«Миллат» мехоҳад барои журналистон пайкараи «Қалам» гузошта шавад

Ҳафтаноми «Миллат» пешниҳод мекунад, ки ба истиқболи 25-умин солгарди истиқлол пайкараи «Қалам» ба хотири гиромидошти рӯҳи журналистони шаҳид як гушаи шаҳри Душанбе гузошта шавад.

Масъулини ҳафтаномаи «Миллат» дар саҳифаи фейсбуки ин ҳафтанома навиштаанд, «Чаҳоряки аср аст, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлол шуда, истиқлоле, ки ба қавле «ба роҳатӣ» ба даст омадааст, ва ё ба мо «тақдим» шудааст. Аммо танҳо кифоят аст, ки мо назаре холисона танҳо ба ҳамин 25 соли ахир бидӯзем ва бубинем, ки барои ин истиқлол мо чӣ қадар қурбонӣ додаем. Чӣ ҷавонмардоне дар айни шукуфоӣ ормонӣ ин оламро тарк гуфтаанд».

Дар идомаи ин навишта таъкид кардаанд, ки бояд лаҳзае умри худро барои ёдоварии ин азизон бахшем ва ва ёди онҳоро гиромӣ дорем: «Биёед, ҳадди аққал дар моҳи хотира, лаҳзае аз умри худро ба ёдоварии ин азизон бубахшем ва агар қабре барои гулгузорӣ надоранд, рўйи ин санги рамзӣ ба хотири онҳо гулгузорӣ кунем.

Агар шумо хотирае, аз рӯзноманигорони шаҳиди тоҷик доред, лутфан онро инҷо бикоред!

Хотироти Шумо дар китоби сӯгномаи Шаҳидони суханвари ватан ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Ва низ, дар остони 25-умин соли истиқлол ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод мекунем, ки барои гузоштани пайкараи «Қалам» ба хотири ин суханварони аламкаш мавзеъеро ҷудо бисозанд. Ҳаркӣ ба ин пешниҳод ҳамфикр аст, лутфан зери ин матлаб имзо бигузоред»!

http://www.pressa.tj/article/millat-mehokhad-baroi-zhurnaliston-paykarai-kalam-guzoshta-shavad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *