Матбуъоти дањаи 1990: озодие, ки аз Тоҷикистон рахт барбаст

[b]Бо чопи шумораи аввали нашрияи «Растохез» дар моҳи майи соли 1990 дари матбуъоти озод дар Тоҷикистон барои аввалин бор дар беш аз 70 соли ҳукумати Шӯравӣ боз шуд.[/b]

Дар оғози соли 1990 нашрияи «Растохез» танҳо нашрияи ғайриҳукуматие буд, ки ба сурати пинҳонӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба нашр мерасид ва дар Осиёи Марказӣ пахш мешуд.

Чопи ин нашрия бар асари зарурати созмони мардумии «Растохез» дар пайи воқеъоти баҳманмоҳ (феврали соли 1990) сурат гирифт. «Растохез» хеле аз фитнаҳои ҳукумати вақти шӯравӣ ва давлати Тоҷикистонро дар шумораи нахустинаш фош кард.

[b]»Растохези фарҳангӣ»[/b]

Пас аз воқеъоти баҳманмоҳ ва фош кардани фитнаҳои сарони ҳукумат дар ин нашрия, дар Тоҷикистон маъракаи терури маънавӣ ва сиёсӣ бар зидди рӯшанфикрону дигарандешон оғоз шуд. Ва ин раванд чопу пахши нашрияву матбуъоти озодро бо мушкил рӯбарӯ гардонд.

Ба ҳамин сабаб, чанд шумораи нашрияи «Растохез», дертар нашрияи «Адолат» — моҳномаи Ҳизби демукроти Тоҷикистон, дар хориҷ аз кишвар ба табъ расиданд.

Аммо бар асари густариши раванди бозсозӣ фазо барои ба саҳна омадани матбуъоти озод нисбатан боз шуд ва дар моҳҳои баъдӣ шумораи бештари моҳномаву ҳафтаномаҳо ба дасти мардум расид.

Дар ин миён нашрияи «Растохез» дар андешаву афкори мардум ва ҳамчунин дар дидгоҳи сокинони кишвар ба дунёи наву озоди матбуъот нақши барҷастае ифо кардааст.

Нашрияи «Растохез» ба унвони нахустин рӯзномаи пинҳонкор дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзгори сиёсиву фарҳангии кишвари мо — Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ нақши босазое ифо карда буд.

РРастохез» қолабҳои яхбастаи замони шӯравиро шикаста, нахустин бор сухани озод ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъии шӯравӣ ва кишвари Тоҷикистонро фошофош ба маърази афкори мурдум гузошт. Интихоби мавзӯъ, таҳлили воқеъаҳову рӯйдодҳо, пешниҳоди роҳҳои халосӣ аз мушкилоти мавҷуда ҷанбаи асосии маводди нашрияро ташкил медод.

Навиштор бо забони шевои форсии тоҷикӣ, истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти тозаи рангин, на танҳо ҳусни таровати нашрияро боло бурда буд, балки ин раванд дар тамоми соҳаҳои фарҳанги кишварамон таъсири амиқе гузошт ва ба ин маънӣ нашрияи «Растохез»-ро метавон бунёдгузори таҳаввулоти забониву журнолистӣ дар Тоҷикистон номид.

Раванди тозакориҳои забонӣ ва хабарнигорӣ аз нахустин шумораҳои «Растохез» оғоз шуд ва минбаъд ба як ҷараёни муқтадири тозаандешӣ дар кишвар табдил шуд, ки хушбахтона, то имрӯз идома дорад ва пофишориҳои як тӯда болонишинони кӯҳнапараст ва ақабгаро натавонистааст садди роҳи ин маҷрои қудратманд бишавад.

Аз сӯйи дигар, дар замоне ки ҳанӯз чопи кумпютерӣ вориди Тоҷикистон нашуда буд, нашри «Растохез» бо услуби кумпютерӣ (манзур ҳарфҳои хонову яксон ва рӯшани кумпютер дар муқобили ҳуруфи дағалу ноҳамвор ва чашмхиракунандаи дастгоҳҳои фарсудаи Тоҷикистон аст) дар коғази сифати нав таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ҷалб карда буд.

Рӯиҳамрафта, нашрияи «Растохез» ба далели шиддати воқеъоти сиёсӣ ва дастдарозии бархе аз одамон гоҳе маводди камарзиш ва фитнаангезро низ ба табъ расондааст, ки аз вазъи ноҳамвори он солҳо шаҳодат медиҳад.

Дар ин бора Шарофиддини Имом, муъовини вақти раиси созмони мардумии «Растохез» дар китобаш «Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон», ки соли 2003 дар Душанбе чоп шуд, низ таъкид кардааст.

Вай менависад: «Албатта, дар рӯзнома навишта ва шеърҳои носуфта ва дағалу таҳқиромез аҳёнан вомехӯранд, ки аксари онҳо ба ибтикор ва аъмоли худсаронаи Мирбобо Мирраҳимов дар ду шумораи «Растохез» ба табъ расиданд. Бо ин ҳама, «Растохез» ҳамчун нахустин нашрияи озоди миллии Тоҷикистон дар таърихи кишвар воқеъаи муҳимме буд ва маҳбубияти хоссе касб кард.»

[b]»Пинҳон аз чашми КГБ»[/b]

Ҷойи ёдоварист, ки соли 1990 ҳанӯз ҳукумати шӯравӣ побарҷой буд ва нашри як рӯзномаи махфӣ тақрибан аз имкон берун ба назар мерасид. Дар чунин ҳолат танҳо ҷавонмардоне чун литвониҳои ватандӯст чопи «Растохез»-ро бар ӯҳда гирифтанд.

Чопи «Растохез»-ро як узви фаъъоли «Саюдис» шабонгоҳ, пинҳонӣ аз мақомоти зудъамали КГБ ё Кумитаи амнияти давлатии Шӯравӣ анҷом медод. Ҳамин ки рӯзнома аз мошини чоп берун меомад, мо ба дасти холӣ ба Душанбе бармегаштем.

Вазифаи интиқоли нашрияи «Растохез» аз Вилнюс ба Душанбе бар ӯҳдаи дӯстони армании мо буд, ки дар ин замина хидмати бебаҳое анҷом доданд. Дар давраҳои аввал нашрияро ба шаҳрҳои дуртар аз Душанбе, чун Самарқанд, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор меоварданд.

Дар Душанбе ва саросари Тоҷикистон «Растохез»-ро асосан аъзои созмон пахш мекарданд. Ҳарчанд кормандони КГБ ба манзури пешгирӣ аз чопу пахши нашрия тадбирҳое меҷӯстанд, вале бастаҳои рӯзнома ба хориҷи Тоҷикистон, бахусус Самарқанд, Бухоро, Маскав ва Афғонистону Эрон низ мерасид.

Дар ин миён панҷ шумора дар Литвонӣ, як шумора дар Арманистон, як шумора дар Қирғизистон ба табъ расид, ки мавзӯъи интиқоли онҳо ба Тоҷикистон кори сангине буд. Чанд шумораи рӯзнома (маҷмуъан 14 шумора) баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрҳои Кофарниҳону Душанбе ба табъ расидааст.

Дар кори таҳриру чопи нашрия муъовини сардабир Маҳмадъалии Ҳайит, ки воқеъан дар баррасии мавод ва интиқолу пахши рӯзнома ёрии самимона мерасонд, то шумораҳои охир ҳамкорӣ кард. Дар шумораҳое, ки дар Тоҷикистон нашр шуданд, асосан Раҳматкарими Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва шодравон Насими Назруллоҳ ёриву мадади ҳамаҷониба расонданд.

Албатта, хеле аз раҳбарони созмони «Растохез», фаъъолони ҷунбиш ва кормандони рӯзнома баъди чопи ҳар шумора мавриди бозпурсӣ ва тафтиши шабакаҳои КГБ қарор мегирифтанд, вале ин аъмол дигар наметавонист садди роҳи таҳаввулоти ҷомеъа шавад.

Дар «Растохез» навиштаҳои тозаи шахсиятҳои маъруфи кишвар, аъзои «Растохез», устодон Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, олимони шинохта Тоҳири Абдуҷаббор, Шарофиддини Имом, Халифабобо Ҳомидов, ашъори тозаи устод Мӯъмин Қаноъат, Бозор Собир, Лоиқ Шеръалӣ, Фарзона, Шаҳрия, Сайдмуддини Оймаҳмад ва даҳҳо олимону хабарнигорон ба табъ расидаанд.

«Растохез» насими тозаи субҳгоҳие буд, ки дар фазои ғуборолуди меҳани мо сабук вазид ва нафаси тозае буд барои ҳазорон ташнагони сухани нав, дар қолаби тоза, оҳангу шеваи тозаи забон.

[b]»Фазои бози матбуъот»[/b]

Пас аз чанд моҳи нашри «Растохез», «Адолат» — нашрияи Ҳизби демукроти Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1990, «Чароғи рӯз» — нашрияи хусусии Додоҷони Атовуллоҳ, дар моҳи июни соли 1991 ва «Наҷот» — нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар соли 1991, «Минбари ислом», «Ҷоми ҷам» — нашрияи хусусӣ дар Кӯлоб дар соли 1992 ва нашрияҳои зиёде дар фазои матбуъоти кишвар арзи ҳастӣ карданд.

Нашрияҳои ғайриҳукуматии номбурда ва рӯзномаҳои ҳукуматии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат» ва чандин нашрияву рӯзномаҳои дигар дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва ҳатто родию ва телевизиюни давлатӣ дар зери таъсири вазъи сиёсӣ ва матбуъоти озод аз баҳманмоҳи соли 1990 то оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 фаъъолона ба пахшу нашр ва тафсиру тавзеҳи воқеъоти пурсарусадои кишвар пардохтанд.

Мехоҳам ба ин нукта таъкид кунам, ки он гуна фазои бозе, ки дар он солҳо муяссар шуда буд ва матбуъоти чи ҳукумативу чи ғайриҳукуматӣ хеле озоду рӯшан воқеъотро ба мардум мерасонданд, шояд дигар дар Тоҷикистон муяссар нашавад.

Дар матолибе, ки ин матбуъот дар он солҳо дастраси мардум мекарданд, шояд гоҳе камбуду нуқсонҳои ҳирфаӣ, ғалатҳои хабарнигорӣ, ахбори туҳмату буҳтонбарангез низ ба чоп расида бошад, вале дар маҷмӯъ, мардуми кишвар фазои бози сиёсӣ, матбуъотӣ, фарҳанги нави матбуъотро барои аввалин бор ба дурустӣ дарк карданд.

Воқеъбинона бояд гуфт, ки ба туфайли чанд омил — фазои нисбатан бози сиёсӣ, дарёфти ахбор тавассути матбуъот, ки дар гузашта ғайримумкин буд, фаъъолияти сиёсии мардум, дарки воқеъбинонаи вазъ дар кишвар ва минтақа бамаротиб афзоиш пайдо кард.

Кор ба ҷое расида буд, ки вазъи сиёсии кишварро хурду бузург баррасӣ мекарданд ва ба таври лозиму гоҳе нолозим баҳо медоданд. Ба ҳамин далел, мақомдороне, ки дар бисёре маворид ҳадафи интиқод қарор мегирифтанд, аз озодии баён башиддат ошуфта шуда буданд ва онро омили барангезандаи ҷанг мехонданд. Бархе аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳо то ҳанӯз бар ин ақида устуворанд.

Мутаассифона, пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати имрӯзӣ бештарин намунаҳои матбуъоти бахусус озоди он замон, аз сӯйи ургонҳои давлат нобуд карда шуданд, то ки наслҳои баъдӣ натавонанд воқеъоти хунбори он замонро бар пояи навиштаҳои он рӯз таҳлилу баррасӣ кунанд.

[b]»Матбуъоти воқеънигор»[/b]

Фурӯпошии давлати империёлистии Шӯравӣ боъиси сар задани воқеъоти гуногуни сиёсиву иҷтимоъӣ дар қаламрави кишварҳои дар гузашта тобеъи он шуд.

Агарчи фазои бозтаре барои андешаҳои сиёсӣ ва матбуъоти озод пештар, яъне аз оғози солҳои 80-уми садаи гузашта оғоз шуда буд, вале пас аз ба истиқлол расидани ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар соли 1991 тағйироти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоъӣ, бавижа ба ҷанг кашидани ақвому гурӯҳҳои сиёсӣ ва гоҳе миллатҳо дар ин кишварҳо мавзӯъи баҳсе ҷиддӣ дар дунё шуд.

Дар ин раҳгузар, нерӯҳои тозатаъсиси демукротик, матбуъоти тозабунёди ғайриҳукуматӣ ва васоити хабаррасонии ҳукумати Тоҷикистон пешгом буданд.

Дар тӯли солҳои 1989-1992 нашрияҳои тозабунёди «Сухан», «Растохез», «Адолат», «Чароғи рӯз», «Наҷот», «Минбари ислом», «Ҷоми ҷам» ва чанде дигар, ҳамчунин рӯзномаҳои ҳукуматии «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Ҷумҳурият» ва чандин нашрияву рӯзномаҳои дигар дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва ҳатто гоҳе родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар мавриди шикасти давлати шӯравӣ, низоми худкомаи ҳизби кумунист, ки тамоми умури ин кишварро беамон дар қабзаи худ нигоҳ медошт, матолиби зиёде ба табъ мерасонданд ва пахш мекарданд.

Дар ин миён, муборизаи созмони мардумии «Растохез», ки ҳадафи аслиаш ба истиқлол расидани Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони форсии тоҷикӣ ва эҳёи суннату анъанаҳои мардуми тоҷик буд, муборизаро бо ҳукумати шӯравӣ ва дертар, бо ҳукумати тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон, идома дод.

Дертар Ҳизби демукроти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, созмони «Лаъли Бадахшон» ва чандин созмону сохторҳои хурду маҳаллии дигар ба ин мубориза пайвастанд. Дар солҳои 1991-92 ҳукумати вақти Русия ва ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон дар муқобили ин мубориза қарор гирифтанд ва ин боъиси эҷоди иттиҳоди нав — иттиҳоди нерӯҳои демукротик шуд.

Муборизаи пуршиддати ду нерӯ дар Тоҷикистон бо пуштибониву дастдарозии Русия ва Узбакистон саранҷом дар кишвар ба ҷанги дохилӣ мунҷар шуд. Бештарин воқеъоти ҷанги дохилӣ дар матбуъоти он солҳо дарҷ шудааст, ки метавонад бозгӯии вазъи он солҳо бошад.

Барои мисол, нашрияи «Растохез» дар шумораи нахустинаш (майи соли 1990) дар иртибот бо воқеъаи баҳманмоҳи соли 1990 матолиберо бо номи «Номаҳои мардум», «Ким тарафдор?», «Рӯзҳои хунини Душанбе» ба нашр расонда, беэътиноии ҳукумати кишвар ва порлумонро ба қатлу куштори мардум дар ин ҳаводис фош кард.

Дар шумораҳои баъдии «Растохез» матолибе чун «Сотсиализми казармавӣ ва гунаҳкорони бегуноҳ» (№2) дар бораи ба зиндон кашида шудани ширкаткунандагони эътирозоти баҳманмоҳ, чун Камол Холов ва дигарон, «Акси садои хунинмоҳ», «Минбари туҳмат ва хушомадгӯйҳо» (№3) дар бораи тақаллуби ҳукумат ва телевизиюни давлатӣ дар мавриди баҳманмоҳ чоп шуданд.

[b]»Комилан махфӣ»[/b]

Мақолаи «Ба ёрии таблиғгарони ҲКИШ, додситонӣ ва КАМ ҶШС Тоҷикистон», ки ҳовии асноди махфии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд, «Комилан махфӣ» (№6), ки санади махфии давлати шӯравӣ дар мавриди ба ғуломон табдил додани миллатҳои тобеъаш ва матолиби гуногуни дигар низ дар шумораҳои ин нашрия ба табъ расида буд.

Ин нашрия то хеле вақт дар фазои матбуъоти тоҷик яккатоз буд ва табиъист, ки чунин матолиби дарҷшуда дар фош кардани асрор ва фоҷеъаи давлати шӯравӣ ва думрави он, ҳизби кумунисти Тоҷикистон, нақши боризе доштааст. Чоп ва пахши чунин матолиб дар андешаи мардум таъсири ҷиддие ба ҷо гузошт ва барои нашрияҳои баъдӣ роҳи нав кушод.

Нашрияи «Адолат» аз моҳи октябри соли 1990 то оғози ҷанги дохилӣ дар сафҳаҳояш матолибе чун «Дом», «Озодӣ — ҳадиси азизтарин», «Дар Қурғонтеппа боз бетартибӣ», «Рӯзҳои сиёҳи Хатлон» (дар бораи ҳамоиш ва ҳуҷуми баталёни Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақт, ба ин шаҳр), «Вақте мардон мегирянд» (дар бораи ҳуҷуми дастаҳои Сангак Сафаров ба Қурғонтеппа, таъсиси ситоди «Наҷоти Ватан» ва «Фронти халқӣ», ҷангҳо дар вилояти Хатлон, қатлу куштор, дахолати артиши Русия дар ҷанги дохилӣ, суҳбатҳои телефунии Набиев бо раҳбарони артиши Русия) ва даҳҳо маводди дигар аз тақаллубу беҳамиятӣ ва гурӯҳбозии мақомоти ҳукуматӣ ба нашр расонда буд.

Нашрияи хусусии «Чароғи рӯз» низ навиштаҳои шадидуллаҳне чун «Рахш (дар) интизори Рустам аст» (дар бораи гирдиҳамоиҳои соли 1991), «В.В. Петкел: Ман дар рухсатӣ будам» (воқеъоти феврали 1990), «Сафаръалӣ Кенҷаев барои сулҳ омада буд», «Шикасти ҳамлаи гургон», «Сангаку Рустам Аштро Кӯлоб карданд», «Дастат аз гӯр берун намонад», «Кумитаи азияти миллӣ», «Ман тарсак не» ва даҳҳо матолиби дигар доир ба воқеъоти солҳои 1990-ум, оғози ҷанги дохилӣ, бесалоҳиятии раиси ҷумҳур, порлумон ва мақомоти кишвар ба табъ расонда буд.

Вале дар ин миён барномаи телевизиюнии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар аввали моҳи ноябри соли 1991 хеле ҷолибу хотирмон буд. Ин барнома, ки дар фазои нисбатан орому демукротик, бо дарки масъулият ва одоби рӯзноманигорӣ сурат гирифт, лаёқату самимият ва тавоноии номзадҳоро хуб ошкор кард. Аз сӯйи дигар, ин барнома фазои нисбатан озоди матбуъотро ба намоиш гузошт.

Аммо барномаи дигари телевизиюни тоҷик дар моҳи марти соли 1992, ки онро хабарнигорон «Ҳуҷуми Кенҷаев — раиси вақти порлумон ба Навҷувонов — вазири дохилаи кишвар» унвон карда буданд, низ хеле хотирмон буд. Бовар дорам, хеле аз мардуми кишвар то ҳанӯз ин рафтори худҳоҳонаи раиси порлумони вақтро аз пардаи телевизиюни он сол фаромӯш накардаанд.

Ба ҳамин далел, хелеҳо бар ин боваранд, ки чунин равиши фаъъолитяи Кенҷаев боъиси шиддат гарифтани ҷанги дохилӣ шудааст. Ин намоиш боъиси чопи садҳо маводду эътирознома ва муроҷиъатномаву шикоёт дар матбуъоти он сол шуда буд.

[b]»Қатлу куштори рӯзноманигорон»[/b]

Дар ҷараёни соли 1993, ки фаъъолияти ҳамаи нашрияҳои озод ва хусусӣ қатъ шуда буд, нашрияе бо номи «Cуруш» бидуни эъломи ургони раҳбарӣ ва макони нашр дар чанд шумора дар бораи вуруди ҳукумати нав зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо танку зиреҳпӯшҳо ба пойтахт, матолие интишор дод.

Ин нашрия аз қатли омми зодагони Кофарниҳон, Дарбанд, Ғарм ва Бадахшон, қатлу боздошти рӯзноманигорон, зиндонӣ шудани шоъири овозадор Бозор Собир, дахолатҳои Русия ва Узбакистон дар умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд.

Дар ҷараёни соли 1993 ба баъд аз он дар Тоҷикистон дигар матбуъоти озод вуҷуд надошт ва танҳо расонаҳои зери назари ҳукумат матолибе нашр мекарданд, ки мавриди писанди зимомдорон буд.

Мо натавонистем дар ҳаҷми ин мақола дар мавриди фаъъолияти ҳамаи расонаҳо дар даҳаи 1990 ҳатто ба сурати иҷмолӣ мисолҳое пешкаш кунем. Дар ҳоле ки ҳатто дар миёни матбуъоти озоду хусусӣ ҳам нашрияҳое чун «Сухан», «Ҷоми ҷам», «Наҷот», «Минбари ислом» ва чанде дигар, нашрияҳои марбут ба ҳукумат чун «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» дар чопу дарҷи матолиби воқеъӣ ва дастрасии мардум ба иттилоъоти дуруст ҷойгоҳи мушаххасе касб карда буданд.

Бо гузашти замон, дардҳои синаи мардум баоҳистагӣ зудуда мешаванд, хотираҳои ғамангези ҷанг ба сафаҳоти таърих мекӯчанд, мардуми кишвар аз воқеъиятҳо бештар огоҳ мешаванд. Ҳамчунин, андешаҳои пурғарази гурӯҳҳое, ки матбуъоти озоди даҳаи 1990-и садаи гузаштаро муқассири ҷанг мехонданд, чун нақши рӯи об нопадид хоҳанд шуд.

Аммо матбуъоти он даврон бо ҳама пешрафту камбудаш ба унвони як даврони беназир дар таърихи сиёсӣ ва иттилоъотии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Метавон гуфт, ки наслҳои баъдӣ пешрафтҳои матбуъоти он солҳо ва таъсиру самари онро дар фазои ҷомеъаи нави тоҷик, намоди озодии баён ва сухан бештар кашф ва дарёфт хоҳанд кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120307_ea_tajik_press_1990s.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *