муқаррарот аз сӯйи Маҷлиси миллӣ ва раиси ҷумҳур таҳқир ва таҳвин дигар «ҷиноят» маҳсуб намешавад, балки ҷурми идорӣ дониста мешавад.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумон дар бораи ин тағйирот ба қонуни кайфарӣ гуфт: “Бо бардошта шудани моддаҳои 135 ва 136 аз қонуни ҷиноӣ одамон дигар барои тӯҳмат ва таҳқир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намешавад.”
Оқои Ватанов афзуд: “Яъне таҳқир ва тавҳин ҳамчун ҷиноят эътироф намешаванд ва барои ҳамин комилан аз қонуни ҷиноятӣ берун карда шуд. Албатто ҳар касе ҳаққи ҳимояи шаъну шарафи худро дар баробари тавҳин ё тӯҳмат дорад ва метавонад дар сурати лозим дар чорчуби кодекси гражданӣ ин корро анҷом бидиҳад.”
Ба ин тартиб, шаҳрвандон, аз ҷумла, рӯзноманигорон барои нашри матолиби таҳвиномез ва ё таҳқиромез муҷозоти ҷиноӣ нахоҳанд шуд. Барои ҷароими идорӣ (ё маъмурӣ) муртакибин маъмулан ҷарима мешаванд.
Намояндагони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башар аз чанд сол пеш ба ин сӯ аз давлати Тоҷикистон хостори лағви ин муқаррарот шудаанд. Таъкид мешуд, ки вуҷуди ин муқаррарот дар қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон мӯҷиби густариши худсонсурӣ мешавад.
Вале ин мавзӯъ замоне дар порлумон матраҳ шуд, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ Президент Раҳмон зимни суханронии худ дар маросиме ба муносибати 100-умин солгарди нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ хабар дод, ки ин муқаррарот бояд аз қонуни кайфарӣ ҳазф шавад.
Дар ҷараёни баррасии ин тағйирот ба қонуни кайфарӣ дар порлумон низ таъкид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар «суханронии тантанавии худ таъкид кардааст, ки ин муқаррароти қонуни ҷиноӣ озодии байнро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад.»
Соҳибназарон эътиқод доранд, ки лағви ин муқаррарот ба тавсеъаи озодии баён дар Тоҷикистон мусоъидат хоҳад кард, зеро аз ин ба баъд шароити ба додгоҳ кашида шудани рӯзноманигорон маҳдуд хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир мавориди ба додгоҳ кашида шудани рӯзноманигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.
Барои мисол соли гузашта Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар шимоли Тоҷикистон дар пайи интишори матолибе интиқодӣ дар бораи мақомоти маҳаллӣ ба иттиҳоми «тавҳин, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» 11 моҳ дар боздошт ба сар бурд. Додгоҳи Хуҷанд ӯро ба 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли маҳрумият аз фаъъолияти хабарнигорӣ маҳум кард.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/05/120531_sq_if_press.shtml