Муҳокимаи даъвои собиқ аксбардори президент аз сар гирифта шуд

Қарор аст, 20-уми июли соли 2018 мурофиаи собиқ аксбардори президенти Тоҷикистон Геннадий Ратушенко бо даъвои он ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои ӯро поймол кардааст, дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз гардад.

Парвандаи мазкурро судяи суди ин ноҳия Хайрулло Ҳабибуллозода бозбинӣ мекунад.

Дар рафти марҳилаи омодасозӣ, 29-уми июни соли ҷорӣ, даъвогар Геннадий Ратушенко ба суд изҳор дошта буд, ки маҳз аз тариқи аксҳои ӯ Тоҷикистон дар намоишгоҳ муаррифӣ гардид. Ӯ ҳамчунин гуфта буд: «Бо сабаби поймол гаштани ҳуқуқҳоям саломатиамро аз даст додаам. Ва ман асосҳои қонунӣ дорам, ки ҳуқуқҳоям дағалона вайрон карда шудаанд».

Судя Хайрулло Ҳабибуллозода ҳангоми мурофиаи марҳилаи омодасозӣ гуфта буд: «Агар асосҳои қонунӣ мавҷуд бошад, ҳатман суд онҳоро ба назар мегирад».

Ёдовар мешавем, ки Геннадий Ратушенко аз суд барои поймол шудани ҳуқуқҳояш дар ҳаҷми 140 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар хоста буд.

Дар аризаи Геннадий Ратушенко, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардидааст, гуфта шудааст: “Ҳамчун суратгири машҳури Тоҷикистон, моҳи июни соли 2011 маро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кислякова Л. П. барои муҳокимаи имконияти аз ҷониби ман пешниҳод шудани хизматрасонии аксбардорӣ даъват намуд. Бинобар баргузор намудани Намоиши байнидавлатӣ дар шаҳри Москва бахшида ба 20-солагии ИДМ таҳти унвони «20-солагии ИДМ: Имкониятҳои нави ҳамкорӣ», ки гузарондани он аз 28.06.2011 то 03.07.2011 дар намоишгоҳи шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба нақша гирифта шуда буд, Кислякова Л. П. иброз намуд, ки ба омода намудани лавҳаҳои (плакатҳо) сатҳи касбӣ зарурат ба миён омадааст. Кислякова Л. П. ҳамчун муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси масъул маро боварӣ кунонд, ки ҳаққи кори ман мувофиқи нархгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Кори иҷрошударо Кислякова аз ман дар CD-диск, ки дар он расмҳои омодашуда сабт шуда буданд, гирифта, ба Москва ба намоиш фиристод. Дар намоиш расмҳо ва лавҳаҳои мавзӯии омоданамудаи ман ба намоиш гузошта шуданд. Аммо ҳангоми пешниҳод намудани ҳисобварақа (счет-фактура) барои иҷрои корҳо шартномаи муаллифӣ имзо карда нашуд”.

Ӯ ҳамчунин дар аризааш таъкид медорад, ки бо назардошти индексатсияи музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 20% маблағи шартномаи муаллифӣ аз рӯи фармоиши мазкур айни замон 48 984 (чил ҳазору нуҳсаду ҳаштоду чор) сомониро ташкил медиҳад: “Илова бар ин, аз лаҳзаи аз ҷониби ман пешниҳод шудани хизматрасониҳо 7 сол сипарӣ шудааст ва мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ман ҳуқуқ дорам аз тарафе, ки уҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи муаллифӣ иҷро накардааст ҷуброн намудани товони зарар, аз ҷумла фоидаи аз даст рафтаро талаб кунам”.

Ин аккоси машҳур аз суд хоҳиш кардааст, ки товони маблағи шартномаи муаллифӣ барои иҷрои фармоиш, бинобар иҷро нашудани уҳдадориҳо аз рӯи шартномаи хизматрасонӣ маблағи фоидаи аз даст рафта, бинобар поймол шудани ҳуқуқҳои муаллиф, товони зарар барои расонидани зарари маънавӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасонии адвокат ҷамъ ба малағи 140 000 сомонӣ аз ҳисоби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида шавад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17103-mu-okimai-da-voi-sobi-aksbardori-prezident-az-sar-girifta-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *