Ҳоло дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардида истодааст.
Тавре хабарнигори Faraj.tj аз макони нишаст иттилоъ медиҳад, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ дар соли 2015 ин марказ зиёда аз 67 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1396 саҳифа пешниҳод намудааст.
Ҳамзамон, дар соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар ин ниҳод як симпозиуми сатҳи байналмилалӣ, 5 конфронси илмию амалӣ ва як мизи гирди нақшавӣ гузаронида, ба замми ин, дар соли 2015 5 конфронси илмию амалӣ ва 8 мизи гирди ғайринақшавиро низ доир кардааст.
Дар маҷмӯъ, дар Марказ 10 конфронси илмӣ-амалӣ ва 9 мизи гирд гузаронида шудаанд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати ҶТ дар соли 2015 ҳамчунин ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст.
http://faraj.tj/news/12032-mts-dar-yak-sol-67-guzorishi-ta1203lil1251-peshni1203od-kardaast.html