Ассоссиатсияи журналистии «Медиа-Алянси Тоҷикистон» ба даъвати НАНСМИТ (АМВАОМТ) барои кӯмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ҳамраҳ гардида, ҷамъулҷамъ ба оилаи вай 1050 сомонӣ кӯмак намуд. Дар ин маврид, дабири кулли МАТ Хуршед Ниёзов иттилоъ дод:
«Субҳи имрӯз 600 сомонии дигар барои интиқол ба оилаи Исмоилов аз ҳисоби аъзои МАТ ҷамъоварӣ гардид. Пештар аз ин ҳафтаномаи «Фараж», ки аз аъзои фаъоли МАТ аст, 250 сомонӣ ба ҳамсари журналист расонид ва 200 сомонии дигар хабарнигори он Раҳима Аъзамзода дар ин маърака саҳмгузорӣ намуд. Маблағи умумии ҷамъовардашуда 1050 сомониро ташкил медиҳад», — зикр намуд Хуршед Ниёзов.
Бояд гуфт, ки МАТ аз созмонҳои фаъоли журналистии кишвар буда, воситахои ахбори оммаи маъруферо мисоли ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ)», родиёи «Ватан», хабаргузории «Авасто», ТҶ «Даст ба даст», нашрияҳои «Фараж», «Бизнес и политика», «Факты и коментарии», «Вечёрка», «Курьер Таджикистана», «Ману ту» ва журналистони алоҳидаро дарбар мегирад.
Ёдрас менамоем, ки Маҳмадюсуф Исмоилов хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар вилояти Суғд ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани адовати маҳаллӣ муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 баъди нашри маводи танқидидаш нисбати мансабдорони ноҳия боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд мебошад.
Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.