14 августи соли 2014 аз соати 20.00 то соати 21.00 дар барномаи мустақими ҳуқуқии «Инсон ва қонун» тариқи эфири Телевизиони «Пойтахт» машварати ҳуқуқӣ барои бинандагони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Ёвон ва Файзобод дар мавзӯи «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд» гузаронида шуд.
Суди шаҳри Душанбе Гулнисо Хушвахтова, прокурори ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Умед Раҳматшо ва ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва ВАО-и шаҳри Душанбе Зулфиддин Муъминҷонов дар бораи мавзӯи интихобшуда андешаҳои худро кӯтоҳ баён намуданд. Сипас ба саволҳое, ки тариқи телефон ва почтаи электронӣ вобаста ба мавзӯъ ва берун аз он ба студия ворид мешуданд, иштирокчиёни барномаи мустақими телевизионӣ ҷавоб гуфтанд.
Г.Шарифова — сокини ш.Душанбе: Сабаб чист, ки озодии сухан мегӯянду вақте, ки сухани ҳақро мегӯи дар газета чоп намекунанд ва ё дар телевизион нишон намедиҳанд?
Ҷавоб: Вобаста ба талаботи моддаи 30-и Сарқонуни Тоҷикистон «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». Вале ин маънои онро надорад, ки чизе хоҳем озодии сухан гуфта дар воситаҳои ахбори омма баён намоем. Сухане, ки шумо ҳақ мешумореду онро воситаҳои ахбори омма чоп ва ё нишон надодаанд вобаста ба он аст, ки он чӣ аст ва чи хел баён шудааст. Агар танқид дар асоси факту рақам бошад онро ВАО вазифадор аст, ки чоп намояд. Аммо танқид нею таҳқир ва ё тӯҳмат бошад, онро бе санҷиш ВАО ҳуқуқи чоп ва ё нишон доданро надоранд.Чунки ҳуқуқи шахси дигар поймол мегардад.
Олимов Зубайд сокини пойтахт: Оё роҳбари корхона ҳуқуқи беасос аз кор пеш карданро дорад?
Ҷавоб: Мувофиқи талаботи Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда ва махсусан Кодекси меҳнати ҶТ ягон роҳбари корхона ҳуқуқи беасос коргарро аз корхона пеш карданро надорад. Дар ҳолати рух додани ин ҳолат шумо метавонед ба мақомоти прокуратура ва ё суд бо ариза муроҷиат намоед, то ҳуқуқи шумо аз нав барқарор карда шавад.
Шавкат Комилов, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор: Шаҳрванд чи гуна ҳуқуқи гирифтани иттилоотро дорад?
Ҷавоб: Мувофиқ ба талаботи моддаи 23-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилот ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.
Холова Баҳринисо, журналисти мустақил аз шаҳри Душанбе. Саволҳо тариқи почтаи электронӣ: Саволи 1. Кадом асарҳо ба объекти ҳуқуқи муаллиф дохил намешаванд?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи моддаи 7-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» чунин асарҳо ба объекти ҳуқуқи муаллиф дохил намешаванд:
1. Асноди расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, дигар матнҳои дорои хислати қонунӣ, маъмурӣ ва судӣ), ҳамчунин тарҷумаи расмии онҳо;
2.Рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ (Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, орденҳо, пули миллӣ ва нишонаҳои дигари давлатӣ);
3. Хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд;
4. Асарҳои эҷодиёти халқ.
Саволи 2. Субъекти ҳуқуқи муаллиф чист?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи моддаи 8-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» субъекти ҳуқуқи муаллиф худи муаллиф мебошад. Муаллиф шахсест, ки ҳангоми интишори асар номи ӯ ҳамчун муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дасхат ё дар нусхаи аслии асари санъат қайд гардидааст.
Имомбердиева Ш. сокини ноҳияи И.Сомонӣ. Ба кадом намуди моликият дар ҶТ афзалият дода шудааст?
Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 12-и Конститутсияи ҶТ асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Яъне ба ягон намуди моликият дар ҶТ афзалият дода нашудааст ва тамоми намудҳои моликият як хел кафолати давлатӣ доранд.