МТЖТ Соли навро ба оилаи журналисти зиндонӣ табрик гуфт

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки муассиси нашрияҳои«Фараж»«Самак»«Ману ту», сайтҳои интернетии www.faraj.tj, www.faraj.com.tj мебошад, ба аҳли оилаи журналист Муҳаммадюсуф Исмоилов, сокини ноҳияи Ашт, ки ба гумони гирифтани 100 сомонӣ ба муддати 11 сол зиндонӣ гардид, дар арафаи Соли Нав кӯмаки моддӣ ва ба кӯдаконаш тӯҳфаҳо фиристод.

Ёдовар мешавем, ки айни замон ба ҷуз аз Муҳаммадюсуф Исмоилов, ҳамчунин Аминҷон Гулмуродзода, сардабири сайти интернетии www.faraj.com.tj, ки моликаш МТЖТ мебошад, барои дар шашсолагӣ барои худаш сохтани шаҳодатномаи таваллуд айбдор дониста шуда, дар зиндон мебошад.

«Ин бори тӯҳмат ба сари ҳар як журналист, хоҳ вай журналисти ҳукуматӣ бошад хоҳ мустақил, омаданаш мумкин аст. Соли ҷорӣ мо тасмим гирифтем, ки барои кӯдакони худи кормандон тӯҳфаҳои солинавӣ нагирем ва тӯҳфаҳои ҷудошударо чун кӯмак ба оилаи журналистони зиндонӣ расонем» -гуфт муассиси МТЖТ, раиси Шӯрои ВАОТ Хуршедҷон Ниёзов.

 

http://faraj.tj/news/11860-mtzht-soli-navro-ba-oilai-zhurnalisti-zindon1251-tabrik-guft.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *