Агар даҳони дудбаро баста шавад, бухорӣ дар даруни худ метасфад, то даме ки як рӯз битаркад. Агар мушкилоти ҷомиа гуфта нашавад, имкони ислоҳи ин ҷомиа аз байн меравад. Башарият то ҳол як ҷомиаи идеалии бидуни мушкил сохта натавонистааст ва ҷомиаи Тоҷикистон низ орӣ аз мушкилот нест.
Мусоҳибаи Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ бо Мирзои Салимпуp
Боби I Мирзо дар ҳаёт
Дуруд ба шумо!
Сипос аз шумо барои имкони чунин гуфтугӯ ва дуруд ба якояки хонандагони «Пайк”!
Оғози суҳбат бисёр хуб аст барои дафтари хотиротро варақ задану аз давроникӯдакию наврасӣ чизе гуфтан…
Ман дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаам. 6 сол доштам, ки падарам маро бамактаб бурд, вале на мактаби худи Мортеппа, балки ба мактаби рақами 15 дар деҳаи бо моҳамсояи Шӯроб, ки маркази колхози ба номи Жданов буду бинои дуқабата дошт ва азмактабҳои пешрафтаи он замон ба шумор мерафт. Дар мактаб хеле фаъол ва аълохон будам– сардори синф, раиси дружинаи пионерӣ, раиси кумитаи хонандагон… Ва дар олимпиадаҳониз аз мактаби рақами 15 зиёд намояндагӣ кардаам. Боваратон намеояд, вале даролимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби нишони нуқра шудам. Ва боз аз фанни химия!
Бобои модариам Ёқуб Юсупов аз солҳои 30 то миёнаи солҳои 60 раиси колхози Жданов, якраиси овозадор ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ. Хеле ҳайбат доштанд ва ҳатто мо,набераҳо, аз ӯ бим мекардем. Ҳарчанд дар даврони кӯдакии мо он кас дигар раис набуд,даврони пирӣ меронданд. Тағоҳоям Шарифи Юсуф ва шодравон Муҳаммадӣ хеле мардонидастурхондор буданд. Шарифи Юсуф бо ҳама ҳунармандони маъруфи он давр дӯсти наздикбуд ва ман гулҳои сари сабати фарҳанги тоҷик – Лоиқ, Гулрухсор, Отахон Латифӣ, АкбариТурсон, Бозор Собир, Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳи Шодӣ, Хурмо Ширин, Далер Назар,Давлатманди Хол ва даҳҳои дигарро бори аввал дар хонаи ӯ вохӯрдам. Хурд будам ва бобаҳонаи хидмат ба меҳмонон пешашон мерафтам, ки аз сӯҳбаташон баҳрае бардорам.
Тағои Шарифам китобхонаи хеле бой дошт ва ман аз ҳамин китобхонаи ӯ бори аввал боашъори Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур ошно шудам, нахустин фитаи таронаҳоиГугушро, ки он замон хеле камчин буд, низ тағоям Шариф бароям сабт кард.
Фикр мекунам, ҳамин муҳит дар ниҳоят боис шуд, ки ман бо медали нуқра аз химия пуштиилми химия нарафтам ва ё дар давраи донишҷӯӣ бо вуҷуди исрори устоди математикаам бариштаи риёзии донишгоҳ нагузаштам.
Аз даврони ҷавонию донишҷӯӣ гӯед ва намонад ногуфта, ки он давраҳо чӣ вижагиихос доштанд?
Алоқаи худам баъди хатми мактаб ба забону адабиёт ва шарқшиносӣ буд, вале падарам, ки он вақт муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор буд, чунин пешаҳоро ҷиддӣ намешумурд. Бо тақозои падар ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ ҳуҷҷат супурдам. Ба риштаи баплангирӣ, ки асосан фарзандони калонҳо дохил мешуданд, нагузаштам ва омадам ба риштаи баҳисобгирӣ, ки факултаи камбағалҳо шумурда мешуд. Даврони донишҷӯии мо (солҳои1986-1990) ба давраи бозсозӣ рост омад, ки дар Шӯравӣ ошкорбаёнӣ сар шуд, кам-кам ҳаракатҳои милливу демократӣ ба майдон меомаданд. Дар ҳавои ҳамин ҳаракатҳо дар соли1989 ман бо Ҷумъахон Исоев ва Барот Мақсудов, устодони риштаҳои химия ва физикаи донишгоҳ ва Сафари Мастонзод, коргарифабрикаи пойафзол дар моҳи марти соли1989 нахустин тазоҳурот дар Душанберо ташкил кардем. Ин тазоҳурот бо талабимақоми давлатӣ барои забони тоҷикӣ буд. Мутаассифона, бисёре аз чеҳраҳои машҳурифарҳангии мо тарсиданд, ки ба мо ҳамроҳ шаванд. Танҳо Давлат Худоназаров, ки раиси Иттифоқи синамогарон буд, ҷуръат карду ба мо аз анбори Иттифоқ як рупор дод. Рӯзитазоҳурот устодони донишгоҳ синф ба синф гашта, ҳамаро бо овози баланд ҳушдор медоданд,ки касе митинг наравад! Вале чун хуни тоҷикӣ доштанду худашон ҳам мухлиси мақомидавлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буданд, боз оҳиста мегуфтанд, худатон медонед. Вале дарфакултаи баплангирӣ, барои мисол, деканаш дари бинои факултаро аз берун қуфл кард, кикасе митинг наравад. Як қисми донишҷӯён аз тиреза ҷаҳида ба мо ҳамроҳ шуданд, валеқисмати асосии тазоҳургарон аз факултаи баҳисобгирӣ буд. Ҳамаи шиорҳо дар хобгоҳҳоифакултаи баҳисобгирӣ дар маҳаллаи 33-юм навишта шуданд. Дар навиштани шиорҳо бачаҳоаз Донишкадаи политехникӣ кумаки зиёд карданд.
Мардум аз корпуси шашум ба самти марказ ҳаракат кард ва баъди убури бинои осорхона бароҳи мошингард баромад. Мо ҳамин тавр шиорзанон ба майдони Ленин (ҳоло Дӯстӣ) расидем.Баъди чанде бачаҳо аз донишгоҳи тиббӣ ба раҳбарии Абдулло Давлатов (ҳамоне ки ҳоло яке азҳомиёни фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст) расиданд. Сипас аз донишгоҳҳоидигар ва майдон пур шуд. Ҳукумати вақт чун дид, ки ба гирифтани пеши роҳи тазоҳуротзӯраш нарасид, раиси парлумон Ғоибназар Паллаевро пеши мо фиристод. Дар ҳар сурат,ҳамин тазоҳурот, фикр мекунам, боис шуд, ки ҳукумати коммунистии он даврон билохирафикрашро дигар кунад ва 22 июли соли 1989, 4 моҳ баъди тазоҳуроти мо қонуни забонидавлатӣ қабул шуд.
Волидон чӣ нақш доранд дар ҳаёти Мизои Салимпур?
Падари ман корманди давлатӣ буд ва хеле раҳбари серталаб. Мо, фарзандон, ростӣ, роҳатираисии падарро кам дидем. Чанд сол раиси як совхози сабзавоткорӣ буд ва дар ҳар мавсимиғунучини чӣ карам ва чӣ помидору чӣ сабзавоти дигар дар он совхоз ҳашар эълон мекард. Вамо писарони раис бояд дар ин ҳашарҳо дар сафи аввал ширкат мекардем. Он кас тавонистандяк совхозеро, ки ба зарар кор мекард, ба як хоҷагии пешрафта табдил диҳанд ва сабзавоташ тоба Хабаровску Ёқутистон бурда мешуд. Ҳамеша дар даруни кор буданд, лаҳзае бекористоданашро намедидам. Соли 1992, вақте ҷанг сар шуд, ҳамагӣ 50 сол доштанд. Боевикҳоибебасар ӯро, ки барои рушди ноҳияи Ҳисор хидмати зиёд карда буд, ду дафъа барои куштанбурданд. Шукри Худо, афроди солимақле ёфт шуданд, ки наҷоташ диҳанд, вале дигардилаш монд. Аз ҳамон синни 50 солагӣ дигар хонашин шуд ва ҳама вақташро фақат банигоҳубини боғи бузургаш, ки мисли як биҳишт буд, сарф мекард. Албатта, мо, фарзандон, дастамон мерасид ва нагузоштемаш, ки хор шавад, ё ягон камбудеро дар рӯзгор эҳсос кунад, вале маълум буд, ки то дамимаргаш аз онки нисбаташ чунин қадрношиносӣ карданд, дарунакӣ дард мекашид. Модарам бо онки фақат таҳсили миёна дошт ва хонашин буд, хеле хушмутолиа буданд ва маро ҳам ба хондан ташвиқ мекарданд. Бисёр шудааст, ки меомад, то маро барои анҷоми ягон кори хона даъват кунад, вале вақте медид, ки сарам хам китоб мехонам, оҳиста мерафту худаш ҳамон корро мекард ва ё аз ягон каси дигар кумак мехост. «Монед, бачаам хонад” мегуфт.
Зиндагии имрӯза чӣ гуна ҷараён дорад? Бисёре аз хонандаҳои «Пайк” аз он ҷумламухлисони навиштаҳои шумо, инро донистан мехоҳанд.
Ростӣ, зиндагиам баъди ҷанги шаҳрвандӣ ранги «умре дар мусофират”-ро гирифт. Соли1993 дар Туркманистон, сипас то соли1998 дар Маскав. Баъди сулҳ ба Ҳисор баргаштам, вале ҳамагӣ ду сол дар Ватан зиндагӣ кардам, ки ба радиои «Озодӣ” ба Прага барои кор даъватам карданд. Инак, 16 сол боз инҷоям. Кори «Озодӣ” ҳам тамом шуд, вале азбаски фарзандонам инҷо мактаб мерафтанд, дар Прага мондам. Моҳи ноябри соли 2016 сомонаи «Ахбор”—ро ба роҳандохтам, ки шукри Худо, хонандаи худро ёфт ва бо ҳамин сомона машғулам имрӯз.
БОБИ II Мирзо дар Журналистика
Шумо кай фаҳмидед, ки журналист шуданатон мумкину зарур ва мақсад азжурналист шудан дар чӣ буд?
Аслан омадани ман ба журналистика як тасодуф буд. Даврони донишҷӯӣ чанд мақолае дар рӯзномаи ноҳиявии «Байраќи ленинизм” (ҳоло – «Ҳисори Шодмон”) навишта будам ва чандмақолаи дигар дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ – «Ҷавонони Тоҷикистон”, «Ҷумҳурият” ва ҳаттодар «Коммунист Таджикистана” ба забони русӣ. Соли чоруми донишгоҳ мехондам, ки як рӯзба идораи «Ҷавонони Тоҷикистон” сар задам. Он солҳо муд буд, ки ба ҳар суханронии раҳбариСССР Михаил Горбачёв вокуниш ҷамъ кунанд. Камоли Қурбониён ва Қироншоҳ Шарифзодаҳам дунболи чунин вокуниш мегаштанд ва аз ман хостанд чизе бинависам. Шиштамуҳамонҷо навиштам. Вақте хонданд, маро гирифта, пеши сардабири «Ҷавонон” Талъат Нигорӣбурданд, ки ана, касе ки мекофтем. Талъат Нигорӣ низ матлабаки навиштаамро хонд вавақте фаҳмид, ки ман дар риштаи иқтисодӣ таҳсил дорам, билофосила пешниҳоди корам дод.Ӯ гуфт, ки гузариш ба иқтисоди бозорӣ сар шудааст, вале азбаски журналистон ҳамахатмкардаҳои риштаи филологияанд, дар фаҳмидани мафҳумҳои нави иқтисодӣ, чункооператив, иҷора ва амсоли ин мушкил мекашанд. Ҳамин тавр, ҳар рӯз қонунҳои навмебароянд, ки тафсири касбӣ мехоҳанд. Ҳамин тавр, бо мусоидати Устодон КамолиҚурбониён ва Қироншоҳи Шарифзода ва дастгирии Талъат Нигорӣ ман журналист шудам. Якҷои кориро ду тақсим карда, маро ҳамчун иқтисоддон ва Ҷумъа Давлатзодаро, ки дар риштаиҳуқуқ таҳсил мекард, ҳамчун ҳуқуқшинос ба кор гирифтанд. Ҷумъа Давлатзода баъдан бакасби худ баргашт ва ҳоло дар мақоми баланди раиси Агентии хидмати давлатии Тоҷикистонкор мекунад. То поёни соли 1990 дар «Ҷавонон” кор кардам, вале баъди аз кор рафтаниТалъат Нигорӣ ва Камоли Қурбониёну Қироншоҳ Шарифзода ҷои мо ҳам дар инҷо танг шуд.Муддате дар «Адолат” кор кардам ва сипас аз рӯзи аввали таъсисаш то поёни соли 1992 дар«Чароғи рӯз”. 5 соли ҷанг дар Туркманистону Маскав асосан машғули соҳибкорӣ будам васоли 2000 ба радиои «Озодӣ” рафтам – як сол дар Душанбе ва 14 соли дигар дар Прага коркардам. Ва ҳоло, тавре гуфтам, дар сомонаи мустақиле, ки худам таъсис додам бо номи«Ахбор”.
Чӣ шуморо ба журналистика пайваст?
Албатта, омаданам ба журналистика, чуноне қисса кардам, тасодуф буд, вале монданам дар ин касб як кори фаҳмида. Журналистика ин оинаест, ки дар он ҷомиа ҳусну қубҳи худромебинад. Аз оина набояд касе хафа шавад, чунки вазифаи журналист ин аст, ки ҳам хубуҳам бадро бигӯяд, то ҷомиа ислоҳ шавад, албатта, ба сӯи беҳбудӣ. Ман вазифаи худамроҳамеша дар ҳамин оинадорӣ дидаам, оинае ки мушкилоти ҷомиаро бепарда бигӯяд, на камкунад, на зиёд, балки воқеиятҳоро нишон бидиҳад. Ба хотири ҳамин рисолат то имрӯз ранҷиин касбро мекашам, ҳарчанд бо дипломи риштаи иқтисодӣ метавонистам дунболи пешаи оромтареро бигирам ва шояд ҳатто ба ягон мақому мансаб ҳам бирасам, чун дигарҳамсабақони донишгоҳиам, ки аксар соҳибмақом ва бонуфузанд имрӯз.
Бисёриҳо шикоят мекунанд, ки навиштаву гуфтаи журналист имрӯз қариб, ки баафкор таъсир надорад, шумо ба кадом назаред?
Мутаассифона, ҷамъи ҳоким имрӯз ба гунаест, ки болонишастаҳо ба он тасвири «қишлоқитилоӣ”, ки сохтаанд, худашон ҳам сахт бовар кардаанд ва ончиро ки ин тасвирро, ба ақидаионҳо, «доғдор” мекунад, хуш надоранд. Бахусус матлабҳои танқидӣ дар матбуотро. Валеинсоният то имрӯз ба сохтани ҷомиаи идеалӣ ноил нашудааст. На дар Тоҷикистон ва на дарягон гӯшаи дигари дунё. Ягон ҷамъият бе камбудӣ нест ва барои ислоҳи камбудӣ он боядгуфта шавад. Хабарнигорони тоҷик ҳам вақте мебинанд, ки матлабҳои фошгӯёнаи онҳоҳамчун душманӣ ба низом ва худи онҳо барои чунин матлабҳо мухолифи ҳукумат қаламдодмешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дам ба дарун бигиранд ва ё ба мавзӯъҳои «безарар”гузаранд. Ин тамоюл нафақат дар матбуоти маҳаллӣ, балки дар расонаҳои байналмилалӣҳам эҳсос мешавад. Ва аммо мардуми оддӣ, ки хонандаи асосии мост, инро эҳсос мекунад ватабъан ба ончӣ ки дар матбуот менависанд, дигар бефарқ шудааст. Дар зеҳни аксар ин ақидаҷо шудааст, ки чизе барои хондан нест, хоҳ—нохоҳ журналистон аз мавзӯъҳои доғ чашммепӯшанд. Дар натиҷа, мо эътимоди хонандагонро аз даст додем. Инҷо, тавре гуфтам, айбиболо ҳам ҳаст, вале аз як тарафи дигар, аз худи мост ки бар мост.
Журналистикаи мо ба киҳо метавонад фахр кунад ё киҳо айни ҳол ливобардорониЖурналистика ба шумор мераванд?
Азбаски ман дур аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунам ва дастрасӣ ба расонаҳои чопиронадорам, бардошти ман метавонад як андоза ноқис бошад, чун бар пояи матолибест, ки дар Интернет мегузоранд ва ман имкони мутолиаи фақат ҳамин матолибро дорам. ТилавРасулзода ва Неъмат Мирсаидовро ҳамеша бо шавқ мутолиа мекунам. Сайёфи Мизробробарои сабки хосаш дӯст медорам, ҳарчанд аз истифодаи беш аз ҳадди вожаҳои русӣ дарматлабҳояш хушам намеояд. Раҷаби Мирзо хеле қалами тавоно дорад ва сад ҳайф, ки ӯроимрӯз аз минбар маҳрум кардаанд ва Раҷаб бо он диди таҳлилии бақувваташ имрӯз дарпушти матлабҳои табрикотӣ паноҳгоҳе барои худ сохтаву дигар амалан лаб фурӯ бастааст, киҳайф аст. Аз Хуршеди Атовулло хушам меояд, вақте бо ҳавсала ва бидуни андешаи ину онменависад. Абдулазизи Восеъ қалами хубе дошт, вале мутаассифона, хеле вақт боз чизинаве, ба ҷуз аз шарҳҳои кӯтоҳ дар Фейсбук аз ӯ нахондаам. Аҳмади Иброҳим аз Кӯлоб хабарҳое меёбад, ки одам кайф мекунад. Аз бачаҳои ҷавон чанд мусоҳибаи ахири Одили Нозир боадибони шинохта хуб буд. Шаҳрзоди Амин аз «СССР” як сабки вижае дорад, ки матлабҳояшронахонда намешавад. Ё гузориши Орзуи Карим дар бораи барканории мудири бахши занони ноҳияи Хуросон барои як иштибоҳи доиранавозон дар ҳузури президент як шоҳкор буд вабеҳуда нест, ки худи раисиҷумҳур шахсан ба ин қазия вокуниш карда, ҳақро ба ҳақдор расондва он занро дар мақомаш барқарор кард. Орзу Исоев дар замони кораш дар телевизиони «Сафина”-ро ва ҳоло сӯҳбатҳои ихтисосиаш бо ситораҳои эстрадаро дар «Позитив Продакшн”дӯст медорам. Дар телевизион боз Мубориз ҳаст, ки ӯ низ бо як сабки хосу ҷаззоб барномамесозад. Аз журналистони ба истилоҳ «фейсбукӣ” Зафар Абдуллоев як лаҳни танзомези ҷолибва танқидҳои нишонрас дорад, Холиқназар Ҷумъаев мавзӯъҳоеро мебардорад, ки аз чашмижурналистон дур мемонад. Журналистони бақувват зиёданд, вале танг шудани муҳитқисмеро аз матбуот дур кард ва қисме эҳтиёткор шуданд. Ба ҳар сурат, боз мегӯям, кибардошти ман асосан бар пояи матлабҳоест, ки аз интернет мехонам ва агар касеро фаромӯшкарда бошам, узр.
Ба ҷуз аз хабар шумо боз дар кадом жанрҳо менависед?
Азбаски ман дар сомонаи «Ахбор” асосан ба танҳоӣ кор мекунам, ҳоло бештар рӯи гузоришҳоихабарӣ маҳдуд шудаам. Чунки дар воқеъ барои таҳлили масоил ва навиштани мақолаҳоитаҳқиқотӣ, ё анҷоми мусоҳибаи муфассали ихтисосӣ вақт намерасад. Сомонаи хабарӣ мислиқӯраест, ки ҳар соат бояд ба он ҳезум, манзурам, матлаби нав партофт, ки хонандаҳо боматлабҳои нав ба нав таъмин шаванд. Ва баъзе рӯзҳо чунон пурхабар аст, ки бо як даститанҳо барои пайгирии тамомаш даст намерасад.
Ҳоло, хушбахтона, як каме имкон барои ҷалби хабарнигорони дигар пайдо шуд ва агардастам бозтар шавад, ҳатман дар фикри пайгирии жанрҳои дигар ҳам хоҳам шуд. Чун худамҳам хеле муштоқи анҷоми мусоҳибаҳову навиштани мақолаҳои таҳлиливу таҳқиқотӣ шудаам.
Таҳдидро чӣ гуна қабул мекунед?
Танқидро қабул дорам, таҳдидро ё таҳқирро не. Хонандагон зиёд менависанд, ки дар фалонхабар иштибоҳ рафтааст ва ё инки воқеияти ин хабар дар асл чунин нест. Ба чунинхонандагон ҳамеша изҳори сипос мекунам ва ташвиқашон ҳам мекунам, ки агар иштибоҳедиданд, бидуни ягон парво матраҳ кунанд, чун ин барои беҳбуди натиҷаи кори мо мусоидатмекунад. Вале вақте бархе мехезанду аз ҳаво ба ман мечаспанд, ки ту фалону фалон ва азтаҳқир ҳам ҳазар намекунанд, посухеро, ки сазоворашанд, дар ҳамон ҷояш мегиранд.
Вақте аз навиштаи шумо ба касе нафъ мерасаду таъсир чӣ гуна ҳолат МирзоиСалимпурро фаро мегирад?
Албатта, эҳсоси қаноатмандӣ аз натиҷаи коре ки анҷом додем. Хусусан вақте дар бораи ягонмариз ё хонаводаи ниёзманд менависем ва хонандагони зиёде дар тамос мешаванд васуроғаи он ниёзмандонро мегиранд, то кумаке барояшон бирасонанд, сарамон ба осмонмерасад.
Вале, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ангуштшуморанд. Дар бештари мавридҳо навиштаҳои моилоҷи мушкили корафтодагон намешаванд, зеро қадри сухани матбуот дар ҷомиаи мо баандозае нест, ки мебоист. Ё вақтҳои охир дар бораи дармондани пасандозҳояшон дар бонкҳошикояти зиёд меояд. Дили одам ба ин амонатгузорони бечора, ки ба бонкҳо бовар карда, ҳамадороии худро ба онҳо супурдаанд, месӯзад. Вале медонем, ки сад бинависем, бонкҳоибӯҳронзада аз чанги бӯҳрон халос намешаванд ва касе пули ин бечораҳоро барнамегардонад. Дар чунин ҳолатҳо, албатта, одам аз нотавониаш дар амри кумак ба ин мардум дилгирмешавад.
Мушкилии асосии Журналистикаи мо чист?
Фикр мекунам, як мушкили асосӣ, албатта, камбуди ҳаво барои нафас кашидан аст. Фазоиозодии матбуот дар чанд соли охир, мутаассифона, хеле танг шуд ва хабарнигорон дар ин фазои тангу нафасгир маҷоли зиёд дасту по задан надоранд. Ба ҳамин далел, маҷбурмешаванд худро бо мавзӯъҳои ба истилоҳ «безарар” андармон кунанд ва ё рӯзи худро беҳудабо чолидан дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кунанд.Вале ҷомиа мисли якбухорист ва матбуот, ба таъбири роиҷ, мисли дудбаро барои ин бухорӣ. Агар даҳонидудбаро баста шавад, бухорӣ дар даруни худ метасфад, то даме ки як рӯз битаркад.Инки даҳони матбуотро мебанданд ва ё имкони баррасии масоили доғро барояшнамедиҳанд, оқибати хубе надорад.Аз як тараф, дар даруни худ тасфидани бухории ҷомиаро гуфтем, ки чӣ пайомад дорад ва аз тарафи дигар, агар мушкилоти ҷомиа гуфта нашавад, имкони ислоҳи ин ҷомиа аз байн меравад. Башарият то ҳол як ҷомиаи идеалии бидуни мушкил сохта натавонистааст ва ҷомиаи Тоҷикистон низ орӣ аз мушкилот нест.
Дар мо, мутаассифона, оинаеро, ки ҳусну қубҳи ҷомиаро намоён кунад, шикастанд ва як чизи оинамонанде мехоҳанд, ки фақат ҳуснро намоиш диҳад, қубҳро баракспинҳон кунад, то табъи кадом мансабдор хира нашавад.
Дар бораи сомонаи Ахбор чӣ гуфта метавонед барои хонандаи «Пайк”?
Сомонаи «Ахбор” —http://akhbor.com/-як сомонаи мустақили хабарист, ки ман баъди рафтаназ радиои «Озодӣ” таъсис додам. Ҳадаф пур кардани холигоҳе буд, ки ба далели худсонсурӣдар майдони матбуоти тоҷик ба вуҷуд омадааст. Дасти мо назар ба нашрияҳои маҳаллӣбозтар аст, чунки маркази сомонаи «Ахбор” дар Аврупо ҷойгир шудааст. Як шарти асосиикори сомонаи «Ахбор” худдорӣ аз ҷиҳатгириҳои сиёсӣ аст, яъне мо ба ҳар мавзӯъ талошмекунем, холисона ва бетараф бархӯрд кунем, на оппозитсияи ҳукуматем ва на тарафдораш— кори хубашро хуб мегӯем, камбудиашро – камбудӣ.
Ман ин сомонаро моҳи ноябри соли 2016 сохтам ва то имрӯз асосан худам ба танҳоӣгардонандагӣ мекунам. Як моҳи охир, шукри Худо, хабарнигорони ҷавон аз гӯшаҳоигуногуни Тоҷикистон ҳамкориро бо «Ахбор” сар карданд ва ин хеле кори моро осонтар кард. Ба вижа дар мавриди дастрасӣ ба хабарҳои доғи дасти аввал.
Истиқболи хонандагон ба сурати умум аз сомонаи «Ахбор” хуб аст. Ҳар рӯз 20 -25 ҳазор сареба сомонаи мо мезананд ва то имрӯз ҷамъи матолиби мутолиашудаи «Ахбор” ба 3 миллионназдик мешавад, ки барои як расонае, ки бораш асосан ба дӯши як нафар аст, натиҷаи баденест.
Як чиз муаммост барои мо, Мирзои Салимпур аз «Ахбор” чӣ фоида мегирад ва азкадом ҳисоб гонарар медиҳад?
Моҳи августи соли ҷорӣ сомонаи «Ахбор” як гранти хурде ба даст овард, ки имкон медиҳад бамуаллифонаш ҳаққи қалам ҷудо кунад. Дигар ҳама гуна паҳлуҳои фаъолияти сомона сирфаз ҳисоби муассис, ки худи ман ҳастам аст.
Хулосаи шумо аз ин сўҳбат
Хеле изҳори ташаккур мекунам ба нашрияи мӯҳтарами «Пайк” барои имкони ин гуфтугӯ ваба ҷамъи хонандагони «Пайк” орзуи хонаободӣ ва муваффақият мекунам. Ва аз онҳо даъватмекунам, ки ба матлабҳои сомонаи «Ахбор” ҳам таваҷҷӯҳ кунанд. Албатта, дар канори «Пайк”.
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ, «Пайк”
Аз редаксия: Мусоҳиба тариқи шабакаи фейсбук анҷом дода шудааст.