Аввали моҳи январи соли оянда нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз мегарданд, Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014 гузориш хоҳанд дод.
Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин тариқ, рӯзи 5-уми январ нахуст нишастҳои хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Вазорати маориф ва илм ва ҳамчунин Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ доир мегарданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.
Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидаааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.
http://news.tj/tj/news/mo-i-yanvar-nishast-oi-khabarii-vazoratu-idora-o-o-oz-megardand