Мавсими нишастҳои матбуотӣ оғоз мешавад

Аз 16-уми июл то 3-юми августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Иттифоқи журналистон, идораҳои воситаҳои ахбори омма барои маълумот ва иҷро фиристонида шудааст.

Нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 сурат мегиранд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17067-mavsimi-nishast-oi-matbuot-o-oz-meshavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *