Масали машҳури мардумӣ «Ман тут гӯям, Шумо бед мефаҳмед», ба вазъи имрӯзаи матбуоти тоҷик созгор меояд.
То ҳанӯз рисолати аслии ВАОТ, махсусан матбуоти чопӣ дар Тоҷикистон, рӯшан нест. Сабаб, аз дидгоҳи шахсии хеш ба рисолати журналист баҳо додани мақомоти гуногун ва ҳатто худи рӯзноманигорон аст.
Масалан, агар барои мақомоте вазифаи журналист ҳамон вазифаи кормандони маркази матбуотӣ бошад, барои дигаре дар арафаи ягон ҷашн ҳашт саҳифаи нашрияро аз комёбиву муваффақиятҳои раис пур кардан аст.
Агар барои мақомоте посух нигоштан ба навиштаи кадом шахси «номақбул» вазифаи аслии хабарнигор бошад, барои дуюмӣ ҷамъ овардани чанд журналист ба нишасти матбуотӣ рисолати асосӣ маҳсуб меёбад.
Худи хабарнигорон ҳам гоҳо саргум мезананд: Агар яке ҷонибдорӣ аз шахси ҷабрдидаю ҷустуҷӯи адолатро вазифаи ҷониаш донад, дигаре дар баробари худ фақат «сояи душман», — намояндаи ин ё он мақомотро меҷӯяд.
Агар яке ҳифзи армонҳои миллӣ, ҳимоят аз забони модарӣ, марзу буми кишварро журналистика ҳисобад, дигарӣ бо ин ё он роҳ, бо тарс додани ин ё он нафар чизе «кандан» -ро масъулияти аслии худ мешуморад.
Гурӯҳи дигаре ки на ҷуръати ҳимоят аз адолат дораду на ҳунари ҷамъ кардани чанд рӯзноманигор ба нишасти хабариро, танҳо навиштани ёдномаю сӯгворӣ ё васфномаи ин ё он мансабдори гузашта ё имрӯзаро ҳунари касбӣ ҳисобидааст.
Дар ин моваро, хостаҳои худи соҳа ҳам ҳаст, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқанд:
Иттилооти беғараз расонидан ва огоҳ кардани ҷомеа аз ҳама гуна намуди ахбор.
Аммо, дар моварои ин ҳама, перомуни журналистика, махсусан журналистикаи мустақил, чуну чароҳое, ки аз дидгоҳи танги чанд мансабдори каҷбин бармеояд, сахт нигаронкунанда буданду ҳастанд.
Аввалан, ба худию бегона, аниқтараш, ба давлатию мустақил тақсим намудани ВАО аст. Кор то ҷое расида буд, ки 11 март, зодрӯзи аввалин нашрияи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» иди матбуоти давлатӣ шуду 3 май, рӯзи байналмилалии озодии баён, рӯзи матбуоти мустақил. Ин ҳама танҳо ба хотири эҷоди тарқиш миёни матбуоти давлатию хусусӣ буд, ки хушбахтона, солҳои охир барои ислоҳи ин ҳолат, кӯшишҳое ба назар мерасад.
Хандаовар аст ин назар, дар ҳоле ки «Бухорои шариф» ҳаргиз нашрияи Амир Олимхон, амири Бухоро набуд, балки сирф нашрияи мустақил ҳисоб меёфт. Ва ҷонибдори ашаддии на Амир Олимхону ҳукуматаш буду на ҷадидону ислоҳотталабон!
Баъдан, бадбахтии баъзе масъулини ҳизбӣ аст, ки миёни нашрияҳои ҳизбӣ ва мустақил фарқ гузоштан намехоҳанд: Дастандаркорони нашрияи ҲНИТ- «Наҷот», мехоҳанд ҳама ҳафтаномаҳои мустақил мисли эшон андешанду нависанд, дар ҲХДТ бошад, гумон мекунанд майдон додан ба намояндаи ҳизбҳои дигар хилофи сиёсати ҳизбии онҳо аст.
Дар ин байн бошад, имкониятҳоеро, ки корманди (на журналист, фарқ гузоред! Х, А) нашрияи ҳукуматӣ, парлумонӣ, ҳизбӣ дар ҳама масъала дорад (оғоз аз дастрасӣ ба иттилоот то гирифтани мукофотпулиҳо. Х.А) сармуҳаррири ҳафтаномаи мустақил хоб мебинад!
Ҳамаи ин турктозиҳо ба сари матбуоти мустақил, ки имтиёзе аз ҷониби Ҳукумат надорад, вале дар масъалаҳои миллӣ пешгомтар аз дигарон аст, идома дорад ва яқинан сафи чанд нашрияи мустақил дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ то тирамоҳ ба чанд дона мерасад. Якбора паст шудани теъдоди фурӯши ҳафтаномаҳо, афзудани нархи чопу хидматрасонӣ бо баҳонаи боло рафтани қурби «Франклин — тағо» ҳанӯз қадами аввал аст.
Ва дур нест, тавре имрӯз дар вилояти овозадори Суғд, (ки бо мактабҳои журналистии Бобоҷон Икромов, Ғайрат Ҳакимов, Илҳоми Ҷамолиёну дигарон, имрӯз бо мактаби журналистони умедбахш бо хидматҳои Раъно Бобоҷоноваю роҳнамоии Дилбар Самадова ва мактаби амалии Набиюлло Суннатӣ маъруф шудааст), нашрияи мустақиле нест, дар Душанбе ҳам ин ҳолат шояд рух диҳад.
Якуним миллион дона гули лоларо ба қимати як долларӣ овардан ба Суғд осону барои таъсиси як нашрияи мустақил кӯмак кардан ҳамин қадар душвор аст?
«Кадр нест», — нагӯед! Агар кӯҳҷигаре набошад, мо тайёрем ин рисолатро ба дӯш гирем.
Ид муборак!
Хуршед Атовулло
http://faraj.tj/editorial/8458-matbuot.html