Матбӯъот ва низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон: ситез ё ҳамкорӣ?

[b]Имсол аз ташкил ва ташаккули матбӯъоти тоҷик дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин 100 сол матбӯъоти тоҷик роҳҳо ва рисолати гуногунро бар дӯш дошт.[/b]

Замоне дар хидмати ҷомеъа қарор гирифт, замоне комилан ҳадафҳо ва хостаҳои қудрати сиёсиро амалӣ менамуд, замоне дар муқобили баъзе аз арзишҳову масоили миллӣ истод ва замоне барои арзишҳову ормонҳои миллӣ талош варзид.

Дар шароити муъосир матбӯъоти тоҷик фаъъолиятҳои гуногун дошта, усулан дар хидмати ҷомеъа қарор дорад. Сароғози матбӯъоти тоҷик рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд ва ин рӯзнома то ҳол сарманшаъи ифтихори рӯзноманигории тоҷик мебошад.

[b]Баҳси матбӯъоти миллӣ[/b]

Оё дар Тоҷикистон аз оғози истиқлол то кунун матбӯъоти миллӣ ташаккул ёфтааст? Масъалаи ташкил ва ташаккули матбӯъоти миллӣ дар Тоҷикистон то имрӯз мавриди баҳс қарор дорад.

Дар арсаи рӯзноманигорӣ шинохти илмие, ки матбӯъоти миллӣ бар асоси он таъйин шавад, вуҷуд надорад. Аммо аксари нашрияҳои Тоҷикистон ҳамеша муддаъии матбӯъоти миллӣ будан ҳастанд.

Дарвоқеъ, нашрияҳои мо то расидан ба сатҳи матбӯъоти умумимиллие, ки тавонад мавриди баррасӣ ва пазириши ҳамагӣ қарор бигирад, хеле роҳи дарозеро бояд тай намояд.

Албатта, бояд гуфт тамоми нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон нашр мешаванд, як навъ матбӯъоти миллии мо маҳсуб мешаванд, чаро ки онҳо дар ҳудуди давлати Тоҷикистон интишор меёбанд ва махсуси миллати тоҷиканд.

Аммо бо ин арзиш матбӯъоти миллӣ будан ё набудани онҳо мушаххас намешавад. Балки матбӯъоти миллӣ бояд ба шакли як институти (ниҳоди) таъсиргузор дар сатҳи миллӣ шакл бигирад.

Нашрияҳои аввали солҳои истиқлол ҳарчанд аввалин намунаҳои ташаккулёбии матбӯъоти миллии моро ташкил медиҳанд, аммо натавонистанд, ки ҳамчун нашрияҳои сатҳи миллӣ шӯҳрат ёбанд ва ин ҳам чанд сабаб дошт:

Аввал, шароит ва фазое, ки онҳо дар он ба вуҷуд омада буданд, аз нигоҳи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ хеле муташанниҷ буд ва онҳо рисолати як воситаи итттилоърасонии миллиро иҷро карда натавонистанд;

Дувум, нашриёти ин солҳо вобаста ба мавзеъгириашон эътибори гуногун пайдо карданд. Яъне барои як тараф маҳбуб буданд ва барои тарафи дигар тамоман номақбул. Чунин тарзи шинохт барои эътибори умумимиллӣ пайдо кардани онҳо ҷиддан халал мерасонд;

Севум, шароит ва ташаннуҷи сиёсӣ имкон надод, ки онҳо дар маҷмӯъ ба сифати як ниҳоди иҷтимоъии таъсиргузор шакл бигиранд ва аксари онҳо бо дахолати сиёсӣ ва ё фишоровариҳо баста шуданд ё ин ки бо буҳрони эҷодӣ рӯбарӯ шуданд;

Чаҳорум, давраи фаъъолияти онҳо хеле кӯтоҳ буд ва мавҷудият дар чунин як фосилаи маҳдуди таърихӣ имкон надод, ки пояҳои институтсионалии (ниҳодии) онҳо устувор гардад;

Панҷум, матбӯъоти давлатие, ки дар ин солҳо вуҷуд дошт ё ба вуҷуд омад ва то имрӯз мавҷуд аст, нуфузи зиёде надорад ва дар фазои иттилоърсонии мо таъсиргузору хабарсоз нест. Ҳарчанд ин навъи нашрияҳо аз собиқадортарин нашрияҳои мо маҳсуб мешавад.

Дар ҳоли ҳозир нашрияҳои Тоҷикистон барои шакл гирифтан ба сифати матбӯъоти миллӣ талош доранд. Албатта, тақозои ҷомеъаи демукротик ин аст, ки матбӯъоти аз нигоҳи моликият гуногун бояд вуҷуд дошта бошад. Аммо матбӯъоте, ки мо онро дар контексти (бофтори) матбӯъоти миллӣ арзёбӣ кардан мехоҳем, бояд ба чанд меъёр посухгӯ бошад:

1. Давлат бояд матбӯъотро ба сифати як ниҳоди фаъъол ва таъсиргузор дар ҷомеъа ба расмият бишиносад. Дар ҳоле, ки нашрияҳои мо бо шумораи ками аҳолӣ дар тамос аст, ин чиз барои ҳукумати иҷроия қобили ташвиш нест ва нақши онҳо дар идоракунии ҷомеъа (таъсир гузоштан дар марказҳои тасмимгирӣ) хеле камранг мебошад;

2. Аз нигоҳи ҷуғрофиёи паҳншавӣ (тавзеъ) нашрияҳо бояд тамоми қаламрави кишварро фарогир бошанд, ки ин имкон диҳад, то онҳо барои ташаккул ва савқ додани афкори омма таъсир гузоранд;

3. Низоми идории муъосир дошта бошанд. Истиқлоли иқтисодӣ барои матбӯъоти миллӣ хеле муҳим аст ва дар шароите ки пешаи рӯзноманигорӣ ба сифати як сохтори тиҷорӣ дар тамоми дунё мавқеъ ва нуфузи бештар пайдо мекунад, масъалаи мудирияти матбӯъот маҳаки асосӣ мегардад;

4. Тирож ё адади нашри рӯзнома ё ҳафтаномае, ки мехоҳад худро нашрияе умумимиллӣ муъаррифӣ кунад, дар Тоҷикистон набояд камтар аз 50 ҳазор бошад (ин ҳам барои марҳилаи аввал), зеро фарогирии қисмати бештари аҳолӣ нуфузи матбӯъотро афзоиш медиҳад;

5. Шабакаи хабарнигорон бояд дар матбӯъоти сатҳи миллӣ вуҷуд дошта бошад. Тавозуни инъикоси мушкилоти тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бе доштани шабакаи васеъи мухбирон дар аксарияти манотиқи кишвар имконнопазир аст;

6. Масъалаҳои миллӣ ва давлатсозӣ дар нашрияҳо бояд мавриди баҳс ва таҳлилҳои амиқи коршиносон ва рӯзноманигорон қарор бигиранд.

Бо назардошти ин авомил, метавон гуфт, ки матбӯъоти имрӯзи Тоҷикистон ҳанӯз ба дараҷаи матбӯъоти миллӣ нарасидааст.

Агарчи теъдоди нашри нашрияҳои русизабони Тоҷикистон нисбат ба матбӯъоти тоҷикизабон бештар аст, онҳо аслан ҳадафҳои тиҷоратӣ доранд. Барои инъикоси мушкилоти миллӣ таваҷҷуҳ камтар мекунанд ва мухолифати муносибатро ба вуҷуд овардан намехоҳанд.

Ин гуна муносибат ба тиҷорати онҳо таъсир мерасонад ва мувофиқи қонунҳои бозори иттилоъотӣ онҳо аз инъикоси масъалаҳои ҳалталаби миллӣ ва давлатӣ канорагирӣ мекунанд. Ин омил сабаб мешавад, ки онҳо дар матбӯъот ба сифати бозаргон амал кунанд.

Матбӯъоти тоҷикизабони мо дар паҳлӯйи ҳадафҳои тиҷоратӣ ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ низ дорад. Онҳо бештар ба бозори иттилоъотӣ аз роҳи ворид кардани иттилоъоти сиёсӣ ворид шудан мехоҳанд, аммо мушкилоти иқтисодӣ имкон намедиҳад, ки аз мавзеъгирии худ дифоъ кунанд ё устуворона идома диҳанд.

Аз ҷониби дигар, мақомоти давлатӣ ва баъзе аз мансабдорон дар симои матбӯъоти ба истилоҳ мустақил як унсури ҷомъеаи шаҳрвандиро намебинанд, балки ба он бештар ба як қудрати мухолиф муносибат мекунанд. Матбӯъоти давлатӣ бошад, барои онҳо ҳамчун як \»нафари худӣ\» мебошад.

Яъне матбӯъоти давлатӣ дар ҳама гуна маврид аз онҳо ба сифати мақоми давлатӣ ҳимоят мекунад, ки ин мухолифи усули рӯзноманигории демукротик мебошад. Ҳоло он ки сухан дар бораи мушкилоти ҷомеъа мераваду матбӯъот сарфи назар аз шакли моликият масоилро инъикос мекунад, сабабгори мушкилот будани мақоми давлатӣ ва ҳар ниҳоди дигарро бо дар ихтиёри хонанда гузоштани хабар ва маълумот нишон медиҳад.

Фаъъолияти камранги мақомотро \»хеле хуб\» нишон додани матбӯъот ё васоили иттилоърасонии умумӣ хосси кишварҳоест, ки низоми сиёсиашон ғайридемукротик, яъне тоталитарӣ (яккатоз) ё авторитарист (худкома) аст.

Ба ин манзур хулоса мешавад, ки матбӯъоти тоҷик дар роҳи талош барои расидан ба сатҳи матбӯъоти миллӣ қарор дорад. Роҳкори аслие, ки метавонад барои зудтар сипарӣ кардани ин роҳ мадад кунад, ҳамоно шинохти рисолати матбӯъот аз ҷониби ниҳодҳои дигари ҷомеъа, пеш аз ҳама ҳукумати иҷроия мебошад.

Яъне гузаштан аз шакли муносибат бо \»рақиб\» ба шакли муносибат бо \»ҳамкор\». Аз ҷониби дигар, матбӯъот ҳам бояд бештар ҳавасманди муносибати \»ҳамкорӣ\» бошад, на \»рақибона\».

[b]Зарфияти кунунии матбӯъоти тоҷик[/b]

Барои нақши бориз доштани матбӯъоти тоҷик дар низоми сиёсӣ, ҳалли муъаммоҳои вуҷуддошта ва истифода аз зарфиятҳо хеле масъалаи калидӣ ба шумор меояд. Ҳоло хеле эҳсос мешавад, ки матбӯъот дар низоми сиёсӣ таъсиргузор шудааст.

Аммо ба назари мо, аз зарфиятҳои дигаре, ки матбӯъоти мо дар ихтиёр дорад, дурусттар ва воқеъитар истифода шавад, таъсири он дар низоми сиёсӣ бештар мегардад ва ин ба рушди давлат ва миллат, бо нишон додани нуқс ва норасоиҳои иҷтимоъӣ ва ё иштибоҳкориҳо мусоъидат мекунад.

Мавҷудияти масъалаи ҳирфаӣ будан, бӯҳрони кодрӣ, низоми ғайримуқаррарии идорӣ, мушкилоти шадиди иқтисодӣ, шумораи ками адади нашр ва омилҳои дигар имкон намедиҳанд, ки аз зарфиятҳои матбӯъоти муъосири тоҷик ба таври муассир истифода шавад.

Пеш аз ҳама, матбӯъоти муъосири тоҷик ба сифати як сохтори тиҷорӣ мавқеъ надорад. Бештари нашрияҳо ба фурӯши нашрия иктифо мекунанд, ки ин наметавонад истиқлоли иқтисодии онҳоро таъмин кунад.

Ташаккул наёфтани бозори реклама (таблиғоти бозаргонӣ) дар матбӯъоти муъосири тоҷик нишонаи он аст, ки сохторҳои тиҷорӣ нақши онҳоро дар ташаккули афкори умумӣ камранг ё беранг медонанд. Яъне онҳо то ҳанӯз барои истифода аз зарфияташон пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ надоранд.

Аз ҷониби дигар, дар матбӯъоти мо мушкили ҳирфаӣ будан ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад. Пеш аз ҳама, риъоят нашудани усули ахлоқи рӯзноманигорӣ ва ё ба назари эътибор нагирифтани онҳо, сатҳи матлабҳои матбӯъотиро хеле пойин бурдааст.

Дар шароите, ки пешаи рӯзноманигорӣ чун як низоми тиҷорӣ рӯз то рӯз мавқеъи бештар пайдо мекунад ва сифати мол аз нигоҳи касбӣ ё ҳирфаӣ ҷавобгӯйи талаботи бозор нест, таъсири манфии ин дар имиҷ ва рушди матбӯъот мерасад.

Бар асари камбуди дастмузд, ҷалб нашудани кодрҳои бомаҳорат бӯҳрони кодриро дар матбӯъот ба вуҷуд меорад. Яъне аксари нашрияҳои Тоҷикистон аз 5 корманди доимӣ бештар надоранд. Ин имкон намедиҳад, ки матлабҳои муаллифӣ ва ё мавқеъи худи идораи нашрия дар бораи мушкилоти ҷомеъа мушаххас гардад.

Яъне аз нигоҳи ақлонӣ ва иқтисодӣ матбӯъоти муъосири Тоҷикистон зарфиятҳои муҳиммеро дар ихтиёр надорад. Чунин мушкилот имкони амалӣ сохтани ҳадафҳои матбӯъотро чун як ниҳоди иҷтимоъӣ ё сиёсӣ душвор мегардонад.

[b]Матбӯъоти тоҷик ва қудрати сиёсӣ[/b]

Асоситарин унсури таъйинкунандаи равобити матбӯъот ба қудрати сиёсӣ масъалаи озодии сухан ё озодии матбӯъот мебошад.

Дар Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ озодии матбӯъот вуҷуд дорад. Қонуни асосӣ ва Қонун \»Дар бораи матбӯъот ва дигар ВАО (расонаҳо)\» заминаҳои ҳуқуқии озодии баёнро фароҳам сохтаанд. Яъне сонсури давлатӣ вуҷуд надорад. Аммо муносибати матбӯъот бо қудрати сиёсӣ ва ё ҳукумати иҷроия танҳо аз ҳамин нигоҳ арзёбӣ намешавад.

Пеш аз ҳама, назарияи озодии матбӯъот озодии онро аз ҳокимияти иҷроия дар мадди назар дорад. Дар Тоҷикистон ҳарчанд матбӯъоти мустақил вуҷуд дорад, дар баробари ин ҳокимияти иҷроия низ матбӯъоти худро дорад ва ҳатто матбӯъоти давлатӣ имтиёзҳои бештареро нисбатан доро мебошанд.

Масалан, обунаи (иштироки) ҳатмӣ дар онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дастрасии бидуни мамонеъати онҳо ба сарчашмаҳои иттилоъ ва аз ҳисоби будҷеи давлатӣ фаъъолият кардани онҳо.

Мавҷудияти ин авомил муносибати матбӯъоти мустақилро ба қудрати сиёсӣ ғайримустақим мекунад. Пеш аз ҳама, ҳокимияти иҷроия ва ё мақомоти давлатӣ муносибати худро аз роҳи матбӯъоти давлатӣ бо матбӯъоти мустақил муъайян менамоянд.

Яъне ҳокимият ё қудрати сиёсӣ худро масъули вокуниш ба матлабҳои таҳлиливу танқидии матбӯъот ё дигар воситаҳои иттилоърасонии умумӣ ҳисоб намекунад, балки матбӯъоти давлатиро чун як шохаи таҳти кунтрулаш дар ин радиф масъул медонад. Ин шакли муносибат иртиботи матбӯъотро ба қудрати сиёсӣ хеле заъиф менамояд.

Дуруст ва мантиқӣ мешавад, агар матбӯъоти давлатӣ на дар хидмати мансабдорон, балки дар хидмати худи давлат қарор бигирад. Яъне ин пиндор, ки дар матбӯъоти давлатӣ вазирону дигар мансабдоронро танқид кардан мумкин нест, бояд аз тафаккури ходимони матбӯъоти давлатӣ берун шавад.

Ин пиндор агар аз матбӯъоти давлатии мо берун шавад, фикр мекунем, нуфузи онҳо дар баробари касбият, фаъъолияти муътадил ва дигар дастовардҳои арзандае, ки доранд, баландтар мешавад.

Аз ин нигоҳ, гуфтан мумкин аст, ки ду намуди иртиботи матбӯъот бо қудрати сиёсӣ ё ҳокимияти иҷроия вуҷуд дорад: Якум, матбӯъот ҳамчун институти (ниҳоди) иҷтимоъии баробарвазни ҳокимият, ки масъулиятро аз роҳи фош кардани навоқиси низоми идорӣ ва камбудиҳо болои ҳокимияти иҷроия бор мекунад; Дувум, матбӯъот ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, ки бештар барои дастгирии иттилоъотӣ ё ташвиқи хостаҳои ҳокимияти иҷроия хидмат мерасонад.

Аммо дар як соли ахир ҳокимияти иҷроия дар Тоҷикистон барои ташаккули матбӯъот ва афзудани таъсири он дар ҷомеъа иқдомоти аҷиберо амалӣ кард, ки ин робитаи матбӯъотро бо қудрати сиёсӣ наздиктар намуд. Мисоли барҷастааш фармони 622-и Президент Раҳмон ва таъйини баргузор кардани нишастҳои матбӯъотии мақомоти давлатӣ барои рӯзноманигорон аст.

Аз тарафи дигар, матбӯъоти мустақил низ аз зарфиятҳои худ барои иртиботи мустақим бо қудрати сиёсӣ истифода мекунад. Пеш аз ҳама, матбӯъоти мустақил дар ду маврид аз мавқеъи ҳукумати кишвар бамаврид дифоъ намуд. Якум, дар масъалаи муносибати Русия ва кишварҳои дигари ҳамсоя, аз қабили Узбакистон, бо дурнамои тавсеъаи арсаи энержӣ дар Тоҷикистон.

Барои аввалин бор ҳафтаномаи \»Миллат\» дар соли 2006 ин баҳсро ба миён гузошт, ки нерӯгоҳи \»Роғун\» бояд бо сармояи Тоҷикистон сохта шавад ва ҳамчун моликияти кишвар боқӣ бимонад. Дар ҳамон шабу рӯз ин амрро бархе аз соҳибназарон мавзеъгирии нодурусти нашрия шарҳ доданд ва аммо имрӯз собит шуд, ки он як назари дуруст будааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расид ва ин идеяи матбӯъотро дастгирӣ кард ва тарҳи ин нерӯгоҳро моликияти истисноии давлат эълом намуд.

Мисоли дигар, матбӯъоти Тоҷикистон мавзеъгирии Русия баъд аз сафари раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев дар соли 2010 ба Тошкандро мавриди интиқод қарор дод, ки ин як навъ ҳимояти мустақим аз манфиъатҳои миллии мо буд.

Мавриди дигар ҳимояти огоҳона ва бамавқеъи матбӯъоти Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи \»Роғун\» ва баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин, матбӯъот дар баҳси маъруф ба \»қазияи халабонҳо\» усулан аз мавзеъи ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон ҳимоят кард.

Ба назари мо, ин робитаи матбӯъотро бо қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон наздиктар мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо худи ҳокимияти иҷроия матбӯъотро ба сифати як ҳамкор ё қудрат эътироф мекунад?

[b]Нақши матбӯъот дар ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеъа[/b]

Таъсири мустақим дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ва мавзеъгирии шаҳрвандони кишвар, фаъъол сохтани ҷомеъа ва дарёфти имконоти дохилаи он аз рисолатҳои матбӯъот бояд бошанд. Матбӯъот дар ҷомеъаи демукротик бояд аз ин имконоташ истифода кунад. Дар мисоли Тоҷикистон ин зарфият то куҷо истифода мешавад, мавзӯъи хеле баҳсбарангезест.

Хоҳу нохоҳ нақши матбӯъот дар ба вуҷуд овардани иртиботи сиёсӣ беназир аст. Матбӯъот ҳамчун ташаккулдиҳандаи шуъури сиёсии мардум ва ё шахс ҳамин имконро дар ихтиёр дорад. Аммо ба сабаби вуҷуди чанд мушкил, ки дар боло зикр шуд, таъсири имрӯзии матбӯъоти тоҷик дар маҷмӯъ дар фарҳанги сиёсии мардум камтар эҳсос мешавад.

Пеш аз ҳама, ин чанд сабаб дорад. Аввал ин ки майли мардум ба рӯзномаҳо камтар мебошад. Яъне шумораи мардуми рӯзномахон хеле кам аст ва ин таъсири онро камранг мегардонад.

Аз ҷониби дигар, барои бедор кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ матбӯъоти мо бояд аз шигардҳои гуногун истифода кунад. Дар сурати анҷом дода натавонистани ин нақш, онҳо дар мавзеъгириҳои шаҳрвандии мардум камтар таъсир мегузорад.

Агар матбӯъот тавонад, ки ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсиии аҳолиро ба сӯйи беҳбудӣ тавсеъа бахшад ва шуъури сиёсии онҳоро ташаккул диҳад, пас мардум аз роҳи фарҳанги сиёсӣ ҳокимияти иҷроия ва сохторҳои дигари ҷомеъаро ба фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ \»маҷбур\» менамоянд ё ҳукумат бо таваҷҷуҳ ба дараҷаи бедории сиёсии мардум масъулияти худро бештар эҳсос ва иҷро мекунад.

[b]Робитаи матбӯъот бо сиёсати воқеъӣ[/b]

Сатҳи муносибатҳои кунунии сохторҳои давлатӣ бо матбӯъот чӣ гуна аст? То чӣ андоза онҳо аз рисолати ҳамдигар бохабаранд ва то чӣ андоза ба ҳам таъсир мерасонанд? Инъикоси воқеъияти сиёсӣ дар матбӯъот чӣ гуна сурат мегирад? Ин пурсишҳо бояд суолҳое бошанд, ки ҳар нашрияи муддаъии миллӣ будан бояд ба онҳо ҷавоб гӯяд.

Пеш аз ҳама, муносибати сохторҳои давлатӣ бо матбӯъот дар Тоҷикистон ба таври мусбат камтар вуҷуд дорад. Сохторҳои давлатӣ дар симои матбӯъоти мустақил мухолифи худро мебинанд, ки ин шинохти демуротики матбӯъотро зери суол мегузорад.

Албатта, дар ҷаҳони мудерн истиқлоли матбӯъот ба маънии мухолифи давлат будан нест, балки рисолати матбӯъот он аст, ки дар мавриди норасоиҳо ва нодурустиҳои ҳукумат ва ҳар ниҳоди дигари иҷтимоъӣ мавзеъгирӣ кунад. Аммо ҳамин мазеъгириҳоро баъзан сохторҳои давлатӣ ба сифати як навъ мухолифат мепазиранд.

Дар баъзе маврид матбӯъот худро чун мухолифи ин сохторҳо нишон доданӣ мешавад. Дар ҷомеъаи демукротик рисолати матбӯъот дар хидмати мардум будан аст, бояд ҳокимият ва сохторҳои давлатиро маҷбур (бо воситаи анҷом додани рисолати касбӣ) кунад, ки барои иҷрои масъулияташон ба мардум гузориш диҳанд, чун дар ҷомеъаи демукротик ҳокимият дар дасти мардум аст.

Баъзан аз надонистани рисолати якдигар матбӯъот ва сохторҳои давлатӣ бо мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Аз ҷумла, бештари қазияҳои додгоҳӣ миёни матбӯъот ва сохторҳои адвлатӣ аз ҳамин маншаъ мегирад. Сохторҳои давлатӣ дахолати мустақими матбӯъотро дар инъикоси мушкилот ва фош кардани фаъъолияти худ намепазиранд, ки ин хосси ҷомеъае демукротик нест.

Ҷуръати матбӯъоти мо барои инъикоси воқеъияти сиёсӣ бар асоси шароит ва авзоъи сиёсӣ камтар аст. Албатта, дар замоне ки қудрати сиёсӣ дар кораш мушкил дорад, камтар мехоҳад, ки бо матбӯъот ҳамкорӣ кунад. Канорагирии сохторҳои давлатӣ аз ҳамкорӣ бо матбӯъот инъикоси воқеъияти сиёсиро мушкил мекунад.

Аммо ин бад-он маъно нест, ки матбӯъот воқеъияти сиёсиро дар сурати мавҷуд будани шароити \»хуб\» инъикос намояд. Балки бояд матбӯъот усулу роҳҳои қонунии ҷамъоварӣ ва инъикоси воқеъияти сиёсиро коркард ва истифода кунад.

Агар ҳукумати иҷроия ва сохторҳои дигари давлатӣ ба инъикоси воқеъияти сиёсӣ алоқаманд набошанд, пас дар инҷо фосилагирии матбӯъот аз ҳокимият пайдо мешавад, ки на ҳамеша паёмадҳои мусбате ба дунбол дорад. Дар ин маврид матбӯъот барои ошкор кардани камбуду нуқси он роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ мекунад, ки ин масъалаи озодии баёнро зери шубҳа мебарад.

[b]Матбӯъот ва амнияти иттилоъот[/b]

Агар мо матбӯъоти Тоҷикистонро зимни инъикоси масъалаҳои ҷаҳонӣ дар контексти (бофтори) матбӯъоти миллӣ баррасӣ кунем, он чӣ нақше дошта метавонад?

Масъалаи амнияти иттилоъот, ки ҷузъе аз амнияти миллӣ ҳам ҳаст, хеле муҳим аст. Ғолибан таъмини амнияти иттилоъот танҳо вазифа ва рисолати расонаҳо, аз ҷумла матбӯъот нест. Вале бар асоси имконот ва зарфиятҳои табиъие, ки расонаҳо доранд, метавонанд хеле нақши барозанда дар таъмини амнияти миллӣ дошта бошанд.

Дар шароти тезутунд гаштани муносибатҳои ҷаҳонӣ расонаҳо, бахусус матбӯъот, ба таври дигар вазифа доранд, ки моро аз таҷовузи иттилоъотӣ ҳифз намоянд. Расонаҳои давлатӣ ҳамчун ҳамоҳангсози сиёсати иттилоъотии давлат бояд ин масъулиятро бештар иҷро кунанд.

Аммо бо вуҷуди доштани шумораи зиёди расонаҳо ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъро аз сарчашмаҳои дигар — расонаҳои хориҷӣ суроғ мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки маҳсулоти расонаҳои дохилӣ ба бозор ба талаботи харидор ҷавобгӯй нестанд. Сифати ин маҳсулот дар бозори иттилоъотӣ таъсири манфӣ мерасонад ва амнияти миллиро таҳдид мекунад.

Матбӯъоти миллӣ ҳамчун низоми асосии ҳимояткунандаи амнияти иттилоъотӣ, арзишҳои миллӣ, асосҳои давлати миллӣ ва манфиъатҳои миллӣ бояд амал кунад. Яъне, пеш аз ҳама, кормандони матбӯъот арзишҳои миллӣ ва манфиъатҳои миллиро бояд шиносанд.

Дар сурати шинохта натвонистани онҳо, масъалаи амнияти миллӣ ва ҳимоят аз манфиъатҳои миллӣ зери суол қарор мегирад. Барои ин, албатта, фароҳам кардани шароити мусоъид лозим аст. Бояд низоми сиёсӣ барои нақши матбӯъот дар пешрафту устувории давлатдории миллӣ имкон фароҳам оварад.

Низоми сиёсии Тоҷикистон аз нигоҳи қонун шароити демукротики фаъъолияти матбӯъотро таъмин менамояд, аммо воқеъият нишон медиҳад, ки унсурҳои дигари системи сиёсии ҷомеъа, пеш аз ҳама мақомоти давлатӣ, аз рушди матбӯъот дар баъзе мавридҳо монеъ мешаванд.

Мисоли барҷастааш дар чанд соли ахир ба додгоҳ кашидани нашрияҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ аст. Шароити ғайрирасмии монеъшавии унсурҳои системи сиёсӣ низ дида мешавад. Ҳамаи ин фаъъолияти матбӯъот мухтал месозад ва матбӯъот наметавонад ҳамчун ниҳоди иҷтимоъию сиёсӣ таъсири бештаре дар ҷомеъа дошта бошад.

Вақте ки матбӯъот аз ҷониби унсурҳои системи сиёсӣ эътибор ё эътирофро эҳсос намекунад ва мақомоти давлатӣ дар симои матбӯъот як шарики худ ва асоситарин унсури ҷомеъаи шаҳрвандиро намебинанд, пас ин тарзи муносибат барои амнияти иттилоъотӣ ва дар маҷмӯъ, барои амнияти миллиии кишвар хатар дорад.

Ба назари ман, бояд ҳукумати кишвар барои таъмини амнияти иттилоъотӣ барои матбӯъот шароити хубтари фаъъолият фароҳам кунад. Хусусан дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамкории танготанги мақомоти давлатӣ ва матбӯъот ба роҳ монда шавад. Яъне дар ин гуна маворид на матбӯъот ба суроғи мақомоти давлатӣ барои дарёфти иттилоъ бираванд, балки бояд мақомот бештар ҳавасманд бошанд, ки дар ихтиёри расонаҳо иттилоъоти зарурӣ ва ба нафъи амнияти миллиро бигузоранд.

Ин шакли фаъъолият таноқузи иттилоъотиро дар баробари расонаҳои хориҷӣ то андозае аз байн мебарад. Ҳамчунин, барои роҳандозии шаклҳои дигари ҳамкории муассири матбӯъот бо ҳукумати иҷроия аз таҷрубаи кишварҳои дигар низ бояд истифода шавад (ба мисли кумакҳои молӣ), ки ин ҳам барои таъмини амнияти иттилоъотӣ метавонад заминаро фароҳам намояд.

Хулоса, масъалаҳои марбут ба муносибати матбӯъот бо низоми сиёсӣ зиёданд, хусусан дар ҷомеъаҳои пасоистеъморӣ. Вуҷуди чунин муъаммоҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки аз тагнойи идеулужии яккатози шӯравӣ берун омадааст, бебаҳс аст ва мояи нигаронии амиқ намебошад.

Аммо шинохт, эътироф ва ҳалли ин муъаммоҳо масъалаи бисёр муҳиммест, ки бояд дар низоми сиёсӣ ва ҳокимият мавриди баррасӣ қарор бигирад. Яъне бояд ба ин тафаккур бирасем, ки матбӯъот, хусусан матбӯъоти мустақил, душмани ҳукумат нест ва набояд бошад.

Балки рисолати матбӯъот ин аст, ки ҷомеъаро аз нуқсон ва хатокориҳои низоми сиёсӣ огоҳ кунад ва ҳамзамон матбӯъот рисолат дорад, ки дар мавридҳои дастёбии давлат ба муваффақиятҳое аз он ҳам самимона истиқбол кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120316_ea_is_press_politics.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *