МИЛЛАТГАРОИРО НАБОЯД ТАБЛИҒ КАРД

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Ҷаҳони бемиллатгароӣ-вазифаи умумии башарият» раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб дода, аз ҷумла ҳодисаи ҷанде пеш дар майдони Манеж ба амал омадаро шарҳ дода, онро чун мубориза бо миллатгароӣ арзёбӣ намуд.

«Зарур аст, ки ҳодисаи рӯйдода таҳлил ва сабабҳои ба амал омадани он омӯхта шуда, гунаҳгорон муҷозот шаванд, қайд намуд ӯ. Зимни ин ҳодиса ба амалиёте, ки ба барангезиши миллатҳо равона шудаанд, махсусан иҷозат дода нашудааст». Тибқи суханони С. Миронов танҳо бо ҷазо ва тадбирҳои манъкунанда ин масъаларо ҳал намудан номумкин аст. «Ба мо раванди маориф ва тарбияе зарур аст, ки дар саҳифаи китобҳо ва мафкураи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ғояи таблиғоти миллатчигиро роҳ надиҳад», — иброз намуд сардори Шӯрои Федератсияи Русия. С. Миронов изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи Қонуни намунавӣ ба муқобили миллатчигӣ, ки аз ҷониби Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба масоили инкишофи донишкадаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардидааст, аз ҷониби дигар давлатҳо бо хушнудӣ пазируфта мешавад.

«Дар қонунгузории миллӣ дар ин ё он шакл меъёрҳои ҳуқуқие заруранд, ки шаҳрвандонро аз миллатгароӣ бояд эмин нигоҳ доранд. Накӯкорӣ, ҳамдилӣ ва эҳтиром ба якдигар зарур аст. Танҳо он вақт миллатгароӣ пешгирӣ ва маҳв мегардад», — гуфт дар анҷом С. Миронов.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://www.khovar.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16741&Itemid=13

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *