Мавқеи расмии оила ва ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов

Дар робита ба ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд оила ва ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари “КВН”-и Тоҷикистон, аз мавқеи расмии худ иттилоия нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад:

“Пеш аз ҳама, мехоҳем ба иттилои аҳли ҷомеа расонем, ки санаи 12 июли соли 2018, оилаи Хайрулло Мирсаидов ба фоидаи давлат 124 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ муайян карда шудааст, ворид намуд. Ин маънои онро надорад, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва ҷониби ҳимоя айберо, ки ба Хайрулло Мирсаидов пешниҳод карда шуааст, эътироф менамоянд. Оилаи ӯ ба хулосае омад, ки дар шароити ҷорӣ маблағи зиён нисбат ба арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест ва чунин иқдомро пеш гирифтанд.

Умедворем, ки Хайрулло Мирсаидов дар рузҳои наздик ба озодӣ хоҳад баромад.

Дар ин робита, оилаи Хайрулло Мирсаидов ва ҳимоягарони ӯ тасмим гирифтанд, ки оид ба моҳияти парванда баёния содир намоянд.

Қабл аз ҳама, Хайрулло Мирсаидов дар ВАО ҳамчун хабарнигори мустақил шинохта шудааст, ва аз ин рӯ, зиёда аз 16 ташкилотҳои васоити ахбор ва созмонҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.

Таҳлили “Муроҷиати” Хайрулло Мирсадиов нишон медиҳад, ки, аслан, ҳадафи мақолае, ки дар он вай ба ҳайси рӯзноманигор моҳияти ҳамкорӣ бо Раесати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро нишон медиҳад, ба хонандагон нишон додани мушкилот буд, на пешниҳоди айбдоркунӣ нисбати ягон шахс.

Мо мехоҳем ба таври масъулона зикр намоем, ки ҷониби айбдоркунанада гуноҳи Хайрулло Мирсаидовро аз рӯи ягон модда исбот карда натавонист. Дар марҳилаи судии баррасии парванда, барои кори ҷониби ҳимоя монеаҳо эҷод карда шуданд, аз ҷумла дар мавриди дастрасӣ ба зерҳимоя ва кор бо маводи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла, нусхабардорӣ намудани ҳуҷҷатҳо. Ба намояндагони ВАО иҷозат дода намешуд, ки техникаи касбиро истифода баранд, аз ҷумла сабти садо бардоранд, ки ин тибқи меъёрҳои мурофиавии кишвар манъ карда нашудааст. Суд сабаби рад намудаашро ҳеҷ гуна шарҳ надод. Қобили қайд аст, ки худи далели интиқол додани пул ба корти бонкии шахсии Хайрулло Мирсаидов ба талабот оиди хароҷоти воситаҳои буҷетӣ мутобиқат намекунад, ки ин аз баёноти мутахассисони дар суд пурсишуда бармеояд.

Зиён ба маблағи тақрибан 124 ҳазор дар асоси санҷише муайян карда шудааст, ки бо хатогиҳо дар рафти тафтишот ва аудит анҷом дода шудааст. Маблағи бениҳоят зиеди зиёни расонидашуда ба таври ғайри воқеъбинона муқаррар карда шудааст, ки ҷониби ҳимоя инро дар рафти мурофиаи судӣ собит намуд.

Хайрулло Мирсаидов худро аз рӯи ҳеҷ кадоме аз он моддаҳо гунаҳгор намешуморад. Дар амали Хайрулло Мирсаидов баъзе варонкунии хурди дастур оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ба назар мерасанд, вале ин амал ҳамчун сохтакории ҳуҷҷати расмӣ шуморида намешванд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва ё озод шудан аз ӯҳдадорӣ намегардад, зеро ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ чунин нестанд. Ҳамчунин, мешуморем, ки суд азонихудкунии маблағро аз ҳисоби буҷаи давлат аз ҷониби Хайрулло Мирсаидов истоб накардааст.

Тафтишот маблағи 45 ҳазор сомонӣ норасогиро дар ҳисобот оид ба маблағҳои ба аъзои дастаи КВН дар давоми 4 соли охир додашуда ошкор намуд.

Бояд қайд кард, ки қисми асоии хароҷот берун аз ҳудуди кишвар ба амал омадааст ва дар ин ҷо далели мубодилаи асъор ҷой дорад. Дар ҳисоботҳои молиявии Хайрулло Мирсаидов маълумотномаҳо ва пардохтварақаҳо аз бонку бонкаматҳо оид ба мубодилаи асъор замима гардидаандв, вале тафтишот ҳангоми гузаронидани санҷиш ин амалро ба инобат нагирифта, қурби мубодилаи Бонки миллии Тоҷикистонро истифода бурдааст, ки ба ақидаи ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов ба талаботи ягон санади меъёрӣ ҷавобгӯ нест. Агар суд далелҳои ҷониби ҳимояро ба инобат мегирифт, ин маблағро аз парванда хориҷ кардан мумкин буд.

Ғайр аз ин, ҳимоя итминон дорад, ки намояндагони ширкати ҶДММ «Аудит 2015», ки санҷиши молиявии фаъолияти дастаи КВН таҳти роҳбарии Хайрулло Мирсаидовро анҷом додааст, ҳангоми пурсиш дар суд бесалоҳиятии комили худро нишон дод. Аз ҷониби аудит ва мутахассис қайд карда шуд, ки дар мавриди истифодаи мақсадноки маблағҳо аз ҷониби Раесати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд камбудӣ ва масъулият ҷой дорад.

Дар ҷараёни судӣ ба аудиторҳо саволҳои мустақим дар бораи принсипҳои ҳисоби маблағҳои истифодашуда ва мубодилаи асъор дода шуданд. Ба саволи адвокат – дар кадом асос аудит хароҷотро бо қурби мубодилаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб кардааст? Бо такя ба кадом қонун? — аудиторҳо посух дода натавонистанд. Адвокатҳо зикр менамоянд, ки дар кишвари мо чунин қоида вуҷуд надорад ва хароҷоте, ки берун аз ҳудуди кишвар карда шудаанд, бояд аз рӯи қурби мубодилаи ҳамон бонке ҳисоб карда шавад, ки амалиётро гузаронидааст.

Инчунин қобили қайд аст, ки талаботи моддаи 346 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии ҷиноятиро барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ оид ба содир шудани ҷиноят пешбинӣ намудааст. Вале, агар маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ, рафтори бадахлоқона, талаботи ғайриқонунӣ, суханҳои ноҷо ва ғайра бошад, он ҷиноят дониста намешаванд, ва гузашта аз он, сабаби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан буда наметавонад. Чунин баёнот таҳти амали ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор намегирад, ҳатто агар фарз кунем, ки Хайрулло Мирсаидов дурӯғ гуфта бошад ҳам, зеро туҳмат ҳанӯз дар соли 2015 декриминализатсия карда шуда буд!

Дар муроҷиати худ Хайрулло Мирсаидов, назари Президенти ҷумҳуриро, Прокурори Генералиро ва Роҳбари вилоятро ба муаммо ва душвории дастаи КВН ҷалб намуд барои бартараф намудани онҳо кумак мепурсад. Мақсади Хайрулло Мирсаидов ҳал намудани муаммои КВН, ба ҷавобгарӣ кашидани Олим Зоҳиздода нест, ва маводҳои дар ВАО нашршуда расонидани хабари бардуруғ намебошад.

Ҳамчунин худи Олим Зоҳидзода, меҳисобад, ки маводи Хайрулло Мирсаидов туҳмату таҳқири оммавӣ шаъну шарафи у мебошад. Таҳқиру туҳмат ҷиноят набуда, дар мурофиаи гражданӣ барраси мегардад, на ҷиноятӣ.

Ҳангоми баромадҳо ҷониби айбдоркунӣ тазаккур дод, ки Хайрулло Мирсаидов дастаи КВН-ро ғайриқонунӣ ташкил карда, онро беасос дастаи Тоҷикистон меномид. Аммо ягон намояндаи мақомот ба худ савол надод, ки чаро шумо ташкилоти ғайриқонуниро маблағгузорӣ мекунед, агар маълум бошад, ки он ғайриқонунист? Ҳуқуқ ба озодии асостсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар Сарқонуни кишвар кафолат шудааст ва ягон қонун фаъолияти КВН-ро дар ҷумҳурии мо манъ намекунад ва ба танзим намедарорад.

Баёнияи мазкур ҳангоми мурофиа ва баромадҳои адвокатҳо аз ҷониби ҳимоя садо дод, вале он низ бе эътинои суд боқӣ монд.

Дар охир, мехостем тазаккур диҳем, ки Хайрулло Мирсаидов дар солҳои охир ба ҳайси роҳбари КВН Тоҷикистон ба натиҷаҳои беназир барои кишвари мо дар ин самт ноил гашт. Онҳо дар шаҳри Сочи дар лигаи минтақавии КВН ғолиб шуданд, ба қатори дастаҳои беҳтарин ворид шуданд. Ӯ ва аъзои даста дар муҳлати кутоҳ тавонистанд, ки эътибори кишварро баланд бардоранд, дар байни дастаҳои минтақа соҳиби эҳтиром гарданд. Маъмурияти АмиК ва намояндагони дигари ин касб дар бораи Хайрулло Мирсаидов ақидаи мусбӣ доранд.

Барои хизматҳои худ Хайрулло Мирсаидов ҳеҷ гоҳ имтиёз, ҷоиза ё унвоне талаб накардааст. Вай тамоми корро ба таври доватлабона иҷро мекард. Шояд, агар вай аз он чизе, ки хабар додааст, чашм мепӯшид ва мусолиҳакорӣ мекард, чунин вазъ ба амал намеомад. Вале ӯ, ҳамчун хабарнигори дорои мавқеи устувор тасмим гирифт, ки нисбати ноадолатӣ ва қонуншиканӣ мубориза барад ва имрӯз ба чунин қисмат дучор омад.

Мо бо қарори суд розӣ шуда наметавонем ва қатъиян ният дорем, ки аз болои санади суди марҳилаи якум шикоят барем ва саъй хоҳем кард, ки зинаи болоӣ қарори одилона содир намояд”.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17093-mav-ei-rasmii-oila-va-onibi-imoyai-khajrullo-mirsaidov.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *