Масъулини ҳафтаномаи «Нигоҳ» «ихтисор шудан»-и матлабҳои шумораи навбатиро шарҳ доданд

[b]Ин ҳафта мутаассифона аз гӯшаи «Мангар, ки кӣ мегӯяд»-и ҳафтанома, ки 7 ҷузъи ахборӣ-фароғатиро дар бар мегирад, 3 ҷузъи он ғайб задааст,- гуфт дар сӯҳбат бо TojNews муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Нигоҳ» Эраҷи Амон.[/b]

Дар мавриди сабабҳои пеш омадани ин мушкил мавсуф зикр намуд: «Ростӣ, мо алҳол сабабҳои пурра нашр нашудани матлабҳои саҳифаи 16-и ҳафтаномаро намедонем. Дар нашриёти «Шарқи озод»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки масъулияти чопи ҳафтаномаро ба ӯҳда дорад, вазъи ба амал омадаро «сабабҳои техникӣ» гуфта шарҳ медиҳанд. Гурӯҳи кории идораи нашрия дар ҳоли ҳозир ба омӯзиши қазия пардохтааст ва рӯзҳои наздик сабабҳои аслии он ошкор хоҳанд шуд. Мутаассифона, ин бори аввал нест, ки ҳангоми чопи нашрия дар нашриёти «Шарқи озод» матлабҳои алоҳида бо сабабҳои техникӣ ихтисор мешаванд».

Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии «Нигоҳ» мутааллиқ ба созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» буда, аз 14-уми декабри соли 2006 ба нашр мерасад.

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16328&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *